Мизи гирди Радиои Озодӣ: Чаро интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шуд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки ба зудӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум бардошта хоҳад шуд, аммо санаи дақиқеро ба забон наоварданд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “таъмири хатҳои интиқоли барқ дар ҳоли анҷомёбист. Бовар дорам, муштариён барои ин ногуворие, ки аз маҷбурӣ чанд рӯз боз пеш омадааст, моро мебахшанд.”