Тасвири раҳо шудани як парранда аз қафас, ки моли тахайюлии як навраси тоҷик аст, дар намоишгоҳе дар Душанбе ба ивази 15 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо арзиши муҳтавои ин тасвир, ки ҳуқуқу озодии инсонро бозгӯ мекунад, ба гуфтаи ташаббускорони намоиш, хеле болотар аст. Намоишгоҳи расмҳои кудакони боистеъдод аз суи "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" - як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар бинои кинотеатри "Ватан" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.