"Бонкҳо доллари мардумро мегиранд, аммо доллар намедиҳанд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақрибан чаҳор сол пеш Бонки Миллии Тоҷикистон саррофиҳои мустақилро, ки дар ҳар кӯчаву маҳалла фаъолият доштанд, сабаби ҳарҷу марҷ дар бозори асъор донист ва онҳоро баст. Танҳо ба бонкҳо ва намояндагиҳои онҳо иҷозаи табдили асъори хориҷӣ дода шуд. Сокинон шикоят доранд, ки бонкҳо доллари мардумро мегиранд, аммо ҳангоми зарурат ба онҳо доллар намефурӯшанд.