Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд панҷ медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, ин мусобиқаи анъанавӣ, ки сар аз соли 1993 ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов доир мешавад, ба тақвими Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дохил аст.

Мусобиқаи имсола рӯзҳои 12-15-уми апрел дар пойтахти Узбекистон, дар маҷмааи варзишии «Универсал», бо ширкати 245 варзишгар аз шаш кишвар – Имороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - доир гардид.

Эмомризо Анварзода, ки дар рақобатҳо миёни наврасон дар вазни зери 90 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ Мурод Эркиновро аз Узбекистон мағлуб кард, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Шоҳида Қаландарова, ки дар сабқати ҷавонон дар вазни зери 57 кило дар финал аз Даря Кашинаи русиягӣ мағлуб гашт, медали нуқра гирифт.

Ба се варзишгари тоҷик - Аҳлия Муъминова дар вазни зери 52 кило миёни наврасон, Муҳаммадризо Қувватов дар вазни зери 60 кило ва Шарифҷон Назриев дар вазни зери 100 кило миёни ҷавонон –барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар шаҳри Тошканд се медал ба даст оварда буданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни зери 60 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни зери 73 кило соҳиби медали нуқра гардид. Ба Фарорун Мирзошоев дар вазни зери 55 кило медали биринҷӣ супурда шуд.