Дари қаҳвахонаи "Афсона" тайи як ҳафта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино муҳр зада шудааст ва ҳудуди 60 нафар аз коргарони он бекор мондаанд. Ин қаҳвахона аз се сол ба ин тараф дар яке аз маконҳои пуриздиҳоми маҳаллаи 84-уми Душанбе фаъолият мекард.
Мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино мегӯяд, ки се моҳ қабл масъулони қаҳвахона "Афсона"-ро огоҳ карда буданд, ки дар ин макон бинои додгоҳ ва нозироти андози ноҳия бунёд мешавад. Аммо дар ин огоҳинома ҷуброни молӣ ба қаҳвахона "Афсона" ва ё додани қитъаи замин дар ҷои дигар, зикр нашуда буд.
Масъалаи бардоштан ва тахриби бинои ошхонаҳо ва манзилҳои зист ба хотири сохтмони биноҳои маъмурӣ, тайи як даҳсола дар пойтахт идома дорад.
Вакили дифоъ Шамс Гулмаҳмадов, ки аз ҳуқуқҳои масъулини қаҳвахонаи "Афсона" ҳимоят мекунад, гуфт, ки субҳи 3-юми апрел се корманди милиса ва намояндаи ҳукумати Сино омада, баъди шикастани қулфи қаҳвахона панҷараҳои онро кандаанд ва ҳушдор додаанд, ки дар зарфи ду рӯз аз инҷо кӯч банданд.
Ба гуфтаи Шамс Гулмаҳмадов, вақте пурсиданд, ки онҳо бояд ба куҷо раванд, батакрор ин посухро мешуниданд, ки "ин фармони ҳукумат аст" ва қарор аст дар ҷои ин қаҳвахона бинои маъмурии Бахши андоз ва додгоҳи ноҳия бунёд шавад.
Гулмаҳмадов мегӯяд, ки барои фаъол кардани қаҳвахона "Афсона" беш аз 300 ҳазор сомонӣ харҷ шуда ва ҳоло наздик ба 100 ҳазор доллар қарздор ҳастанд. Раиси ин қаҳвахона Шӯҳрат Муҳамадиев як соҳибкор мебошад ва дар соли 2016 бо тахту ҳамвор кардани қитъаи замин, ки як макони партовгоҳ буд, "Афсона"-ро бунёд кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҷабалӣ Фозилов, як маъмури ин қаҳвахона мегӯяд, кормандони милиса баъди онки дари "Афсона"-ро бастанд ва дигар муштариҳо наомаданд, ҳудуди 300 килограм гӯшт ва дигар ғизоҳо гандида ва талаф ёфтанд. Ӯ мегӯяд, ки танҳо тавонистанд як қисми онро дар яхдонҳо нигаҳ доранд. "Мо аз мақомот бисёр хоҳиш дорем, ки ақаллан то шурӯи сохтмон иҷозат диҳанд, ки қаҳвахона хизмат кунад",-афзуд вай.
Аксари пешхизматҳо мегӯянд, ки бесарпаноҳ ҳастанд ва дар ивази корашон дар инҷо моҳе беш аз 1000 сомонӣ мегиранд ва дар сурати баста шудани ин коргоҳ, рӯзгорашон душвор хоҳад шуд.
Вакили дифоъ Шамс Гулмаҳмадов мегӯяд, ҳамаи сандаҳо дар мавриди қонунӣ фаъолият доштани "Афсона"-ро дар даст доранд.
Шоҳназар Каримов, мудири Шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати ноҳияи Сино рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои мушаххас кардани масъалаи кӯчонидани ин қаҳвахона, имрӯз ҳамроҳ бо масъулони "Афсона" ба ҳукумати шаҳри Душанбе мераванд. Вай гуфт, дар моҳи январи соли равон ба таври расмӣ оиди бартараф кардани бинои "Афсона" огоҳинома пешниҳод карда шуда буд.
"Мо ҳеҷ аз роҳи зӯрӣ кор намегирем, ин пешниҳоди мақомоти расмӣ аст ва ҳеҷ нафаре ҳам манфиатдор нест, ки ин қаҳвахона ба зӯрӣ бардошта шавад. Мо ба онҳо гуфтем, ки шумо ариза нависед ва зикр кунед, ки дар иваз хоҳони қитъаи замин ва ё ҷуброн ҳастед",-афзуд ӯ.
Намояндаи ҳукумат Сино афзуд, ки дар муддати ин се моҳ масъулони қаҳвахона ҳеҷ талоше накардаанд ва ҳамчунон мунтазири ин рӯз нишастаанд. Вай гуфт, имрӯз дар ҳукумати шаҳр ин масъала баррасӣ мешавад ва пас анҷоми машварат, аз натиҷаҳои он ба матбуот хабар хоҳанд дод.
Масъалаи бардоштан ва тахриби бинои ошхонаҳо ва манзилҳои зист ба хотири сохтмони биноҳои маъмурӣ, тайи як даҳсола дар пойтахт идома дорад. Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар соли дар соли 2012 тахриби манзилҳои зист ва дигар биноҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, қисмати ғарбии шаҳри Душанбе буд, то майдони бунёди Боғи фарҳангу истироҳат омода гардад. Ва дар маҷмӯъ 48 хона дар ин маҳалла тахриб шуд, вале то кунун баъзе аз сокинони он бо манзили зист таъмин нашудаанд.