Интихоботи президентӣ дар Украина. Мардум чӣ мехоҳанд?

Мардуми Украина, ки аз ҷанги панҷсола дар шарқи ин кишвар хаста шудаанд, рӯзи якшанбе президенти нави худро интихоб мекунанд. Барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар 39 нафар рақобат доранд, аммо дар ин байн Петро Порошенко – раиси ҷумҳури кунунӣ, Юлия Тимошенко – нахуствазири собиқ ва Владимир Зеленский – ҳаҷвнигори шинохта пештозанд.

Петро Порошенко

Дар оғоз барои дарёфти курсии раиси ҷумҳури Украина 44 нафар номзад шуда буд. Дар аввали моҳи март панҷ нафари онҳо аз иштирок дар интихобот даст кашиданд.

Охирин назарсанҷиҳо аз пештозии Владимир Зеленский нисбат ба рақибонаш ва эҳтимоли ба даври дувум кашида шудани интихобот хабар медиҳанд. Зеленский рӯзи якшанбе пас аз овоздиҳӣ, нисбат ба натиҷаҳои интихобот ибрози хушбинӣ кард ва гуфт, "давраи фасод дар Украина ба поён расидааст."

Назарсанҷиҳо инчунин нишон медиҳанд, 35 миллион аҳолии қобили раъй дар Украина касеро раиси ҷумҳур интихоб карданӣ ҳастанд, ки ба ҷанги панҷсола бо ҷудоиталабон хотима бидиҳад, бо фасоди идорӣ мубориза кунад ва ин кишвари Шӯравии собиқро аз рукуди сиёсӣ наҷот диҳад.

Юлия Тимошенко

Агар интихобот дар як давр ҷамъбаст шавад, натиҷаи он рӯзи 10-уми апрел эълон мешавад. Дар сурати дар даври аввал муайян нашудани ғолиб, даври такрории интихоботро моҳи апрел баргузор мекунанд. Дар ин сурат, натиҷаи интихобот якуми май эълон ва маросими савгандёдкунии президенти нав охири моҳи май доир мешавад.

Субҳи якшанбе дар Украина ҳазорҳо нуқтаи раъйдиҳӣ боз шуд. Аммо дар Қрим, нимҷазираи ишғолшуда аз тарафи Русия ва вилоятҳои зери назорати ҷудоиталабони тарафдори Маскав раъйдиҳӣ баргузор намешавад.

Владимир Зеленский

Шаҳрвандони Украина дар беш аз ҳафтод кишвари дунё дар намояндагиҳои расмии ин кившар ба тарафдорӣ аз номзадҳои мариди эътимоди худ раъй хоҳанд дод. Аммо шаҳрвандони Украина, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, аз ин имкон маҳруманд. Онҳо барои раъйдиҳӣ бояд ба сафорати Украина дар Узбекистон бираванд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ҷараёни интихоботро беш аз ду ҳазор нозир аз 19 созмони байналмилалӣ ва 17 кишвари хориҷӣ назорат доранд. Аммо дар миёни онҳо намояндагони Русия нестанд. Кишвари ки аз тарафи порлумони Украина ба унвони “таҷовузгар” эътироф шудааст ва ҳаққи фиристодани нозирони худро ба ин кишвар надорад.

Мардуми Украина ва хориҷиҳо умед доранд, барандаи интихобот ин дафъа суботу оромиро ба Украина, ки шадидан ба он ниёз дорад, бозгардонда, ислоҳотро дар ин кишвар пиёда созад. Украина як муттаҳиди муҳими Ғарб дар баробари Русия дониста мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи президентии Украина. ВИДЕО

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таҳқиқот: Зеленский дар бораи як хонааш дар Итолиё хабар надод. ВИДЕО

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳамсарони номзадҳо ба мақоми президентии Украина кӣ ҳастанд ва чӣ доранд? ВИДЕО