Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 5-7-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Чунонки сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа ширкати беш аз 500 варзишгар (мардону занон) аз 78 кишвар дар назар аст.
Ба иттилои ин манбаъ, тибқи дархости Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар пешниҳод шудааст: Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни зери 66 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни беш аз 100 кг).
Рӯзи аввали рақобатҳо - 5-уми апрел - занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи шанбеи 6-уми апрел барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 кг ва 70 кг миёни занон ва 73 кг ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбеи 7-уми апрел бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн – 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.
Ба ин тартиб, Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов 5-уми апрел, Акмал Муродов 6-уми апрел ва се нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов - 7-уми апрел рақобат мекунанд. Бояд гуфт, ки гуштигирон пас аз вазнкашӣ ва қуръакашӣ вориди рақобат мешаванд.
Ғолибон ва ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Анталия ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд. Барои ҷойи аввал 3000 доллар, барои ҷойи дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000-долларии ИМА супурда хоҳад шуд.
Инчунин Гран-прии ҷудо дар Анталия ба варзишгарон имкон медиҳад, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.
Ёдовар мешавем, дар Гран-прии ҷудо, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Анталия баргузор шуда буд, Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ кард: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов.
Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳи Устопириён медал ба даст овард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Финляндия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Маммадалӣ Меҳдиевро аз Озарбойҷон шикаст дода, ба финал баромад.
Рақиби Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманя Маҷдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони тоҷик хотима ёфт ва ӯ бо медали тилло мукофотонида шуд. Комроншоҳ соли 2017 дар ин мусобиқа соҳиби медали нуқра гардида буд.
“Мақсади аслии ман гирифтани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мебошад. Орзу дорам, ки соҳиби медали олимпӣ шавам. Инчунин мехоҳам дар чемпионати имсолаи ҷаҳон, ки моҳи август дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, соҳиби ҷоиза гардам ”, - гуфт Комроншоҳи Устопириён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Дар ҳамин ҳол Комроншоҳи Устопириён дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар вазни зери 90 кило дар байни 393 гуштигир бо 3443 имтиёз дар ҷойгоҳи даҳум ва дар раддабандии олимпӣ дар миёни 254 нафар бо 512 имтиёз дар ҷойгоҳи 26-ум қарор дорад.