"Истаравшан" бар "Хуҷанд" ва "Истиқлол" бар "Хатлон" пирӯз шуданд

Ду бозии даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон - “Истаравшан” ва “Истиқлол” – ба поён расид.

«Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки имсол боз ба лигаи олӣ баргашт, дар майдони худ бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро ҳамлагар Бахтовар Зокиров ба самар расонид. Голи меҳмононро ҳамлагар Манучеҳр Аҳмадов зад.

Дар бозии дигар «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голи мизбононро Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Боз як голро ҳимоятгар Алишер Баротов ба дарвозаи дастааш ворид кард. Голи «Хатлон» ба Худойдод Узоқов мутааллиқ аст.

Ду бозии хотимавии даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 13-ум ва 14-уми апрел баргузор мешавад. Рӯзи шанбе ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи якшанбе «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бо «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бозӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол «Истиқлол», ки дар ду бозӣ шаш имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқот садрнишин аст. Ҳамакнун «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 омодагӣ мебинанд.

Рӯзи чоршанбе, 17-уми апрел, «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо «Дордой»-и Бишкеки Қирғизистон ва «Истиқлол» дар ин рӯз дар Ишқобод бо «Алтин Асир»-и Туркманистон рақобат мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 27 (1:0). Манучеҳр Аҳмадов, 39 (1:1). Бахтовар Зокиров, 45+1 (2:1).

Боҳтарин бозигари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Хатлон» – 3:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (1:0). Шериддин Бобоев, 45+2 (2:0). Алишер Баротов, 57 – ба дарвозаи худ (3:0). Худойдод Узоқов, 63 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

11 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

13 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:00

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

14 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

7-2

6

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

2-0

3

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

1

0

0

2-1

3

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

3-3

3

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

2-2

3

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

0-2

0

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

1-4

0

8

«Хатлон» (Бохтар)

2

0

0

2

1-4

0

Нишонзанҳо: Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 3 тӯб, Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол») – 2-тӯбӣ.