Солрӯзи Садриддин Айнӣ, ҳомӣ ва муаллими халқи худ. ВИДЕО

Пайкараи Айнӣ дар Душанбе

15-уми апрел дар Тоҷикистон зодрӯзи нависанда ва олими бузург, нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айниро ҷашн гирифтанд.

  • Садриддин Айнӣ барои ислоҳотхоҳӣ ва ширкаташ дар ҷунбиши ҷадидон, дар аҳди амири Бухоро, 75 зарбаи чӯб хӯрд ва зиндонӣ гашт. Баъдан 25 ҷарроҳиро аз сар гузаронд, ба даст асо гирифт, вале ҳадафҳои худро канор нагузошт.
Ба наздикӣ як дӯсти ман аз сафари Самарқанд баргашт. Дар онҷо бо набераи додарарӯси Садриддин Айнӣ мулоқот карда, дастхатҳоеро дастрас намудааст, ки манзумаи тӯлонӣ дар бораи ҳамсари Айнӣ будааст

Дар рӯзгори тира ва пурошӯбе, ки пантуркистон ҳастии миллатеро бо номи тоҷик рад мекарданд, ба дифои мардуми худ бархост ва бо "Намунаи адабиёти тоҷик"-аш ҳаққи ин мардумро ба соҳибдавлатӣ собит намуд. Миллат ин корномаи ӯро қадр кард ва барояш унвони Қаҳрамони миллии Тоҷикистонро дод.

Ин як бахше аз таърихи зиндагии Садриддин Айнӣ аст, ки дар аксу тасвир ва нигораҳо пешкаши меҳмонони осорхонаи ӯ дар Душанбе мешавад. Ҳамчунин, дар канори дастхату ёдгориҳо, асои дасти ӯ ва қаламу қаламдоне, ки шояд паҳлӯҳои дигари зиндагию эҷодиёти ӯро тасвир карда, то ҳол норӯшан боқӣ мондаанд, нигаҳдорӣ мешавад.

Садриддин Айнӣ

Ҳоло яке аз маконҳои муҳими боздиди осори Садриддин Айнӣ хона-музейи ӯ дар маркази Душанбе аст. Бо ин ки дар ин осорхона шароити кору зиндагии Садриддин Айнӣ ҳифз шудааст, муҳаққиқон мегӯянд, ин ҳама қатрае аз баҳр аст ва бояд паҳлӯҳои норӯшани зиндагии ӯро муайян кард ва дар ин макон ба намоиш гузошт.

Абдурауф Муродӣ, адиб ва рӯзноманигори тоҷик, гуфт, Айнӣ замоне ҳамчун нависанда ба вуҷуд омад, ки ихтилофҳои шадид зиёд буд ва ӯ талошу худфидоиҳое кардааст, то аз ҳастии тоҷикон ҳимоят кунад. Ӯ афзуд, ҷилд-ҷилд китобҳо рӯи чоп омадаанд, аммо бо тақозои замон бояд ба асарҳои Садриддин Айнӣ нигоҳи дигар кард, аз ҷумла ба рӯҳияи истиқлолталабии эҷодиёти ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро номаҳои Садриддин Айнӣ чоп нашуд?

"Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ на танҳо бозгӯи ҳаёт ва фаъолияти ӯ, балки саргузашти гурӯҳест, ки Айнӣ ҳам узви он буд. Тавре медонем, ин ёддоштҳо нокомил монд. То имрӯз давраи дуюми ҳаёт ва фаъолияти устод Айнӣ норӯшан мондааст ва мо онро ба таври пурра наомӯхтаем. Ба наздикӣ як дӯсти ман аз сафари Самарқанд баргашт. Дар онҷо бо набераи додарарӯси Садриддин Айнӣ мулоқот карда, дастхатҳоеро дастрас намудааст, ки манзумаи тӯлонӣ дар бораи ҳамсари Айнӣ будааст", - афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Справка" – барои риш. "Қорӣ-Ишкамба" ва ду "муллобача" ҳуҷҷат гирифтанд

Муродӣ мегӯяд, эҳтимол чунин ёдгориҳо дар дасти пайвандони ӯ дар Тоҷикистон ҳам зиёд бошанд. Аммо аз он нигаронӣ кард, ки Камол Айнӣ, писари Садриддин Айнӣ, бо хабарнигорон дар бораи дастхат ва ё бозёфту ёдгориҳои падар суҳбат намекард: "Борҳо шоҳид шудаам, ки Камол Айнӣ ваъда мекард, худаш дар ин бора чизе хоҳад навишт. Ончӣ медонист, бо худ ба хок бурд."

Садриддин Айнӣ, муаллифи образҳои Қорӣ-ишкамбаи судхӯр ва Одинаи мардикор, 15-уми апрел 141-сола шуд. Бо гузашти беш аз сад сол аз замони эҷоди ин асарҳо, ҳанӯз мавзӯи қорӣ-ишкамбаву одинаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон куҳна нашудааст.

