- (Дар бахши гузашта аз шӯришҳои зидди хилофати арабии Уммавиён дар Хуросону Мовароуннаҳр, фурӯпошии режими уммавӣ ва қудратгирии дудмони Аббосиён гуфтем. Аҳамияти ин давраи нав дар зиндагии мардуми Мовароуннаҳр чӣ буд?)
Аббосиён аз 750 то 1250-и мелодӣ, яъне тақрибан панҷсад сол ҳукумат карданд. Таърихнигорон сад то дусад соли нахусти ин давраро "даврони шукуфоии тамаддуни исломӣ" номидаанд.
Шеваи гузор аз давлати уммавӣ ба аббосӣ дар ҳар минтақа ва вилоят фарқ мекард. Масалан бахши бузурге аз Эрони Сосонӣ сад сол буд, ки ба тасхири арабҳо даромада ва ашрофу маъмурони маҳаллии собиқан сосонӣ ба ислом гаравида буданд. Онҳо ба ҳамон сурат аз дудмони нави аббосӣ истиқбол намуданд.
Аммо Мовароуннаҳр дар ин давраи садсола тақрибан ба сурате пайваста ноором буд. Чи мардум ва чи подшоҳон ва ҳукмронони маҳаллӣ ва эронизабони минтақа ҳар гоҳ фурсат меёфтанд, ё худ ба зидди арабҳо муқовимат менамуданд ва ё дастаҳои мусаллаҳи қабилаҳои туркро барои дифоъ аз худ даъват менамуданд.
Бо сарнагунии Уммавиён боз умеди истиқлол миёни ашроф, деҳқонон ва ҳукмронони бумии Мовароуннаҳр тақвият ёфт ва ҳамзамон ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ, динӣ ва қавмии норозӣ низ фаъолтар шуданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе ҷараёнҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ шӯриш намуданд. Муҳимтарини онҳо эҳтимолан иборат аз ҷараёни "Сапедҷомагон" таҳти раҳбарии касе ба номи Ҳошим ибни Ҳаким мулаққаб ба "Ибни Муқаннаъ" (яъне ниқобпӯш) аз аҳолии Балх буд, ки дар ниҳоят саркӯб гардид. Ҳаводорони ин ҷунбиш асосан аз Мовароуннаҳр ва махсусан Суғд буданд.
Аммо дигар авзоъ тағйир ёфта буд. Нерӯи туркҳо ба унвони гурӯҳи созмонёфтаи мусаллаҳ аз байн рафта буд. Чиниҳо ҳам, ки дар ҷанги Талос шикаст хӯрда буданд, дигар манбаи умеде барои деҳқонон ва ҳокимони маҳаллии минтақа набуданд. Аз сӯи дигар, ҳар гуна шӯриш ва саркашӣ аз сӯи ҳукумати арабиву исломӣ бо саркӯби шадид ва андозу хироҷи бештар бар мардум ва маҳрумият аз имтиёзҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ мешуд. "Рафта-рафта, эрониён бештару бештар дарк карданд, ки танҳо роҳи пешрафт ҳамкорӣ бо фотеҳони араб аст ва ин ҳам бешак раванди пазириши исломро бахусус миёни деҳқонон (ашрофи заминдор) ташвиқ намуд, агарчи ин пазириши ислом аксаран далоили сиёсӣ дошт" (Фрай 1988, 276).
Танҳо роҳе, ки боқӣ монда буд, "мусолеҳа бо дудмони ҷадиди аббосӣ ва табдил шудан ба уммоли онон буд" (Булшокуф 39).
Ин, барои Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки дигар ба бахше аз императории исломӣ табдил шуда буданд, оғози даврони оромишу пешрафти тиҷориву иқтисодӣ ба шумор мерафт.
Ҳамзамон, Аббосиён дар муқоиса бо пешкисватони уммавии худ, нисбат ба касоне, ки араб набуданд ва бахусус нисбат ба эрониён таомулу тасомуҳи бештаре доштанд. Ин сиёсати куллии халифаҳои аббосӣ, бавижа бо хилофати Маъмун мустаҳкамтар шуд. Маъмун дар замони хилофати бародараш Амин муддате тӯлонӣ дар Хуросон зиндагӣ ва вилоятдорӣ карда буд. Падари Маъмун халифаи маъруфи аббосӣ Ҳорунаррашид ва модараш як канизи эронӣ буд.
