Доғҳои сиёҳ дар таърихи ҳукуматдории тӯлонии Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 ҷилави қудрат дар Қазоқистонро дар даст дошт, рӯзи 19-уми марти имсол бо эълони канор рафтан аз мақоми президентӣ бисёре аз ҳамватанонаш ва коршиносонро дар ҳайрат гузошт.

Оҳангари собиқ ва фаъоли ҳизби коммунист аз худ мероси зиддунақизе монд: Комёбии иқтисодӣ якҷо бо мудирияти худкома, ки дар ҷараёни он ҳама меъёрҳои демократӣ маҳв шуда, расонаҳои мустақил баста ва ҳамагуна эътироз ва шаклҳои мухолифат саркӯб гардиданд.

Дар гузориши ахири Human Rights Watch гуфта мешавад, ки ҳукумати Қазоқистон ҳуқуқ ба гирдиҳамоӣ, озодии сухан ва озодии динро шадидан маҳдуд мекунад. Созмони Freedom House Қазоқистонро “режими авторитарии мунсаҷим” меномад ва дар гузоришҳои худ менависад, кишвар дар даҳсолаи охир демократияро канор гузошта, бештар саркӯбгар шуд.

Дар раддабандии озодии баёни Гузоришгарони бидуни марз, Қазоқистон соли 2018 дар миёни 180 кишвар дар мақоми 158 қарор гирифт. Созмони Forum 18, қароргоҳаш дар Осло, изҳор дошт, ки Қазоқистон озодии дину эътиқодро маҳдуд мекунад ва шумори касоне, ки барои бовари динӣ зиндонӣ шудаанд, бештар мешавад.

Инчунин, ҳукуматдории Назарбоев бо чанд марги мармуз ба ҳамроҳ буд, ки бисёре аз онҳо нокушода боқӣ мондааст. Аз ҷумла, марги журналистон, фаъолон, иштирокдорони эътирозҳо, соҳибкорону сиёсатмадорон ва боздоштшудаҳое, ки ҳомиёни ҳуқуқ итиҳоми онҳоро бофта ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта "Бунёди муколамаи боз" номи на кам аз 40 қазоқистониро эълон кард, ки ҳомиёни ҳуқуқ онҳоро зиндонии сиёсӣ медонанд. Дар ин рӯйхат шумори блогнависҳо кам нест.

НОПАДИДШАВӢ ВА МАРГ

Инҷо чанд достон аз нопадидшавӣ ва марги мармузи афроде оварда мешавад, ки дар замони ҳукуматдории сисолаи Назарбоев рух додааст.

Нурӣ Муфтоҳ

Нурӣ Муфтоҳ, журналисти маъруфи 66-соларо дар соли 2002 дар шоҳроҳе мошин зад. Ӯ аз автобусе хориҷ мешуд, ки аз Тароз ба Алмато мерафт.

Журналист Алексей Пугаев, ки бештар дар мавзӯи ҳуқуқи инсон менавишт ва ношири рӯзномаи оппозитсионии "Евразия" буд, соли 2002 дар як садамаи нақлиётӣ дар маркази Алмато ҳалок шуд.

Асхат Шарифоҷонови 40-сола, журналисти мустақил ва бародари он замон раҳбари бахши қазоқии Радиои Озодӣ Мирҳат Шарифҷонро соли 2004 дар маркази Алмато беҳуш ва бо устухони шикастаи сар пайдо карданд. Ӯ баъди чанд рӯз даргузашт. Пулис гуфт, Асхат Шарифҷоновро мошин задааст, аммо дӯстон ва ҳамкоронаш мегӯянд, пеш аз он ки журналистро мошин бизанад, ба сари ӯ бо ашёи сахт зарба зада шудааст.

Асхат Шарифҷонов

Чанд рӯз қабл аз ҳодиса, Шарифҷонов бо роҳбарони мухолифон Олтинбек Сарсенбайули ва Замонбек Нуркодилов дар доираи як матлаби таҳқиқотии худ ҳамсуҳбат шуда буд. Матлабе, ки анҷомаш наздик буд, нопадид шуд. Ҳамонгуна, ки суҳбат бо раҳбарони мухолифон пас аз чанд моҳи марги Шарифҷонов аз байн рафт.

Юрий Боев, сардабири нашрияи "Талаб"-ро соли 2004 дар шаҳри Уралск, дар ғарби Қазоқистон, мошин зад ва ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Боев дар бораи моҷарои ришватхорӣ барои иҷозат додан ба истихроҷи нафт, ки бо номи "Казахгейт" маъруф аст, мақола менавишт.

Ержан Татишеви 37-сола, раҳбари яке аз бонкҳои бузурги Қазоқистон – "ТуранАлем" - моҳи декабри соли 2004, ҳангоми шикори гургон, аз зарби тир ба сараш ҷон дод. Натиҷаи тафтишот ин шуд, ки марги ӯ тасодуфӣ буд. Аммо чанде аз сиёсатмадорон изҳор доштанд, ки ҳолати машкуки марги Татишев ба қатли ӯ далолат мекунад. Мухтор Аблязов, раҳбари пешини бонки БТА, ки дар хориҷ ба сар мебарад, моҳи ноябри соли 2018 ғоибона ба ташкили қатли Татишев айбдор шуд.

