Афсона Акобиршоева барандаи ҷоизаи “ТОП-50” шуд. ВИДЕО

Афсона Акобиршоева

Афсона Акобиршоева, хабарнигори Радиои Озодӣ, барои «саҳмаш дар рушди ҷомеа» бо ҷоизаи “Топ-50” ё хушсалиқаҳои пойтахт қадрдонӣ шуд. Радиои «Ватан» рӯзи 29-уми март озмуни 50 фарди хушсалиқаи шаҳри Душанберо ҷамъбаст кард.

Акобиршоева аз нахустин духтароне буд, ки барои озори лафзӣ дар хиёбонҳои Душанбе ба пулис шикоят бурд. Ӯ моҳи августи соли 2018 дар кӯчаи марказии Душанбе мавриди ҳамлаи лафзиву бадгуфторӣ ва ҳаракатҳои таҳқиромези чанд ҷавон қарор гирифт. Ҳамон замон тасмим гирифт, ки ором набошад ва ба пулис расман шикоят кард. Додгоҳ ҷавононро водор намуд, ки аз ӯ узр пурсанд ва ҷарима пардохт кунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афсона Акобиршоева барандаи ҷоизаи “ТОП-50” шуд

Афсона Акобиршоева гуфт, бо ин амалаш фақат мехост аз бадрафторӣ дар кӯчаҳои Душанбе ва озори лафзии мардон нисбат ба духтарону занон ҷилавгирӣ кунад. “Мехостам ба духтарони ҷавон нишон диҳам, ки қонун ҳаст ва онҳо метавонанд дар ҳар ҳолат аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд. Бисёр мехоҳам, занони мо хуб дарк кунанд, ки касе ҳақ надорад ҳуқуқи онҳоро поймол кунад”, - афзуд ӯ.

Ин рафтори Афсона Акобиршоева боис ба баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот шуд. Баъди чанде гурӯҳи дигари занону духтарон аз мақомот хостанд, ки барои ҷилавгирӣ аз озори занон дар хиёбонҳо даст ба кор шаванд. муроҷиат карданд.

Ин нахустин чунин маъракаи ҷамъиятии бозе буд, ки духтарони тоҷикро водор кард дар мавзӯи озори лафзиву таҳқир дар кӯчаву хиёбонҳо садо баланд кунанд. Пулиси Душанбе соли 2018 чанд ҳолати боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани мардони озордиҳандаи занонро расоанӣ кард.

Рӯзи 29-уми март дар баробари хабарнигори Радиои Озодӣ фаъолони дигари ҷомеа, аз ҷумла, Ғафур Шерматов – таърихнигору аксбардор, Муборак Рустамзода – таблиғгари таҳсили духтарони тоҷик, Искандар Усмонов – филмсоз, Мария Шехова – табиб ва Зайниддин Раҳимов – мурабии футбол ҷоизаи “Топ 50”-ро соҳиб шуданд.

Радиои «Ватан» бори ҳаштум ин маросимро баргузор кард ва масъулонаш гуфтанд, ки панҷоҳ хушсалиқа тариқи раъйдиҳӣ интихоб гардиданд.

Ғолибони «Топ-50» на аз рӯи симову намуди зоҳирӣ, балки бар асоси рафтору амалашон дар ҷомеа, ки барои дигарон намунаи ибрат шудаанд, интихоб мешаванд.

Дар озмуни имсола ҳамчунин Умеда Садриддинова, нафаре ки ба занони хушунатдида кумак мерасонад ва ҳам Берта Нурова, зане, ки ҷонварони бехонаро дар паноҳгоҳе ҷо кардааст, соҳиби ҷоиза шуданд.

Имсол ба фарқ аз солҳои гузашта, озмуни хушсалиқаҳо танҳо бо Душанбе маҳдуд нашуда, ғолибон аз 4 минтақаи кишвар ҳам буданд. Миёни хушсалиқаҳои Душанбе солҳои гузашта афроди маъруфу саршиноси кишвар, аз ҷумла сафирони кишварҳои ғарбиву ҳомиёни ҳуқуқ ва сиёсатмадорон ҳам кам набуданд.

Аз ҷумла, дар ин миён чеҳраҳое чун Ойниҳол Бобоназарова, Гулрухсор Сафиева, Муъмин Қаноат, Барзу Абдуразоққов, Далер Назар, Адҳам Холиқов, Наргис Зокирова соҳиби ин ҷоиза шудаанд.