Мақомот ва пайвандон низ дар остонаи таҷлил аз 141-солагии Садриддин Айнӣ тасмим гирифтаанд, ки осори сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷикро дубора нашр кунанд. Куллиёте, ки шомили "Марги судхӯр"-у "Одина", "Дохунда" ва "Ятим", "Ёддоштҳо"-ву "Ғуломон" буда, таърихи мардуми тоҷикро дар охирҳои асри 19 ва аввали асри 20 бозгӯ мекунад.

Моҳшариф Табарова

Моҳшариф Табарова, сармуҳофизи бойгонии осорхонаи Садриддин Айнӣ, 15-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳаводорони осори Айнӣ водор ба он кардааст, ки асарҳои ӯ бознашр шаванд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт: "Аллакай «Куллиёт»-и Садриддин Айнӣ, ки аз назм иборат аст, рӯи чоп омад. Дар назар аст, дар ҳар сол то се ҷилд нашр шавад. Дар ин кор бештар саҳми пажуҳишгарону олимони Фарҳангистони улум ва ҳамчунин набераи устод Айнӣ, Эраҷ Айнӣ назаррас аст".

Осори илмии Садриддин Айнӣ, ки ба таҳқиқи аҳвол ва осори Бедил, Ибни Сино, Восифӣ, Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёти форсу тоҷик бахшида шудааст, ҳамчунин луғатномаи ӯ ҳамоно арзиши худро гум накардаанд. Аксар китобҳои Айнӣ аз ҷумла дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла Эрон, Фаронса, Итолиё, ИМА, Лаҳистон ва ғайра низ мунташир шудаанд ва шуҳрат доранд.

Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, бештаре аз ҳаёти худро дар шаҳри Самарқанд гузарондааст ва дар ин шаҳри бостонӣ қисми зиёде аз осори мондагори худро навиштааст. Айнӣ дар "Ёддоштҳо"-яш аз васияти падараш менависад, ки гуфта буд: «Ба ҳеч ваҷҳ мулло нашав, охунд нашав, "муддарис" бишавӣ майли худат». Васияте, ки Айнӣ то охири умр дунбол кард ва тамоми фаъолияти худро ба омӯзишу фарҳанг ва маърифат ихтисос дод. Бо осор ва ҳаёташ ӯ муаллими халқи худ буд.

Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Душанбе

Ҳоло бархе аз ҷавонон ҳам бо пайравӣ аз кору зиндагии Садриддин Айнӣ ба осорхонаи ӯ мераванд, бо дастхату нигораҳои ӯ ошно мешаванд ва аз ӯ ҳамчун як «қаҳрамони миллат» пайравӣ мекунанд. Аксаран ба он таъкид мекунанд, ки Садриддин Айнӣ ҳамеша орзу мекард, ки Тоҷикистон давлати мустақил бошад. Ин аст, ки солҳо заҳмат кашида, китобҳо навишт. Дар бораи забони тоҷикиву манзалати миллати тоҷик баҳсҳои илмӣ ба миён овард ва ниҳоят дар фасли панҷуми романи «Дохунда» Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро табрик гуфт.

Шердил Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, пайваста асарҳои ӯро мехонад ва талош мекунад ҳар дафъа осору дастхати нави Садриддин Айниро пайдо кунад. Ӯ мегӯяд, "нафаре, ки барои босавод кардани омма саҳм дошт, ин устод Садриддин Айнӣ буд. Ӯ роҳнамое барои рушди адабиёту фарҳанг ва забони миллат аст ва осори худ метавонад барои насли ҷавон роҳи тозаро боз кунад. Устод Айнӣ буд, барои шинохти шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯали ибни Сино саҳм дошт".

Бархе аз ҷавонон Айниро дар табдил шудани алифбои арабиасоси тоҷик ба хатти лотинӣ ва сипаси сириллик гунаҳкор медонанд. Далелҳои таърих бозгӯ мекунанд, ки ӯ то тавонист, зидди ин тарҳ истодагарӣ кард. Зери фишори сахти ҳизби болшевик, ки дар риштаи сохтмони фарҳангии Шӯравӣ барномаҳои хоси худро дошт, ба пазируфтани тарҳ маҷбур гашт, аммо худаш то поёни умр ба хатти лотинӣ ё сириллик нагузашт ва тамоми осорашро бо ҳуруфи ниёкон навишт.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта 80-солагии асари Садриддин Айнӣ – “Марги судхӯр”-ро ҷашн гирифт, ки аз ҷумлаи китобҳои дӯстдоштаи Чингиз Айтматови қирғиз, Луи Арагони фаронсавӣ, Саид Нафисии эронӣ ва Юлиус Фучики чех буд. Ва адабиётшиноси рус Иван Толстой муаллифи ин китобро "машҳуртарин тоҷики қарни бист" номидааст. Дар оғози садаи 21 низ Айнӣ ин унвонро барои худ ҳифз кардаасту номаш зинда ва китобҳояш серхонандаанд.