Эмомалӣ Раҳмон. Ситоиш аз рушди Чин ва дархости густариши равобит

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Чинро шарики калиди иқтисодиёти Тоҷикистон ном бурдааст. Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ гуфт, ҳаҷми сармояи Чин дар иқтисодиёти Тоҷикистон аз марзи 2,5 миллиард убур кардааст.

Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо расонаҳои чинӣ, аз ҷумла шабакаи телевизиони CCTV, хабаргузории "Синхуа" ва нашрияи "Женмин Жибао" охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт. Хабаргузории "Синхуа" баъзе аз бахшҳои ин мусоҳибаро рӯзи 20-уми апрел интишор кард.

Ситоиш аз рушди Чин дар солҳои охир

Дар ин гуфтугӯ раисиҷумҳури Тоҷикистон аз рушди Чин ситоиш карда, гуфтааст, "ҳар бор ки ба Чин сафар кунам, аз пешрафтҳои азими он, ки дар солҳои охир ба даст овардааст, ба ваҷд меоям. Мардуми Чин дар ҷодаи ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳам навсозӣ ба дастовардҳои нав ба нав ноил мешаванд," -гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо расонаҳои ахбори оми Чин.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон 644,5 миллион доллар сармоя ворид шудааст, ки беш аз нисфи он сармояи Чин мебошад.

"Чин аз лиҳози нишондиҳандаҳои Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ пешгоми ҷаҳон аст. Дар 40 соли ислоҳот суръати миёнаи рушди он дар сатҳи 9,5 дарсад нигоҳ дошта шудааст. Ҷойгоҳи ин кишвар дар рушди саноатӣ, ранорангии содирот, ҳосилнокии кишоварзӣ ба маротиб беҳтар шудаанд". -- гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки зимни заҳмати азими мардумаш ва раҳбарияти он Чин ба "марҳилаи сифатан нави рушди худ" ворид гашта, эътибори он дар арсаҳои байнулмилал ва минтақа рӯ ба афзоиш дорад.

Ба навиштаи хабаргузории “Синхуа”, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми бузурги сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ва интизориаш аз Форуми дуюми “Як камарбанд -- як роҳ” суҳбат кардааст.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, феълан дар кишвараш наздики 350 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд. Ҷаноби Раҳмон инчунин гуфтааст, соли гузашта ҳаҷми тиҷорати кишвараш бо Чин даҳ дарсад афзоиш ёфт, аммо, ба гуфтаи ӯ, ин рақам ҷавобгӯи имкониятҳои ҳарду кишвар нест.

"Барои ҳамин моро зарур аст ҳар як имкони афзоиши ҳаҷми додугирифтро самаранок истифода барем",-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон. Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки солҳои ахир соҳибкорони тоҷик барои ворид шудан ба бозори Чин таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони чинӣ, инчунин дар бораи Форуми дуюми ташаббуси "Як камарбанд-як роҳ" суҳбат карда, гуфтааст, кишвараш аз ин нишаст интизории муҳим дорад. Ин форум аст, қарор аст аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле Чинро шарики калидии иқтисоди Тоҷикистон мебарад, ки қаблан созмонҳои ҷаҳонӣ Пекинро ягона манбаи рушди иқтисоди Тоҷикистон ном бурда буданд. Бонки Авроосиёии Рушд дар гузориши худ, ки соли 2017 нашр шуд, гуфта буд, сармоягузориҳои Чин то соли 2020 ягона манбаи рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд.

Муаллифони ин гузориш навишта буданд, дар пасманзари коҳиши интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз хориҷа, ки дар соли гузашта 54 дарсад кам шуд, ягона нерӯи пешбарандаи иқтисоди Тоҷикистон метавонад сармоягузориҳои Чин бошад.

"Президент аз ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар гуфт"

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони чинӣ инчунин аз ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ба гуфтаи ӯ ҳадаф аз он беҳтар кардани вазъи тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон барои истифодаи комили имкониятҳои дохилиаш омода аст ба таври фаъол ҳамкориҳояшро бо ҳамсояҳо, дӯстон ва шарикон ва дар навбати аввал бо Чин рушд диҳад ва мустаҳкам кунад.

Ин ҳарфи раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи он садо медиҳад, ки солҳои ахир баъзе доираҳо аз бад шудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар нигаронӣ мекунанд.

Аз ҷумла Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ду ҳафта қабл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шароити сармогузорӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда буд. "Дар шароити феълии иқтисодӣ Тоҷикистон набояд ба афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ умед бандад",-гуфта буд Фролов.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон 644,5 миллион доллар сармоя ворид шудааст, ки беш аз нисфи он сармояи Чин мебошад.

Дар рӯзи нашри мусоҳибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон як ширкати давлатии Чин эълон кард, ки бо корхонаи "Талко"-и Тоҷикистон барои навсозии он шартномаи 545-миллиондолларӣ бастааст ва ҳадафаш "афзоиши истеҳсоли алюминий аст".

Президенти Тоҷикистон бори дувум аст, ба расонаҳои ҳамагонии Чин мусоҳиба медиҳад. Дар гузашта ӯ чунин мусоҳибаро ба расонаҳои фаросавӣ низ додааст. Аммо ин гуна мусоҳибаи ӯ бо рӯзноманигорони тоҷик, бо вуҷуди дархостҳои зиёд, ягон дафъа баргузор нагаштааст, ба истиснои як дидори бидуни микрофон.