Чаро мардон дар Осиёи Марказӣ ҳамсари дувум мехоҳанд?

Чандҳамсарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҷиноят аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бисёрзанӣ дар минтақа "маъмул мешавад".

Замоне ки ҷавону зебо ва озодаӣ, шавҳар бо ту зиндагӣ мекунад ва хонаи ту ҷойи истироҳати ӯст. Вай аз мушкилоти хонааш, зани аввал ва 6 фарзанд гурехта, онҷо панаҳ мебарад.

​"Маъшуқа ва шикам барои мардоне, ки даромади хуб доранд, «воҷиб» дониста мешавад. Аксар дӯстони падарам маъшуқа доштанд", - мегӯяд Болоти 30-сола аз Қирғизистон.

Ӯ дар бораи зани дувуми падараш ҳангоми хурдӣ аз ҳамсинфони худ шунидааст. Яке аз онҳо дар биное мезист, ки падари Болот қариб ҳар рӯз ба онҷо мерафт. Рӯзе онҳо дар назди бино "ҷосусӣ" карданд ва падари Болотро бо зани бегона ва ду кӯдаки ӯ диданд.

«Гӯиё дилам аз задан монд ва ба ҷойи ин ки ба назди онҳо равам, пинҳон шудам. Аламовараш ин аст, ки ҳамаи шаҳр медонист. Модарам, бародаронам ва дар мактаб хабар доштанд», - ба ёд овард Болот.

Модари Болот соли гузашта аз бемории саратон (рак) фавтид. Падараш ба назди оилаи дувуми худ рафт ва Болоту бародаронаш бо ӯ тамос надоранд.

  • Чандҳамсарӣ ё полигимия чист? Нафаре, ки дар як вақт бо чанд тан никоҳ кардааст. Ду намуди чандҳамсарӣ вуҷуд дорад: Бисёрзанӣ ва бисёршавҳарӣ. Чандшавҳарӣ дар Тибету Непал, Меланезия ва Нигерия таҷриба мешавад. Чандзанӣ асосан дар кишварҳои исломӣ ва мусалмонӣ зиёд аст.

ҚАЗОҚИСТОН

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асоси қонун чандҳамсарӣ манъ аст. Қазоқистон соли 1998 чандҳамсариро аз рӯйхати амалҳои ҷиноӣ берун овард ва баъди даҳ сол ин масъаларо ба тарҳи қонун «Дар бораи никоҳ ва оила» ворид намуд. Аммо вакилон аз он пуштибонӣ накарданд. Он вақт вакили порлумон Бахт Сиздикова гуфта буд, ки агар чандзаниро иҷозат медиҳед, бояд чандшавҳариро низ қонунӣ кунед.

Сафармурод Ниёзов, маъруф бо лақаби Туркманбошӣ, раиси ҷумҳури нахустини Туркманистон соли 1993 пешниҳод карда буд, ки бисёрҳамсарӣ қонунӣ шавад

Дар асл дузанагӣ дар Қазоқистон бисёр маъмул аст. Нурсултон (Остонаи собиқ)-ро шаҳри «тоқал», яъне зани дувум дар Қазоқистон ном мебаранд. Алматоро шаҳри занҳои аввал мегӯянд. Чаро? Соли 1998, вақте Остона пойтахти нави Қазоқистон эълон шуд, бисёре аз мансабдорон ба онҷо кӯчиданд ва оилаҳояшон дар Алмато монданд. Бо гузашти замон бисёре аз онҳо дар Остона соҳиби хонаву оилаи нав шуданд.

Амир панҷ сол ба ҳайси ронандаи яке аз мансабдорони Қазоқистон кор кардааст, ки соҳиби ду оила буд. Амир мегӯяд, агар ӯ низ пули зиёд медошт, ҳатман дар фикри зани дувум мешуд.

