Сокинони чанд маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро кӯчондаанд, то зери сел намонанд. АКС.ВИДЕО

Баъзе аз сокинони чаҳор маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро, ки дар наздикии дарёи Элок ҳастанд, ба ҷойҳои амн кӯчондаанд, то дар зери сел намонанд. Борони сахти рӯзи 24-уми апрел боис ба боло рафтани сатҳи оби дарёи Элок шуд.

Фазлиддин Назарзода, сардори идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз занону кӯдаконро дар мактабу масҷид ҷойгир кардаанд. Баъзеи дигар, ба гуфтаи ӯ, ба хонаи наздикон дар маҳаллаҳои дигар рафтаанд. "Ҳоло сатҳи об нисбатан паст шудааст ва кормандони мо талош доранд, ки аз хатари сел пешгирӣ намоянд", - афзуд ӯ.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбе бо азобе худро ба маҳаллаҳои Шафақ, Комсомол, Адолат ва Румии ноҳияи Рӯдакӣ расонданд.

Сокинони ин чаҳор маҳалла гуфтанд, баландии об дар рӯи ҳавлии онҳо то як метр расидааст ва ҳоло дар фикри онанд, ки чӣ кор кунанд ва ба куҷо раванд. Бархеи онҳо гуфтанд, чорво ва ҷиҳози зарурии худро ба хонаи хешу табор дар маҳаллаҳои дигар фиристоданд.

10 акс аз селхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Қобилҷон Сафаров, сокини маҳаллаи Комсомол, гуфт, "ду сол пеш ҳамин хел сел омада буд. Мо дар болои бом хоб рафта будем. Ҳоло дар ташвиш ҳастем. Чорвоҳоро ба хонаи наздикон бурдем ва имсол ҳам таваккалӣ дар болои бом хоб меравем."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони чанд маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро кӯчондаанд, то зери сел намонанд

Дар пайи борони шадид ва хатари омадани сел, бархе аз сокинон назди дарвозаю атрофи хонаҳои худро бо сангу шағал баланд кардаанд, то сел нагузарад. Садбарг, сокини ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, овозаи хатари сел ӯро ғарқи андеша намудааст, ки шабро дар хонаи худ рӯз кунад ё ба манзили наздикон ба Душанбе равад.

"Бубинед, ҳамсояҳо бо мошинҳои калон сангу хок оварда, дар пеши дарвозаҳояшон рехтанд. Гуфтанд, ки имшаб сел меояд. Ман чунин имкон надорам", - гуфт ӯ.

Мақомот ба сокинони ин чаҳор маҳалла ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки то замони бартараф шудани хатари омадани сел кӯдакони худро ба мактаб нафиристанд.

Иброҳим Ҳасанов, раиси маҳаллаи Комсомол дар ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, танҳо дар маҳаллаи онҳо тақрибан се ҳазор нафар зиндагӣ мекунад ва ду рӯз боз мардумро аз омадани сел огоҳ мекунанд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, ҳар сол дар айёми баҳор ва оғози гармӣ бо чунин вазъ рӯбарӯянд ва аз мақомот хостанд, барои кӯчидани онҳо ба ҷойи нисбатан амн замин ҷудо кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то охири моҳи апрел хатари боронҳои сел ва тарма дар гӯшаҳои кишвар зиёд мемонад. Дар се моҳи охир дар Тоҷикистон 500 фалокати табиӣ мушоҳида шудааст ва аз ин миён 12 селу тарма ба мардум ва иқтисоди кишвар зиён расондаанд. Охири ҳафтаи гузашат сел дар ноҳияи Турсунзода як навраси 16-соларо қурбон кард.