Аммо дар муқоисаи ду режими уммавӣ ва аббосӣ фарқҳои бисёр муҳимтар ва чашмгиртаре мавҷуд буд. Ба назари Бартолд, фарқи аслии Аббосиён бо Уммавиён дар ҳадафҳои сиёсии онон буд. "Уммавиён дар дараҷаи нахуст ва беш аз ҳар чизи дигар намояндагони миллати араб буданд, (дар ҳоле ки, - м) Аббосиён мехостанд давлате эҷод кунанд, ки ҳар ду иёлаташ, ки аҳолии яке иборат аз арабҳо ва дигаре иборат аз эрониён буд, ҳуқуқи баробар дошта бошанд" (Бартолд 197).
Аз нигоҳи дастгоҳи давлатӣ ва молӣ, халифаҳои аббосӣ низоми идории Сосониёнро модели дилхоҳ ва идеяи олӣ мешумурданд. Муаррихи араб Ҷоҳиз ал-Басрӣ дар он давра дар рисолаи худ мавсум ба "Маноқиб-ал-атрок" навишта буд, ки "эрониёни сосонӣ дар давлатдорӣ беҳтар аз дигар миллатҳо ҳастанд, ҳамчунон ки чиниҳо дар саноат, юнониён дар илм ва туркҳо дар ҳунари ҷанг бартар аз дигаронанд" (Бартолд 197).
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Реги Омӯ. 300 соли нахусти ислом дар Мовароуннаҳр. ВИДЕОНамунаҳои идораи давлатии сосониро, масалан, метавон дар робита бо тақсимоти идории императории Аббосиён мушоҳида кард. Шояд бо ҳамин ангеза ҳам буд, ки аз ҳамон ибтидо, аз давраи халифаи дувум, Мансур, мақому мансаби вазорат дар дастгоҳи Аббосиён ҷорӣ гардид ва ин мақом ба дудмони эронии Бармакиёни балхӣ супурда шуд, ки худро аз наводагони давлатмардони нимаафсонаии "Бузургмеҳр" аз давраи Сосониён мешумурданд. Муҳимтарин шохаи давлат, яъне "Девон-ал-хароҷ", ки масъули умури молиёт ва хароҷ (молиёт бар амлок) буд, таҳти мудирияти Бармакиён қарор дошт.
Аз нигоҳи фалсафӣ ва сиёсӣ низ Аббосиён то давраи Маъмун ва ҳатто Муътасим аз улуми юнонӣ ва мактаби исломии "муътазила" пуштибонӣ мекарданд, ки ақлу хирадро барои пайравӣ аз ислом кофӣ мешумурд. Аз ин ҷиҳат Аббосиён тарҷумаи осори лотин, юнонӣ ва порсии миёна ба арабиро ташвиқ менамуданд.
Аббосиён аз 750 то 1250-и мелодӣ, яъне тақрибан панҷсад сол ҳукумат карданд. Таърихнигорон сад то дусад соли нахусти ин давраро "даврони шукуфоии тамаддуни исломӣ" номидаанд. Аз ёд набарем: сад соли аввали Аббосиён давраи ислоҳоти сиёсиву идорӣ, ҳатто нармиш дар нигариши фалсафию динӣ ва дар айни ҳол шукуфоии илму фарҳанг буд. Баъд аз он заволи сиёсӣ шурӯъ шуд, тангназарӣ ва мухолифат бо дигарандешии фалсафӣ, динӣ ва сиёсӣ ташдид ёфт, аммо шукуфоии илму фарҳанг муддати нисбатан тӯлонитаре, ҳатто шояд битавон гуфт то даврони Ғазнавиён ва то ҳадде Салҷуқиён идома дошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чӣ гуна Мовароуннаҳр исломӣ шуд? (Реги Омӯ, бахши 2) ВИДЕОДар давраи дусадсолаи шукуфоии тамаддун, дар канори Бағдод, ки пойтахти императорӣ буд, бахусус Хуросон ва Мовароуннаҳр мақоми вижае доштанд. Ин вилоятҳо дар ин давра табдил ба маркази муҳими илм, санъат, шеъру адабиёт, риёзиёт, нуҷум ва фалсафа шуда буданд. Ин ҳамон давраи Муҳаммади Хоразмӣ, Абунаср Муҳаммади Форобӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳо донишманд, шоир, файласуф, фақеҳ ва ҳакими дигар аст.
