Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 21-24-уми апрел дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа - доир мегардад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Созмони варзиши сабуки Осиё, дар ин мусобиқоти қитъавӣ ширкати ҳудуди 1000 варзишгар аз 45 кишвари қора дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 21 навъи варзиши сабук миёни мардону занон, инчунин эстафетаи омехта, ки бори аввал ба барномаи ин мусобиқоти қитъавӣ ворид шудааст, рақобат мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шаш варзишгар дохил шудааст: Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшоҳ Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пулотов (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр).
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, моҳи июли соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир гардид, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.
Қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров чаҳор бор (солҳои 2009, 2013, 2015 ва 2017) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.