Карим аз Қазоқистон чаҳор зан дорад. Ҳамсарони ӯ якдигарро намешиносанд. Вай иҷоза намедиҳад, ки онҳо бо мардони бегона суҳбат ва ё кор кунанд. «Ман ҳамаи онҳоро худам таъмин мекунам. Агар мехоҳанд, барои оромиши рӯҳии худ кор кунанд, майлаш, аммо на дар миёни мардон», - мегӯяд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо барои бисёрзании худ далел дорад: «Дар дин гуфта шудааст, агар имкон ва шароит дорӣ, бояд занҳоро ҳангоми дармондагӣ дастгирӣ кунӣ.» Карим мегӯяд, дар хонаводаи марди сарватманде ба дунё омадаву бузург шудааст ва имконияти фаровон дорад. Ӯ аз Қирғизистон ба Қазоқистон рафта ва дар онҷо тиҷорат мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фиғони зани якум дар ЗАГС: “Чаро шавҳарамро ба зани дигар никоҳ кардед?” ВИДЕО

Ҳамсуҳбати мо бо зани якуми худ ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ шинос шудааст. «Баъди ҳафт соли издивоҷ ман ба яке аз ҳамкорон кумак кардам. Ӯ ҷавон буд ва дар донишгоҳ мехонд. Кор мекард, то пули шартномаи таҳсилро ҷамъ орад. Ман дар назди ӯ як шарт мондам – ҳиҷоб. Пеш аз никоҳ оилаи аввалам хашмгин шуд, аммо баъд дарк кард», - нақл кард Карим.

Зани севуми Карим хоҳари яке аз ҳамдарсонаш аст, ки шавҳараш ба муҳоҷирати корӣ рафта, телефонӣ талоқ додааст. Зани чаҳорамаш бо панҷ фарзанд бева мондааст.

Кӯдаконе, ки аз занони дувум ба дунё меоянд, одатан насаби падари худро мегиранд, аммо фарзанди зани дувум будан як навъ обрӯрезӣ дониста мешавад. Мария аз Қазоқистон мегӯяд, «ҳамеша дар бораи эҳсоси зани аввал ва фарзандони ӯ гап мезананд, аммо ҳеч вақт намегӯянд, ки фарзанди ӯгай будан чӣ аст. Ин ҳатто пасттар аз он аст, ки зани дувум бошӣ.»

ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Қирғизистон чандҳамсарӣ ҷиноят аст. Бар асоси моддаи 153-и қонуни ҷиноии он кишвар барои чандҳамсарӣ то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин банди қонун ба таври бояду шояд кор намекунад ва бисёрзанӣ дар ин кишвар ба меъёр табдил меёбад.

Ду сол пеш рӯҳонии шинохтаи Қирғизистон Чубак Ҷалилов гуфт, ки ӯ ду зан дорад ва аз мардон хост, аз ӯ пайравӣ кунанд. Он вақт дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки фақат дар сурати шикояти ҳамсараш зидди Ҷалилов парванда боз хоҳад шуд.

Чубак Ҷалилов

Қаблан рӯҳониён дар Қирғизистон пешниҳод карда буданд, ки бисёрзанӣ қонунӣ шавад ва ин бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуда буд.

Самара аз Қирғизистон 12 сол маъшуқаи як марди соҳиби оила буд. Баъдан бо ӯ издивоҷ кард, аммо ба хотири онки шаҳвараш «нисбат ба ӯ хиёнат мекунад», ҷудо шуд. Онҳо замоне шинос шуданд, ки Самара донишҷӯи соли аввали факултаи суханшиносӣ дар Қирғизистон буд.

Самара мегӯяд, ҳаёташро бо ин мард ба хотири пул пайваст: «Ҳаждаҳ сол доштам ва аз деҳа омада будам. Дар хонаи бобову бибиям бузург шудаам. Дар як ҳуҷраи камбағалона мезистам. Мехостам мисли духтарони шаҳрӣ зебо бипӯшам, хона ба иҷора гирам ва ба қаҳвахонаҳо биравам. Аммо волидони бой надоштам.»

Самара мегӯяд, дӯстдоштааш ба ӯ як хона ба кироя гирифт ва дувоздаҳ сол дар онҷо бо ҳам вомехӯрданд. «Вақте сисола шудам, гуфтам, ки дигар наметавонам. Хостам биравам, ӯ ба ман пешниҳоди издивоҷ дод. Баъди ним сол аз ҳамсари якумаш ҷудо шуд ва ба назди ман омад», - нақл кард ӯ.