Истиқлоли тадриҷӣ аз арабҳо
Давраи Аббосиён марҳилаи коҳиш дар идораи марказӣ ва давлатии вилоятҳои императорӣ буд. Шароити айнӣ низ халифаҳои Бағдодро ночор мекард, ки марказияти идорӣ ва сиёсиро ба нафъи вилоятҳо ва қавмҳои ғайриараб нармтар кунанд. Чораи дигаре ҳам набуд.
Намунаи мушаххаси ин раванд он буд, ки таъйини ҳокимони араб ба вилоятҳо аз сӯи халифа дар бархе вилоятҳо, масалан Хуросон ва ё Миср, лағв гардид. Халифаҳо пазируфтанд, ки ба ҷои интисоби муваққатии сардорони араб барои чанд сол ва сипас тағйири онҳо, шахсони бонуфузу қудратманди бумӣ ва маҳаллӣ фармондор ва ё ҳокими вилоятҳо шаванд ва ҳатто ин афрод ҳукумати худро ба сурати меросӣ мустаҳкам кунанд, яъне иморат ва ҳукумат, монанди худи хилофати давлати марказӣ, аз падар ба писар бигзарад ва ҳатто ин ҳокимони маҳаллӣ хостанд, фарзандону наздикони худро ба ҳукуматҳои маҳаллии сарзамини худ таъйин кунанд.
Аммо дар зоҳир подшоҳони маҳаллӣ ҳамчунон намояндаи халифа дар вилояти худ буданд. Аз ин ҷиҳат онон хутба ба номи "Амиралмуъминин", яъне халифа, мехонданд ва ҳар сол бахше аз молиёт ва хироҷи ҷамъоваришудаи худро ҳамроҳ бо ҳадяҳои дигар ба халифа мефиристоданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз Қутайба то Абӯмуслим. Тасхири ниҳоии Мовароуннахр аз сӯи арабҳо. (Реги Омӯ, 3) ВИДЕОБа ин тартиб, бор ва масъулияти халифа ва давлати марказӣ дар Бағдод камтар мешуд ва идораи вилоятҳо барои Бағдод осонтар мегашт. Албатта, дар айни ҳол аз сӯе даромади Бағдод аз молиёт ва хироҷи вилоятҳо коҳиш меёфт ва аз сӯи дигар "риск"-и саркашӣ ва истиқлолталабии амирону подшоҳони маҳаллӣ дар баробари давлати марказӣ ва худи халифа афзоиш меёфт. Ҳамчунин, ба хотири ирсӣ будани ҳукуматҳои маҳаллӣ, дар сурати белаёқатӣ ва ё фасоди фарзандон ва дигар наздикони амирон ва подшоҳони маҳаллӣ, тағйири давлати маҳаллӣ танҳо бо ҷанги дохилӣ муяссар мешуд. Дар айни замон, чун дар ин шароит пуштибонии низомии давлати марказӣ заиф мешуд, эҳтимоли нуфуз, дастандозӣ ва ҳамла аз сарзаминҳои ҳамсоя ва дар натиҷа тағйироти зудраси ин давлатҳо афзоиш меёфт.
Тоҳириён дар Хуросон ва Сомониён дар Мовароуннаҳр ду намунаи ин гуна ҳукуматҳои маҳаллӣ буданд, ки дар қарни нуҳум дар оғози раванди заволи хилофати Аббосиён, аммо зери чатри онон бар сари кор омаданд ва батадриҷ дар амал истиқлоли бештаре ёфтанд. Тоҳириён камтар, аммо Сомониён беш аз як қарн бар Мовароуннаҳр ҳукумат карданд. Дар сарзаминҳои дигари Эрони кунунӣ (масалан Саффориён ва Оли Бӯя), Ховари Миёна ва Миср низ аз ин ҳукуматҳои маҳаллӣ эҷод шуд. Аз миёни онҳо махсусан дудмони Бувейҳиён ва ё Оли Бӯя, ки бар вилоятҳои марказӣ ва ғарбии Эрон ҳукм меронд, бисёр қавӣ шуд ва ҳатто дертар халифаи аббосиро аз корҳои сиёсӣ барканор намуд. Муддате баъд, туркони салҷуқӣ Оли Бӯяро аз қудрат дур карданд ва бо ҳамла ба Бағдод қудрати аслии сиёсӣ ва низомии хилофатро ба дасти худ гирифтанд. Яъне, дарвоқеъ, дар яке дусад соли поёнии Аббосиён хилофат дигар муассисае динӣ ва ё ҳатто намодин ва зоҳирӣ шуда буд.
