Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонварони хиёбонӣ ва бахусус сагони бесоҳиб сарнавишти талхе доранд. Хабарнигорони "Настоящее время" дар панҷ кишвар муносибати гоҳе бераҳмона бо ҷонваронро таҳқиқ карданд.
Занҳои нафақахӯр занг мезананд ва гиря мекунанд, ки сагҳои моро медоранд, биёед, онҳоро баред. Мо сагҳоро аз кӯча наҷот медиҳем, сагҳои беморро мегирем.
Дар як видеои сабтшуда дар Ашқободи Туркманистон дида мешавад, ки сагҳоро ба мошини партоб меандозанд, ки онҳоро ба порчаҳои гушту устухон табдил медиаҳд. Аз ин навъ видеоҳои бераҳмӣ бо ҷонварон дар минтақа зиёд аст. Баъзе аз шаҳрвандони Туркманистон мегӯянд, кормандони идораи коммуналӣ сагҳои онҳоро ба далели надоштани санад мебаранд. Кормандон мегӯянд, бояд нақшаи маҳви ҳайвонотро иҷро кунанд.
Видео. Тамошои баъзе аз наворҳо барои ҳама ҷоиз нест
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон сагҳои хиёбониро мекуштанд. Вале баъди муроҷиати сокинон маҳви сагҳои хиёбонӣ соли 2017 дар Душанбе манъ шуд. Ҳоло ҷонваронро дастгир мекунанд ва ба паноҳгоҳи муваққатӣ меоранд.
Зафар Ҷалилов, корманди Идораи хадамоти коммуналӣ, гуфт, дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои доштани ҳайвоноти оворагард гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки аз чаҳор нафар иборат аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Маҳкум ба қатл. Дар Душанбе садҳо сагро куштанд. ВИДЕОҲоло ихтиёриён барои таъсиси паноҳгоҳи хусусӣ кӯшиш доранд, то ҷонварон аз чанголи марг наҷот ёбанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки соли гузашта 12 ҳазор сагро дар Бишкек нобуд карданд. Баъди дархости фаъолон қатли сагон дар аввали соли 2019 манъ шуд. Ҳоло вакилони шаҳр роҳи дигари ҳалли мушкили ҷонварон, аз ҷумла безурёт кардани онҳоро меҷӯянд.
Саидаҳмад Исмоилов, вакили маҷлиси шаҳри Бишкек, гуфт, "мо ба аъзои маҷлис як моҳ вақт додем, ки назари худро пешниҳод кунанд. Масалан, дар паноҳгоҳ нигаҳ доштан ё безурёт кардани сагҳои бесоҳиб."
Дар Қазоқистон мақомот мегӯянд, роҳҳои муосири аз кӯчаҳо бардоштани ҷонваронро пеш гирифтаанд. "Мо барои боздошти сагҳо ва муносибати инсонӣ бо онҳо гарданбандҳо ва қафасҳои нав харидем", - гуфт Жикелди Тлесбоев, корманди маркази байторӣ.
Баъзе аз сагҳоро бо истифода аз тирҳои беҳушкунанда медоранд. Барои боздошти солонаи 350 ҳазор ҷонвари хиёбонӣ, ҳукумат дувуним миллион доллар сарф мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳасиби заҳролуд барои сагҳои хиёбонӣ дар Хоруғ? ВИДЕОДар Узбекистон як телевизиони шаҳрӣ гузориш дод, ки соли гузашта 14 000 ҷонвари хиёбониро нобуд кардаанд. Баъди ин гузориш мардум хостанд, ин таҷриба бас шавад. Мақомот ҷаримаи қатли сагу гурбаро зиёд карданд. Аммо нигоҳубини ҷонварони хиёбонӣ умдатан ба дӯши сокинон аст.
Ирода Маҳкамова, муассиси пангоҳгоҳи "Ҳаёт", гуфт, "занҳои нафақахӯр занг мезананд ва гиря мекунанд, ки сагҳои моро медоранд, биёед, онҳоро баред. Мо сагҳоро аз кӯча наҷот медиҳем, сагҳои беморро мегирем."
Маҳкамова гуфт, дар паноҳгоҳи хусусиаш 600 сагро нигаҳ медорад. Ӯ ва дӯстдорони ҷонварон, мекӯшанд, то ҳайвоноти безабон аз ҷабри инсонҳо эмин бошанд.