Ботирхон Даримбет

Ботирхон Даримбети 54-сола, узви Шӯрои ҷунбиши мухолифон – "Интихоби демократии Қазоқистон" - ва хабарнигори собиқи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки нашрияи оппозитсисонии "Озод"-ро низ роҳбарӣ мекард, соли 2005 пас аз чанд рӯзи садамаи мармузи нақлиётӣ дар вилояти Ҷамбул даргузашт.

Замонбек Нуркодилови 60-сола, вазири собиқ ва ҳокими пешини Алмато, ки соли 2004 ба сафи мухолифон пайваста, президент Назарбоевро ба ришваситонӣ айбдор карда буд, дар хонааш дар Алмато мурда ёфт шуд. Он замон ба интихоботи президентӣ се ҳафтаи дигар монда буд. Ин ҳодиса баъди он рух дод, ки Нуркодилов изҳор дошт, ҳуҷҷатҳоеро нашр мекунад, ки вуҷуди фасод дар миёни мансабдорони баландпояро исбот мекунад. Дар бадани ӯ се пайи тир – дуто дар қафаси сина ва яке дар сар – мушоҳида шуд. Марги Нуркодилов расман худкушӣ эълон шуд.

Анастасия Новиковаи 23-сола муҷрии шабакаи НТК ва яке аз маъшуқаҳои эҳтимолии Роҳат Алиев – домоди Нурсултон Назарбоев - буд. Ӯ соли 2004 дар як шароити мармуз дар Бейрут даргузашт. Гуфта мешуд, ӯ барои таваллуд кардан ба онҷо рафтааст. Дӯстон ва наздикони Новикова гуруҳеро бо номи «Адолат барои Новикова» ташкил дода, Роҳат Алиевро ба марги маҷбурии ӯ айбдор карданд.

Оксана Никитинаи 14-сола, духтари фаъоли мухолифон Елена Никитина, моҳи октябри соли 2005 дар Алмато гум шуд. Ҷасади ӯро баъди чанд ҳафта пайдо карданд. Елена Никитина, муовини раҳбари гуруҳе буд, ки аз номзади мухолифон ба мақоми президентӣ Ҷармахон Туякбой ҷонибдорӣ мекард. Қабл аз нопадид шудани духтараш, Елена Никитана чанд дафъа аз тарафи пулис бозпурсӣ шуда ва мавриди фишор қарор гирифта буд.

Олтинбек Сарсенбайулӣ

Олтинбек Сарсенбайулии 44-сола, сафири собиқи Қазоқистон дар Русия ва вазири пешини иттилоот, яке аз раҳбарони ҳизби оппозитсионии "Нагиз Ок Жол" буд ва аз сиёсатмадорони рақиби Назарбоев дониста мешуд. Сарсенбайули ва ёвари ӯ Бауирҷон Байбосин ва ронандаи онҳо Василий Журавлев рӯзи 11-уми феврали соли 2006 нопадид шуданд. Баъди ду рӯз ҷасади онҳо бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар канораҳои шаҳри Алмато ёфт шуд.

Сакен Тауҷанов, блогнависи 37-сола бо нигоштаҳои танқидии худ алайҳи Назарбоев машҳур буд. Дар мақолаи охиринаш, ки дар вебсайти "Куб.кз" нашр шуда буд, ӯ мақомдорони қазоқро бо қаҳрамонҳои филми тасвирии "Шрек" қиёс кард. Тауҷановро соли 2007 мошини боркашон зад, замоне ки ӯ аз кӯчае дар Алмато мегузашт. Ин ҳодиса ҳамагӣ баъди панҷ рӯзи нашри мақола рух дод. Пулис гуфт, дар марги ӯ ягон амали барқасдонаро пайдо накард.

Оралгайша Омаршановаи 39-сола, хабарнигори ҳафтаномаи "Ҳуқуқ ва адолат" буд, ки занозании қавмии чеченҳову қазоқҳоро дар вилояти Алмато таҳқиқ мекард. Ӯ рабт доштани ин ҳодисаро бо сиёсати бузург меомӯхт. Омаршанова охири моҳи марти соли 2007 нопадид шуд ва бо гузашти 12 сол дар мавриди ӯ чизе маълум нест.

Роҳат Алиев

Роҳат Алиеви 52-сола, домоди собиқи Назарбоев моҳи феврали соли 2015 дар зиндони Вена овезон ёфт шуд. Ин ҳодиса чанд рӯз пеш аз он рух дод, ки ӯ дар додгоҳ бояд вобаста ба парвандаи куштори ду мудири аршади бонки қазоқӣ шоҳидӣ медод. Алиев бо духтари калонии Назарбоев – Дариға Назарбоева оиладор буд. Алиевро баъди баҳс бо падарарӯсаш, соли 2007 аз Дариға Назарбоева ҷудо карданд.