Аммо боз ба давраи Сомониён, яъне қарнҳои нуҳум ва даҳум дар дудмони Аббосиён баргардем.
Қиёмҳои зидди аббосии Бобаки Хуррамдин дар Озарбойҷон ва Мозёр дар Табаристон ва ҳамчунин шӯришҳои нави хориҷиҳо дар Сиистон дар ҳамин давра, дақиқтараш дар қарни нуҳуми милодӣ, яъне ҳудудан дусад сол пас аз ислом, саркӯб гардид.
Ба гуфтаи Бартолд, бунёдгузори дудмони Сомониён "Сомонхудот" ҳокими рустои Сомон дар наздикии Балх буд, ки аз табори Баҳроми Чӯбин, аз сардорони шӯришгари сосонӣ шумурда мешуд ва дар соли 591-и милодӣ ба қабилаҳои турк паноҳ бурда буд (Бартолд 209).
Сомонхудот мавриди ҳимояти ҳокими араби Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ буд. Ӯ таҳти таъсири Асад ба ислом гаравид ва ба эҳтироми ҳокими араб номи фарзандашро "Асад" гузошт. Чаҳор фарзанди Асад дар замони Маъмун дар саркӯби душманони ӯ ширкат карданд ва бо хости Маъмун ҳар чаҳор фарзанди Асади Сомонӣ ба ҳукумати яке аз шаҳрҳои Мовароуннаҳр (Самарқанд, Фарғона, Чоч яъне Тошканд ва Ҳирот) расиданд.
Дар давраи Сомониён ҳокимияти комили исломӣ бар Мовароуннаҳр ҳосил шуд ва аксари мардум ба ислом гаравиданд. Дар айни ҳол, дар ҳамин давра ҳам буд, ки Афшини Ушрӯсана (Истаравшани кунунӣ дар Тоҷикистон), аз сардорони халифа Муътасим, пас аз саркӯби қиёми Бобак дар Озарбойҷон худ ба иттиҳоми пайравии пинҳонӣ аз ойини падарии худ, яъне зардуштӣ, хатна набудан ва таҳрики дигар сардорони эронӣ бар зидди халифа ба қатл расид (Ибни Асир 4046-48).
Номи аслии Афшин Ҳорун буд. Дар он давра ҳанӯз шоҳзодагони маҳаллии Ушрусана "Афшин" номида мешуданд. Дар давраи Сомониён унвонҳои суғдии шоҳзодагон ва ҳокимини шаҳрҳои Мовароуннаҳр, монанди худот, ихшид ва афшин, барчида шуд. Ин кӯшише барои таҳкими як давлати марказӣ ва муттаҳид дар Мовароуннаҳр буд. Аммо Мовароуннаҳр чунин суннати давлатдории марказӣ надошт ва дар амал Сомониён давлате мутамаркиз бар Бухорову Самарқанд буд ва ҳукмаш басахтӣ дар Хоразм ва ё Чоч (Тошканди кунунӣ) ва ё Балх мегузашт. (Босвурс 1382, 16). Ҳатто дар худи дарбори Сомонӣ сарбозҳо тақрибан ҳама турк ва таҳти фармондеҳии туркон буданд (Уртойлӣ 125). Бо ин ҳама, тавре ки дидем, дар замони Сомониён илму дин ва тиҷорат пешрафт кард ва осори меъмории бемонанде сохта шуд. Аммо табиатан инҳо батанҳоӣ барои ҳифзи як давлат кофӣ набуд.
Аз миёни ҳукмронони ин дудмон Амир Исмоили Сомонӣ маъруфтар аз дигарон аст. Ӯ дар соли 849-и мелодӣ дар Фарғона ба дунё омад. Дар давраи ӯ Мовароуннаҳру Хуросон ба авҷи субот ва пешрафти худ расид. Амир Исмоил расман зимомдори халифаи аббосӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ва амалан монанди султон ва подшоҳи сарзамини худ буд. Аммо ӯ ҳаргиз худро болотар аз "амир" нашинохт. Амир Исмоил, ки "пайваста халифаро тоат намудӣ" (Наршахӣ 109), тибқи равиши роиҷ миёни амирони сомонӣ ҳадяҳое ба халифа мефиристод, аммо ба назар мерасад, ки ӯ аз пардохти муназзами молиёт ва хироҷ ба Бағдод худдорӣ кардааст (Гардизӣ 323-325).
