Зафари Сӯфӣ: "Ихроҷи ман аз Иттиҳодияи адибон фоҷеа нест, аммо ноҳаққӣ аст"

Зафари Сӯфӣ

Зафари Сӯфӣ – шоир ва муассиси хабаргузории “Озодагон” – аз узвияти Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон берун карда шудааст. Ӯ аз соли 2004 узви ин созмони эҷодӣ буд.

Ҳоло агар онҳо фикр карданд, ки мавқеи иҷтимоии ман дар дифоъ аз мардум бо мавқеи онҳо созгор нест, ҳалолашон бод. Бигзор дар мавқеи чоплусии худ бошанд.
Зафари Сӯфӣ

Ба хотири "мавқеи иҷтимоӣ"?​

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 30-юми март дар шабакаи Фейсбук далели чунин тасмимро “иштирок накардани Зафари Сӯфӣ дар ҳаёти Иттифоқи нависандагон ва мувофиқат накардани мавқеи иҷтимоияш бо мавқеи иҷтимоии Иттифоқи нависандагон” шарҳ дод.

Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагон, рӯзи 30-юми март дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “сабаби ронда шудани чанд нафар ин аст, ки аз иттифоқ бисёр дур шуданд ва бо он ягон робита надоранд. Ба иттифоқ ягон ҳисобот пешниҳод намекунанд. Дур аз Ватан ҳастанд ва талаботи оинномаро иҷро карда наметавонанд.”

Чанд "шарт"-и узвият

Низом Қосим

Ҳамсуҳбати мо афзуд, мувофиқи оиннома аъзои Иттифоқи нависандагон вазифадоранд, ки “бо он робитаи доимӣ дошта бошанд, аз охирин таҳавуллоти адабии кишвар огоҳ бошанд, ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шаванд ва ҳаққи узвиятро пардохт намоянд”.

Эълони ихроҷи Зафари Сӯфӣ аз сафи Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик, рӯзи 30-юми март дар Фейсбук навишт, “ҳатто дар соли 1937 чунинашро надида будем. Шоир Зафари Сӯфиро барои мавқеи рӯшани иҷтимоиаш аз узвияти Иттиҳодияи нависандагон хориҷ карданд.”

Афроди огоҳ мегӯянд, дар даврони Шӯравии собиқ бештар шоирону нависандаҳои “гапнодаро” аз ин тариқ аз узвияти иттиҳодия берун карда мешуданд. Аммо дар таърихи Тоҷикистони мустақил чунин ҳодиса бесобиқа будааст.

"Ҳаволаи виҷдонашон мекунам"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зафари Сӯфӣ: Гоҳ ҷосуси Узбекистон ва гоҳ зархариди Эрон мегуфтанд...

Зафари Сӯфӣ, шоир ва хабарнигори тоҷик, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад, рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан дар бораи ихроҷ шуданаш аз Иттиҳодияи адибон огоҳӣ нагирифта буд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, бо муовини раиси Иттиҳодия дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста тамос дошт.

“Ҳеч вақт нагуфта буданд, ки чунин чизе дар назар аст. Ба ҳар ҳол, қарор қабул шудааст ва агар ҷиддан гӯем, барои ман фоҷеа нест”, - афзуд ӯ.

Аммо Зафари Сӯфӣ гуфт, нисбат ба ӯ “ноҳаққӣ шудааст”. “Ба чӣ хотир? Як нафари гумномтаринро, ки шояд ба ҷуз аз аҳли хонаводааш каси дигар нашиносад, узви иттифоқ кардаанд ва номаш дар қатори номи Лоиқ Шералӣ гирифта мешавад. Вале моро берун карданд. Арз кардам, ки фоҷеа нест. Аммо ноҳаққӣ шудааст ва инро ҳаволаи виҷдонашон мекунам.”

Ин шоир ва хабарнигори тоҷик солҳои охир дар Қирғизистону Русия мезист ва чанд моҳ қабл дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудааст. Ӯ тайи солҳои охир дар шеъру навиштаҳояш аз вазъи бади озодии баёну андеша, беамалии баъзе мансабдорон ва ҳамчунин шароити ногувори зисти сокинон дар кишвар танқид кардааст.

"Ҳеч гоҳ аз мардум дур набудам"

Ӯ мегӯяд, агар ба хотири чунин мавқеъгириҳояш аз узвияти Иттиҳодияи нависандагон берун кардаанд, “ҷои ифтихор аст”:

  • ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Вақте хонанда нест, нависанда чӣ гуна метавонад пайдо шавад?"“Дар асри 21 мардуми Тоҷикистон бо лимит барқ мегиранд. Вақте сиёсатҳои иштибоҳи ҳукуматро як нафар ба хотири мардумаш мегӯяд, магар душманӣ аст? Ҳукумат хидматгори мардум аст. Магар ман омадам ва вокуниш кардам, ҷиноят кардам? Ҳеч мавқеъ аз мардум дур набудам. Ҳоло агар онҳо фикр карданд, ки мавқеи иҷтимоии ман дар дифоъ аз мардум бо мавқеи онҳо созгор нест, ҳалолашон бод. Бигзор дар мавқеи чоплусии худ бошанд. Солҳое фаро хоҳанд расид, ки мардум хоҳад гуфт, фалониро барои дидгоҳи фарқкунандааш аз ҳукумат аз узвияти Иттифоқи адибон ихроҷ карда буданд. Аз ин тариқ барои мондан дар таърихи кишвар гӯшае боз шуд.”

Зафари Сӯфии 55-сола муаллифи китобҳои ашъори “Наҷво” (1991), “Пажвоки дардҳои гунг” (2000), “Пушти пардаи пиндор” (2003) ва “Садои сукут” (2006) аст, ки дар Душанбеву Теҳрон ва Машҳад нашр шудаанд. Дар бахши тарҷума низ корҳое анҷом додааст, ки намунаи он ду филми бадеӣ ва чанд намоишнома мебошад, ки бархе аз онҳо то ҳол дар Театри лӯхтаки пойтахт ба намоиш гузошта мешаванд.

Фаъолияти хабаргузории «Озодагон» соли 2017 ва фаъолияти нашрияи «Озодагон» охири соли гузашта қатъ шуд. Зафари Сӯфӣ мегӯяд, тасмими қатъи фаъолияти ин ду расона, ки муассисаш ӯст, зери фишори мақомоти Тоҷикистон гирифта шудааст.

"Поккорӣ" дар Иттиҳодияи нависандагон

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гулназар: "Бо ин вазъи молӣ на Лоиқи дигар меояд, на Бозору Гулрухсор. ВИДЕО

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тайи се соли охир ба поккории сафи худ машғул аст. Дар ин муддат даҳҳо нафарро барои “тасодуфӣ будан” дар ин созмони эҷодӣ берун кардааст. Аммо бори аввал аст, ки як нафар барои “мавқеи иҷтимоии фарқкунандаи худ” аз сафи Иттиҳодияи адибон ихроҷ карда мешавад.

Коршиносон мегӯянд, солҳои охир назорати мақомот аз рӯи фаъолияти адибон ҳам шадид шудааст ва онҳо ба ҷойи эҷоди асарҳои дархӯри замон, аз ҷумла дар мавзӯи муҳоҷирату бекорӣ, бештар ба эҷоди китобу таронаҳои ситоишӣ дар васфи мақомот рӯй овардаанд.