Тоҷикистон аз Русия хостааст, як бори дигар муҳоҷиронро афв кунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, пешниҳодҳои онҳо барои “афви муҳоҷирони тоҷик” ба гӯши мақомоти Русия расидаанд ва онҳо иҷоза медиҳанд, то садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дигарбора ҳаққи бозгашт ба Русияро мегиранд.