Бисёре аз таърихнависон аз Исмоили Сомонӣ ба унвони амире хушрафтор бо мардум ва бурдбор бо рақибони хеш ном мебаранд. Шукуфоии илм ва таҳкими забон ва адабиёти форсии муосир дар давраи Сомониён ва бахусус шоҳ Исмоил оғоз ёфт.
Амир Исмоили Сомонӣ дар марҳилаҳои гуногун сарзаминҳои давлаташро зимни ҷанг бо ҷангсолорони Хуросон, Сиистон ва Табаристон вусъат бахшид.
Ӯ марзҳои даштҳои шимолро то ҳадди зиёде муҳкам кард, то нуфузи афзоянда ва беҳисоби қабилаҳои кӯчнишини турк бештар нашавад. Аммо ӯ ва фармондеҳонаш дар айни ҳол ба он сӯи Сирдарё ва ё Хоразм ҳамла карда, қабилаҳои кӯчнишини туркро асир гирифта, ба фурӯш мерасониданд.
Масалан, дар соли 893-и милодӣ дар лашкаркашии амир Исмоил ба Талос (дар Қирғизистони кунунӣ), ки маркази туркҳои қарлуқ буд, "даҳ ҳазор нафар кушта, понздаҳ ҳазор нафар асир гирифта шуд" (Бартолд 224).
Бахши қобили таваҷҷуҳе аз сарвати Сомониён низ аз ҳамин ҳуҷумҳо ва фурӯши бардагони турк ҳосил мегардид. Вақте гурӯҳҳои ҷудогонаи туркҳоро дар даштҳои шимол асир гирифта, барои фурӯш ба Мовароуннаҳр меоварданд, барои вуруд ба марзҳои давлати Сомонӣ аз бобати ҳар ғулом боҷе баробар бо ҳафтод то сад дирҳам ва ҳамчунин "ҳаққи ҷавоз" гирифта мешуд (Босворс, алиф, 197).
Мақдисӣ навиштааст, ки "Сомониён боҷгирӣ аз бобати фурӯши асиронро ба дасти худ гирифта буданд ва Хуросон солона аз бобати убури 12000 барда аз Омударё даромад ба даст меовард" (Босворс ба нақл аз Мақдисӣ, ҳамон ҷо).
Ҷолиб аст, ки дар давраи худи Амир Исмоил ва ҳатто ба дараҷаи бештаре пас аз ӯ, бахши муҳиме аз сарбозон ва фармондеҳони давлати Сомониён иборат аз туркҳо буданд, зеро чи давлатҳои маҳаллӣ, монанди Сомониён, ва чи давлати марказии Аббосиён дар Бағдод, барои ҳифзи қудрати низомӣ ва дифоъии худ ҳарчи бештар ғуломони низомии туркро истихдом менамуд.
Асир гирифтани туркони кӯчнишини даштҳои он сӯи Сирдарё ва Хоразм таҳти унвони "ҷиҳод" ва ба ислом овардани қабоили шаманбовар, ки "кофар" шумурда мешуданд, анҷом мегирифт. Аз ин ҷиҳат таърихнависони араб, монанди Яъқубӣ ва Мақдисӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳрро "хатти аввали ҷиҳод дар машриқ ва сипар дар муқобили туркон" (Коплунӣ 323) меномиданд.
Аз ҳамон оғоз ҳукумати Аббосиён ҳокимон ва амирони Хуросону Мовароуннаҳр ба таври муназзам гурӯҳҳое аз ғуломону канизони туркро ҳамчун бахше аз хироҷ ва ё ҳадяҳои худ ба Бағдод мефиристоданд.
Халифа Ҳорунаррашид се ҳазор ғуломи низомӣ ва ҷангандаи туркро "горди вижа"-и дарбори худ намуда буд, то зери фишори кашокашҳои дохили арабҳо ва ё мудирону дабирони эронӣ қарор нагирад. Муътасим, яке аз фарзандони Ҳорунаррашид, ки пас аз Маъмун ба хилофат расид ва модараш як канизи турк буд, лашкари вижае иборат аз ғуломони ҷангии турк эҷод кард, то дастгоҳи хилофатро дар баробари ихтилофҳои дохилӣ ҳифз кунад (Усмон 15-16). Аммо муддате баъд ғуломони турк табдил ба сарбозони моҳир ва фармондеҳони қудратманди дарбори аббосӣ ва дигар амирони императорӣ ва аз ҷумла Сомониён гаштанд. Онҳо бо қудрати тиру шамшер метавонистанд мувозинаи қудратро иваз кунанд. Ва чунин ҳам карданд.