Абдуфаттоҳ ва Саидҷалолиддин Табаров, ду писари Амриддин Табаров, раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” соли 2009 аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дастгир шуда, то замони истирдод ба Тоҷикистон дар зиндони Багроми Афғонистон нигоҳдорӣ мешуданд. Саидҷалолиддин Табаров охири соли 2018 ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, истирдоди писари дуюми Амриддин Табаров "бино ба мушкил дар санадҳояш тӯл кашид".
"Онҳо террорист буданд ё набуданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Мо дар қазияи онҳо бетараф набудем. Чанд сол аз давраи ҷазояшон гузашта буд, вале дар зиндон буданд. Санадҳояшро дуруст кардем ва ба Тоҷикистон равон кардем. Дигар мақомоту додгоҳи мо тасмим мегиранд, ки нисбат ба онҳо чӣ чора бинанд", - гуфт Имомов.
Ба қавли сафир, истирдоди афроди муттаҳам ба терроризм ва ифротгароӣ, ки дар Афғонистон дастгир шудаанд, бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ сурат мегирад.
Ба қавли дипломати тоҷик, Афғонистон соли гузашта 40 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои тундрав боздошт шудаанд, ба Тоҷикистон додаанд. "Дар миёни онҳо занону мардон ва кӯдакон низ буданд”, - гуфт Шарофиддин Имомов.
Дар бораи сарнавишти фарзандони Амриддин Табаров, соли 2016 нахуст рӯзномаи "Вашингтон Пост” навишт. Дар он замон нашрия навишт, ки бар асоси қонун мӯҳлати нигаҳдории фарзандони раҳбари “Ансоруллоҳ” дар зиндони Багром тамом шудааст, вале онҳо намехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рӯйхати сиёҳи Бонки Миллӣ: "Бо инҳо... муомила накунед". САДОФарзандони Амриддин Табаровро соли 2009 нерӯҳои амниятии Амрико бо иттиҳоми иртибот бо гуруҳҳои ифротӣ дастгир карда ва дар зиндони Багром нигаҳ доштаанд. Баъди 6 соли нигаҳдорӣ бидуни муҳокима додгоҳи Афғонистон онҳоро моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Афғонистон ба 3 соли зиндон маҳкум кард.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони ин бародарон натиҷа надод.
Бино ба гузоришҳо, Саидҷалолиддин ва Абдуфаттоҳ аз Тоҷикистон ба Эрон рафта, дар мадрасаи динӣ таҳсил кардаанд ва баъдан вориди Афғонистон шудаанд. Ҳадафи вуруди онҳо ба Афғонистон маълум нест, вале падари онҳо дар гузашта таҳдид карда буд, ки барои “ҷиҳод” ба Тоҷикистон бармегардад.
Амриддин Табаров зодаи рустои Ғуломони ноҳияи Нуробод буда, баъди имзои созишномаи сулҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргашт, аммо дертар ҳамроҳ бо аъзои Ҳаракати исломии Узбекистон дубора ба Афғонистон рафт.
Баъди оғози амалиёт ба зидди Толибон, пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Андозаи хатари "Ансоруллоҳ” ва ДОИШ дар Тоҷикистон“Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки Амриддин Табаров раҳбарӣ мекард, як гурӯҳи тундрав ва бархоста аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон аст. Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз рӯзҳои аввали ҳузураш дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон наздикӣ дошт.
"Он ҳоло аксаран дар шимоли Афғонистон фаъолият мекунад ва зидди ҳукумати қонунӣ як қатор амалиёт гузаронд. Онҳо ба ҷуз аз ин мувофиқи хабарҳои ғайрирасмӣ чанд маркази таълиму тамрин доранд", - гуфт коршинос.
Амриддин Табаров, ки аҳёнан дар наворҳои видеоии таблиғотӣ дида мешуд, ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2016 ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли 2012 "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро террористӣ эълон кард. Аз соли 2013 то кунун даҳҳо нафар бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин созмонро аз ҷумла масъули ҳамла ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тирамоҳи соли 2010 медонанд. Дар натиҷаи ин ҳамла 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуд.