"Аз мурдаҳо талаби хушбахтӣ, ҳамсар ва фарзанд мекунанд"

Чаҳоршанбеҳо аз рӯзҳои вижаи он тоифа аз мардум аст, ки ба ин маконҳо на танҳо барои сайёҳат, балки барои хайру садақа ва талаби хушбахтӣ ва амалӣ шудани орзуҳои худ мераванд.

Да Хатлон беш аз 100 мазору оромгоҳҳои шахсиятҳои исломӣ мавҷуд аст, ки маъруфтарини онҳо мазори Зайнуллобиддин дар ноҳияи Дӯстӣ, Чилучорчашма дар ноҳияи Носири Хусрав ва Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус мебошад.

Ганҷинаи 31-сола, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба зиёратгоҳи Чилучорчашма воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус омадааст. Ҳамсолони ӯ баъд аз хатми мактаби миёна шавҳар карданд ва соҳиби хонаву фарзанд шуданд, вале касе дари онҳоро накӯфт ва бахт ҳам то ҳанӯз ба рӯяш нахандидааст.

Мегӯяд, ба мазору қадамҷои афроди муътабари исломӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо зиёданд, муътақид аст ва борар дорад, ки рӯзе хушбахт мешавад ва ба ин хотир, онҳоро зиёрат мекунаду кулчаи "худоӣ" тақсим мекунад. "Барои хушбахтӣ меоям, талаби хушбахтӣ мекунам, дуо мекунам, ки бахт бинаму зиндагии хуб насибам шавад",-мегӯяд Ганҷина.

Оромгоҳи Зайнулобиддин, дар ноҳияи Дӯстӣ воқеъ дар 160-километрии ҷануби Душанбе низ рӯзҳои чаҳоршанбе серодам мешавад. Зоирон аксаран онҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ хостаҳои худро доранд ва бар ин боваранд, ки дуои талаби фарзанд аз мазори шахсиятҳои мӯътабар, орзуҳои онҳоро амалӣ месозад.

Зиёратшоҳ баъди зиёрат?

Дар зиёратгоҳҳои шаҳру навоҳии Хатлон афроде мушоҳида мешавад, ки дар баробари зиёрат, талаби худро аз мазору оромгоҳҳо доранд. Бархе бар мазор латта ё риштае аз пироҳани худро мебанданд ва шуморе бо бӯсидани санги мазор садоқати худро ба майит нишон медиҳанд ва иддае ҳам канори оромгоҳ оташ афрӯхта, чорво қурбонӣ мекунанд.

Аз назари эътиқодмандони ин амал, бастани пора ё ресмоне аз пираҳан ба ин маъност, ки нафари ниёзманд мехоҳанд ноумедияшро дар ин оромгоҳ гузорад ва шоду масрур ба хона баргардад ва зиндагии шод ва хубе дошта бошад.

Гулрухсор мегӯяд, бародараш 8 сол соҳиби фарзанд нашуд ва баъди дуохониҳои зиёд ва зиёрати оромгоҳу мазорҳо, соҳиби фарзанд шуд ва назодро Зиёратшоҳ ном гузоштанд, чун баъди зиёрати мазорҳо ба дунё омад.

"Бародарам, чанд сол фарзанддор нашуд, вале ҳамсарашро гирифту ба назди мазору оромгоҳҳо рафт, онҷо садақа карду талаби фарзанд намуд, муродашон ҳосил шуд ва ҳоло хушбахт ҳастанд",-афзуд вай.

Ихлосу халос, ман аз захми дастам халос шудам

Бибируқия Абдуллоева, сокини шаҳри Бохтар ҳарчанд соҳиби зиндагии ором ва фарзанд аст, вале мегӯяд, ки ба зиёрати мазор ё бовар дорад. Чанд соли пеш дар дасташ се захм ё озах пайдо шуд, ки бо маслиҳати падараш ба зиёрати мазор рафт ва аз онҳо халос шуд ва ҳоло дастонаш тоза ҳастанд.

"Ҳамин қадар дорую дармон гирифтам, дуруст намешуд, падарам гуфт, ки мазори деҳаро зиёрат кун. Ман се рӯзи чаҳоршанбе зиёрат кардам ва захмҳои дастам гум шуд"- афзуд вай.

Дар ҳоле, ки бархеҳо ба зиёрати мазорҳо эътиқод доранд ва бо талаби арзу ниёз мераванд, аммо донишмандон ва рӯҳониён ин амалро гуноҳ ё ширк мегӯяд. Усмоналӣ Нуров, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар гузашта ҳамингуна боварҳо дар миёни мардум бештар буд, вале ҳоло кам шудааст.

"Дар ҳақиқат ин чизҳо буд, ҳоло кам ба назар мерасад, мардум набояд аз онҳо талаб кунад, бигузор дар ҳаққи онҳо дуо кунанд ва аз Худованд талаби хушбахтӣ намоянд. Аммо ба назари ман, бӯсидани сангу оромгоҳҳо шояд аз рӯи муҳаббат аст, ки иҷро мекунад, онҳо шояд аз Худо талаби фарзанд мекунанд".

Амонҷон Муҳиддинов, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, борҳо дидааст, ки дар назди мазору зиёратгоҳҳои амалҳое мисли латтабандию бӯсидани қабрҳо сурат мегирад. "Ноогоҳӣ ва анҷоми ҳар гуна амалҳое, ки мардум ба онҳо бовар доранд, ба назари ман хуб нест" - мегӯяд ӯ.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бояд рӯҳониён ба мардум, хусусан онҳое, ки ба қабристонҳо мераванд ва аз мурдаҳо талаби хушбахтӣ, оиладор ва соҳиби фарзанд шуданро мекунанд, фаҳмонданд, ки ба ин амалҳо даст назананд.

Дар Хатлон беш аз 100 мазору оромгоҳҳои шахсиятҳои исломӣ мавҷуд аст, ки маъруфтарини онҳо мазори Зайнуллобиддин дар ноҳияи Дӯстӣ, Чилучорчашма дар ноҳияи Носири Хусрав ва Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус аст.