Ин мард бо кӯдакони худ дар хонаи зани аввалаш дидор мекард. «Баъди се сол зани аввалааш хабар дод, ки онҳо чанд муддат боз якҷоя ҳастанд. Шавҳарам ин хабарро рад накард ва ба ман пешниҳод дод, ки зани расмиаш бимонам ва ӯ бо зани якумаш танҳо никоҳи мусалмонӣ мекунад...»

УЗБЕКИСТОН

Чандҳамсарӣ дар Узбекистон ҳам ҷиноят аст. Барои ин кор аз 50 то 100 ҳадди ақалли маош ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё то се соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ду сол пеш Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, гуфт, имомоне, ки бе шаҳодатномаи ЗАГС хутбаи никоҳ мехонанд, муҷозот мешаванд. Бо ин ҳол, бисёрзанӣ дар он кишвар чандон кам нест.

Маҳмуд аз Узбекистон ду зан дорад. Зани аввал ва дувуми ӯ натанҳо бо якдигар шинос ҳастанд, балки дар як хона зиндагӣ мекунанд: «Бо ҳам муносибати хуб доранд. Зани калониам худаш ба хостгории зани дувум рафта буд.»

Ба қавли Маҳмуд, зани аввал табалоти ӯро 25 дар сад қонеъ мекард. «Ман ду роҳ доштам, ки ин мушкилро ҳал кунам. Ҳалолу ҳаром. Ман роҳи ҳалолро интихоб кардам», - мегӯяд ӯ.

ТОҶИКИСТОН

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои бисёрзанӣ 50 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 5 ҳазор доллар ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад. Охири соли гузашта Додгоҳи шаҳри Ҳисор, бисткилометрии ғарби Душанбе, подполковники милиса Суннатулло Саъдуллоевро барои дузанагӣ панҷоҳ ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Подполковники милиса ба дузанагӣ муттаҳам шуд

Таҳмина Хоҷаева аз Душанбе тақрибан шаш сол зани дувум буд. Чунин издивоҷҳо расман дар идораи ЗАГС сабт намешаванд. Асосан занони дувумро бар асоси никоҳи мусалмонӣ мегиранд.

Шавҳари Таҳмина Хоҷаева ҳамеша бо зани аввал мезист ва танҳо рӯзона барои дилхушӣ ба назди ӯ меомад. Ӯ мегӯяд, “зани дувум, рости гап, барои зиндагӣ нест. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки ягон зани дувум то охири умр бо шавҳар намемонад. Замоне ки ҷавону зебо ва озодаӣ, шавҳар бо ту зиндагӣ мекунад ва хонаи ту ҷойи истироҳати ӯст. Вай аз мушкилоти хонааш, зани аввал ва 6 фарзанд гурехта, онҷо панаҳ мебарад. Ин ҷо зане аст, ки фақат дар хидмати ӯ аст ва ӯ ҳам намехоҳад, ки ин зан «фигура»-ашро вайрон кунад.”

Таҳмина мегӯяд, дар солҳои аввал муносибати онҳо хуб буд. Мард барояш хона хариду онро таъмир кард. Баъдан онҳо аз якдигар ҷудо шуданд. Ҳоло мард мехоҳад, хонаро, ки ба номи зани дувумаш аст, бигирад.

Таҳмина Хоҷаева

ТУРКМАНИСТОН

Дар Туркманистон чандҳамсарӣ аз моҳи сентябри соли 2018 манъ аст. Барои ин амал ба андозаи аз 20 то 30 маоши миёна ё то ду сол корҳои ислоҳӣ пешниҳод шудааст.

Дар миёнаи солҳои 90-ум дар ин кишвар бисёрҳамсарӣ маъмул буд. Сафармурод Ниёзов, маъруф бо лақаби Туркманбошӣ, раиси ҷумҳури нахустини Туркманистон соли 1993 пешниҳод кард, ки чандҳамсарӣ қонунӣ шавад. Ва ба мардон иҷоза диҳанд, ки расман то чаҳор зан бигиранд. Ҳатто комиссияи махсус ташкил шуд. Аммо он вақт ин пешниҳод бо мухолифати шадиди зиёиёни Туркманистон мувоҷеҳ шуд.

  • Номи баъзе қаҳрамонҳо бо хоҳиши онҳо дигар карда шудааст.