Доҳлан Ал-Ҳамад аз Қатар дигарбора президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё (Asian Athletics Association) интихоб гардид. Дар ин бора сомонаи расмии ААА хабар додааст.
Доҳлан Ал-Ҳамад ба ин вазифа дар Конгресси XXIII ин созмони қитъавӣ, ки 20-уми апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук доир гардид, интихоб шуд. Ӯ вазифаи президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиёро дар давраи солҳои 2019 – 2023 ба зимма хоҳад дошт.
Дар Конгресси Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё (ААА) намояндагони ҳамаи 45 федератсияи миллӣ, ки ба ҳайати ин созмон дохиланд, ширкат варзиданд. Вакилони конгресс, инчунин ноибони президент, аъзои Шӯро, аъзои кумитаи иҷроия ва комиссиюнҳои Ассотсиатсияро интихоб намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин конгресс гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1992 дар Барселонаи Испания, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (солҳои 1993 ва 1995) ва қаҳрамони Осиё дар соли 1998, ки дар Узбекистон ба сар мебарад ва феълан президенти Федератсияи варзиши сабуки ин кишвар мебошад, яке аз ноибони президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардид.
Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров бошад, раиси Комиссиюни варзишгарони ААА ва президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Инчунин ба ин гурзандози маъруфи тоҷик, ки қаҳрамони олимпӣ ва қаҳрамони чаҳоркаратаи Осиё мебошад, ҷоизаи “Беҳтарин гурзандози Осиё” тақдим гардид.
Ҳамакнун Дилшод Назаров дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки рӯзи якшанбеи 21-уми апрел дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа – шуруъ шуд, ширкат меварзад.
Ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳудуди 1000 варзишгар аз 45 кишвари қора ширкат дорад. Варзишгарон аз рӯи 21 навъи варзиши сабук миёни мардону занон, инчунин эстафетаи омехта, ки бори аввал ба барномаи ин мусобиқоти қитъавӣ ворид шудааст, рақобат мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба ҷуз Дилшод Назаров (гурзандозӣ), инчунин Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшоҳ Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пулотов (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр) дохиланд.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров моҳи июли соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир гардид, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.
Қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров чаҳор бор (солҳои 2009, 2013, 2015 ва 2017) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.