Вазнинтарин марди Тоҷикистон мегӯяд, ки ба аробаи боқуввате ниёз дорад, то хонаводаашро азият надиҳад ва фарзандонаш тавонанд бе таъхир ба мактаб раванд. Бобоҷон Маҳмадиев 37-сола 300 кило вазн дорад ва вазнинтарин мард дар Тоҷикистон ба шумор меравад.