"Мақомот дарди дили мардумро аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳманд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки аз навиштани нуқтаи назари худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ парҳез мекунанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, як танқиди беҷо метавонад “касро ба мушкил гирифтор кунад”. Бархеи дигар мегӯянд, мақомот бояд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳманд, ки мардум чӣ дард доранд. Назари сокинонро дар видео бинед ва андешаҳои худро дар зер нависед.