Президенти Алҷазоир дар пайи эътирозҳои мардумӣ истеъфо дод

Баъд аз шаш ҳафтаи тазоҳуроти осоиштаи мардум, Абдулазиз Бутафлиқа, раиси ҷумҳури Алҷазоир аз мақомаш истеъфо дод. Телевизиони давлатӣ хабар дод, раиси ҷумҳури солхӯрда, ки 20 сол боз раҳбари Алҷазоир буд, Шӯрои конститутсиониро аз қарораш хабардор карда ва гуфтааст, аз рӯзи 2-юми апрел дигар аз мақоми раиси ҷумҳур даст кашидааст.

Хабари истеъфои Бутафлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд.

Дар наворҳои телевизион дида мешавад, ки раиси Сенат ё Маҷлиси Умма низ ҳузур дорад. Бар асоси Қонуни асосии Алҷазоир, раиси Сенат ба таври муваққат ва ба муддати 90 рӯз назорати ҳукуматро дар даст хоҳад дошт.

Абдулазиз Бутафлиқа дар баёнияе, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, гуфтааст, "ман ин тасмимро гирифтам, то ба ихтилофҳо дар кишвар поён диҳам".

Ӯ, ки 82 сол дорад, баъди гирифтор шудан ба сактаи мағзӣ дар соли 2013 дар мазҳари ом аҳёнан дида мешуд.

Эътирозҳои мардумӣ алайҳи Абдулазиз Бутафлиқа дар Алҷазоир.

Бутафлиқа дар моҳи феврали имсол эълон кард, барои бори панҷум дар интихоботи президентӣ номзад мешавад. Эълони ин хабар эътирозҳоеро дар ин кишвари африқоӣ ба миён овард ва боис шуд Бутафлиқа ин тасмими худро дигар кунад.

Хабари истеъфои Бутафлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд. Низомиёни Алҷазоир изҳороти пешинро напазируфтанд, ки гуфта шуд, президент то поёни давраи чаҳоруми раёсати худ - 28-уми апрели имсол дар мақомаш хоҳад монд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ зуд барканор шавад.

Бар асоси Қонуни асосии Алҷазоир дар сурати аз мақомаш рафтани раиси ҷумҳур салоҳиятҳои ӯро раиси палатаи болоии порлумон бар дӯш мегирад ва то 90 рӯз ва ё замони баргузории интихобот, раиси ҷумҳури муваққат мемонад.

Ҳоло ин вазифа бар дӯши Абдулқодир Бинсалоҳ, раиси палатаии болоии порлумон аст. Шоми 2 апрел садҳо нафар аз мардум ба кӯчаҳои пойтахти Алҷазоир омада ва аз истеъфои раиси ҷумҳур изҳори хурсандӣ карданд.

Бутафлиқа аз соли 1999 президенти Алҷазоир буд. То расидан ба мақоми президентӣ ӯ дар мансабҳои баланд, аз ҷумла аз соли 1963 то 1979 дар мақоми вазири корҳои хориҷии Алҷазоир кор кардааст.