Интихоботи маҳаллӣ дар Туркия -- пешсафии мухолифон дар Измиру Анқара

Бо вуҷуди пештозии ҳизби ҳокими "Адолат ва тараққӣ" дар интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳои Туркия, аммо мухолифон муваффақ шудаанд пас аз 25 сол дар пойтахт Анқара ба пирӯзӣ бирасанд ва дар Истанбул низ орои зиёди интихобкунандагонро аз худ кунанд.

Дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара Мансур Явош, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ -- ҳизби аслии мухолифи ҳукумат, муваффақ шудааст, наздик ба 50 дарсади раъйҳоро дар интихоботи шаҳрдориҳо аз они худ кунад. Ба ин ҳисоб, Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ муваффақ шудааст ба 25 соли ҳузури Ҳизби адолат ва тараққӣ дар пойтахти он кишвар поён диҳад.

Эрдуғон дар ҷараёни корзорҳои сиёсии пеш аз интихоботи шӯроҳо гуфта буд "ҳар онки дар Истанбул ба пирӯзӣ бирасад дар Туркия ба пирӯзӣ расидааст."

Дар Истанбул -- калонтарин ва сераҳолитарин шаҳри Туркия рақобатҳо бисёр бо шиддат гузаштааст. Хабаргузории давлатии Туркия нахуст гузориш дода буд, ки бо шумориши 97 дарсади сандуқҳо, Бинали Йилдрам, номзади Ҳизби адолат ва тараққӣ бо 48,70 дарсади раъйҳо аз Акрам Имомоғлу, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ бо 48,45 дарсади раъйҳо, пештар мебошад.

Чанд соат баъд дар соатҳои аввали рӯзи душанбе оқои Имомоғлу гуфт, ӯ 29 ҳазор раъйи бештар ба даст оварда ва пирӯзи ин рақобат аст. Чанд лаҳза баъд аз ӯ, дафтари Ҳизби адолат ва тараққӣ низ номзади ин ҳизбро бо 4 ҳазор раъйи бештар, баранда эълон кард.

Номзади мухолифони ҳукумат гуфтааст, натиҷаҳое, ки ба дасти ҳизби ӯ расидааст, аз он ҳикоят дорад, ки ҳизби онҳо дар Истанбул ба пирӯзӣ расидааст ва ҳизби ҳоким "дигар қодир нест ин фосиларо тағйир диҳад". Акрам Имомоғлу, номзади мухолифон дар Истанбул аз хабаргузории давлатии "Анадолу" интиқод кардааст, ки бо вуҷуди тағйирот дар натиҷаҳои раъйҳо, гузориши қаблии худро нав накардааст.

Истанбул шаҳре аст, ки оқои Эрдуғон бо пирӯзӣ дар интихоботи шаҳрдории он дар соли 1994 қадам ба роҳе гузошт, ки акнун ӯро ба қудратмандтарин фарди кишвараш табдил кардааст. Ӯ дар ҷараёни корзорҳои сиёсии пеш аз интихоботи шӯроҳо гуфта буд "ҳар онки дар Истанбул ба пирӯзӣ бирасад, дар Туркия ба пирӯзӣ расидааст."

Дар Измир -- савумин шаҳри калони Туркия, Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ ҳамон тавр, ки пешбинӣ мешуд, бо фарқияти ниҳоят зиёд пирӯз шудааст. Дар минтақаҳои асосан курднишин дар ҷануб-шарқи Туркия низ ҳизби тарафдори курдҳо -- "Демократи халқҳо" муваффақ шудааст, курсиҳое, ки ҳукумат ду сол пеш ба иттиҳоми "ҳимоят аз терроризм" аз ин ҳизб гирифта буд, бори дигар аз они худ кунад. Ҳизби демократии халқҳо иттиҳомот дар мавриди иртибот бо PKK-ро радд кардааст.

Дар умум Ҳизби адолат ва тараққӣ ва муттаҳидонаш муваффақ шудаанд беш аз 50 дарсади маҷмӯи раъйҳоро дар саросари кишвар аз они худ кунад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, 56 дарсади курсиҳои шаҳрдорӣ ва шӯроҳо ба онҳо расидааст.

Бисёре аз таҳлилгарон ва хабаргузориҳои байналмилалӣ гуфта буданд, интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳо, озмуне барои ҳизби ҳоким аст, то пуштибонии мардумро дар корномаи худ бинависад.

Дар ҳоле, ки иқтисоди Туркия дар вазъияти нобасомоне аст, Эрдуғон ваъдаи рушди иқтисод ва таъсиси ҷойҳои нави кориро додааст. Ӯ айни ҳол ваъдаи мубориза бо ниманизомиёни курд дар Сурияро додааст. Дар рӯзҳои гузашта бархе дигар изҳори назарҳои Эрдуғон низ бозтоби густурдае пайдо карданд.