Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз "ба баъзе пешрафтҳо" даст ёфтаанд? ВИДЕО

Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе ба анҷом расид. Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар гуфтушунид, ки беш аз сездаҳ соат идома кард, "ба пешрафт" даст ёфтанд.

"Тарафҳо натавонистанд ба фикри ягона расанд"

Ҳарду ҷониб мегӯянд, дарёфти ҳалле, ки онҳоро қонеъ кунад, мушкил аст.

Гуфтушуниди ҳайатҳои ду кишвар бо иштироки Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов ҳамтои қирғизи ӯ соати 10-и субҳ ба вақти Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд ва то нимашаби 6-уми апрел идома кард. Ин музокирот паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва хабарнигорон ба он роҳ наёфтанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Поёни музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳайатҳо пас аз берун шудан аз толори китобхона бо хабарнигорон суҳбат накарданд. Азим Иброҳим дар суҳбати кутоҳ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар музокирот "пешрафтҳое ҳосил шудааст". Аммо ӯ мушаххас аз пешравиҳо суҳбат накард. Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.

Вале як манбаи огоҳ аз раванди гуфтушунид мегӯяд, бо вуҷуди талошҳои зиёд ду тараф то ҳол натавонистаанд, дар масъалаи хатти марз ба фикри ягона расанд. Ҳарду ҷониб мегӯянд, дарёфти ҳалле, ки онҳоро қонеъ кунад, мушкил аст.​

Раззоқов гуфт, "меҳмон аст" ва шарҳ надод

Ҷениш Раззоқов, ноиби сарвазири Қирғизистон ва роҳбари ҳайати ин кишвар, бо узри онки “меҳмон аст” нахост, дар бораи гуфтушунид бо мақомоти тоҷик суҳбат кунад. Раззоқов пештар дар танаффуси мулоқот ба суоли Радиои Озодӣ, ки ҳалли минтақаҳои баҳсноки марзӣ то куҷо расид, гуфт, "коршиносон дар ин бора кор мекунанд". Пештар гуфта мешуд, ки коршиносони ду ҷониб гуфтушунидро як рӯз қабл сар карда, тарҳи созишҳоро ба тарафҳо пешниҳод намудаанд.

​Барои иштирок дар музокирот дар масъалаи марзӣ аз Қирғизистон ҳайати начандон бузург ба Душанбе омада буд. Аз Тоҷикистон дар ин музокирот намояндагони чанд вазорату идора ва раиси шаҳри Исфара ҳузур доштанд.

Музокирот баъди моҷаро

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Коршиносон: Роҳи ҳалли муноқишаҳои марзӣ кадом аст?

Ин музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Бодканд моҷаро бархост ва боис ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз бист нафар аз ду ҷониб шуд.

Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Бодканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот оғоз шуд, ки рӯзи 18-уми март ба поён расид.

Бар асоси созиши ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳо якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. Масъулони ду кишвар дар пай гуфтанд, ки тамоми посгоҳҳо бардошта мешавад ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад.

"Додситонҳои ду кишвар таҳқиқ доранд"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафири Қирғизистон: "Ҳалношуда мондани хатти марз боиси ихтилоф мешавад". ВИДЕО

Дар ҳамин ҳол Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Исфара, ки минтақаи баҳсии Ворух ба он шомил аст рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар марз пас аз ҳодисаҳои ахир ором аст. Ҷаноби Саломзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки тафтиши ҳалокати ду сокини Исфара дар баҳсҳои ахир то куҷо расид гуфт, додситонҳои ду кишвар парвандаро таҳқиқ доранд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.