Алиев яке аз муттафиқони наздики Назарбоев дар тӯли солҳои зиёд буд. Ӯ дар ҳукумати Қазоқистон мақомҳои баландеро ишғол мекард. Муносибати Роҳат Алиев бо падарарӯсаш замоне вайрон шуд, ки ӯ соли 2007 ба таври ошкор Назарбоеро танқид кард ва эълон намуд, ки дар интихоботи оянда номзадиашро пешбарӣ мекунад.

Падари Алиев, ки соли 2007 бо ӯ ба Аврупо фирор карда буд, баъди чанде ба ватан баргашт. Мухтор Алиев як моҳ пеш аз онки писараш дар зиндони Вена мурда пайдо шавад, дар Қазоқистон даргузашт. Мақомдорони Австрия марги Роҳат Алиевро худкушӣ номиданд. Аммо коршиноси додгоҳии машҳур ба хулосае омад, ки Алиевро аввал бӯғӣ карда ва сипас ба банди дор овехтаанд.

Муовини раҳбари "Нурбонк" Жолдас Тимралиев ва мудири аршади ин бонк Айбар Ҳасановро соли 2007 дар Алмато гумшуда эълон карданд. Баъди чанд сол ҳукумат хабар дод, ки ҷасади онҳо аз дохили қуттии ахлот пайдо шудааст. Тимралиев ва Ҳасанов баъди чанд ҳафтае нопадид шуданд, ки Тимралиев ва мудири дигари "Нурбонк" изҳор доштанд, Роҳат Алиев онҳоро як шабонарӯз дуздида, латту кӯб намуд ва маҷбур сохт, бинои бонкро дар Алмато ба ӯ фурӯшанд. Дар натиҷа мақомоти Қазоқистон Алиевро ба куштори бевоситаи ин бонкдорон айбдор карданд.

ҲОДИСАҲОИ ЖАНАОЗЕН

Жанаозен

Дар моҳи декабри соли 2011 дар натиҷаи тирпаронӣ ба тарафи истихроҷгарони нафт, ки дар шаҳри Жанаозен бо талаби боло бурдани маош ва беҳтар кардани шароит гирдиҳамоии сулҳомез доштанд, ба камиаш 17 нафар кушта шуд. Эътирозгарон изҳор доштанд, ки дар натиҷаи истифодаи яроқи оташфишон аз сӯи пулис, даҳҳо нафар кушта шудаанд, аммо мансабдорон шумораи хеле камро нишон медиҳанд.

БОЗДОШТ, ТАЪҚИБ ВА ҲУКМИ ЗИНДОН

Дар замони ҳукуматдории Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон, даҳҳо мақомдори собиқ, соҳибкорону журналистон ва фаъолон дастгир ва ба маҳбас андохта шуданд ё бисёриҳо баъди таъқиб ба хориҷ фирор карданд.

Мухтор Аблязов

Мухтор Аблязов, раиси собиқи БТА бонк, вазири пешини энержӣ, саноат ва тиҷорати Қазоқистон ва бунёдгузори ҷунбиши мухолифи "Интихоби демократии Қазоқистон" соли 2009 ба Бритониёи Кабир фирор кард ва дар онҷо паноҳандагии сиёсиро ба даст овард. Дар ватан ӯро ба ғорати миллиардҳо доллар пули бонки БТА айбдор карданд. Аблязовро, ки дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт, дар Фаронса боздошт намуда, ба зиндон андохтанд. Ӯ се сол дар маҳбас буд ва озод шуд. Раҳбари собиқи хадамоти бехатарии Аблязов – Александр Павлов, ки низ мақомоти Қазоқистон ҷустуҷӯ мекарданд, дар Испания боздошт шуд ва се солро паси панҷара гузаронд.

Акеҷон Кажегелдин

Акеҷон Кажегелдин, нахуствазири Қазоқистон дар солҳои 1994-1997, пас аз истеъфояш Назарбоевро ба роҳбарии авторитарӣ танқид кард. Кажегелдинро ба интихоботи президентии соли 1999 роҳ надоданд ва баъдан ба ташкили табаддулоти давлатӣ айбдор намуданд. Ӯ соли 1999 ба ғарб рафт ва айни ҳол дар Лондон қарор дорад.

Баъди истеъфои Назарбоев, ӯ дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее Время", гуфт, ки омодааст дар интихоботи президентии ояндаи Қазоқистон иштирок кунад, агар он озодона ва одилона баргузор шавад.

Мухтор Ҷакишев, раҳбари пешини ширкати миллии "Казатомпром", соли 2009 бо иттиҳоме рӯбарӯ шуд, ки бино ба гуфтаи аксари нозирон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ҷакишевро соли 2010 ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.

Татяна Параскевия, раҳбари раёсати гуруҳи саноативу сармоягузории "Евразия", ки якҷо бо Мухтор Аблязов кор мекард, соли 2012 ба Ғарб гурехт ва дар ҷумҳурии Чех ҷойгир шуд. Ӯ ду сол дар Чехия дар боздоштгоҳ буд ва дар ин муддат масъалаи истирдоди ӯ ба Қазоқистон баҳс мешуд. Мақомоти Қазоқистон ӯро ба ғоратгарӣ ва забон як кардан бо "гуруҳи ҷиноии Аблязов" айбдор карданд.

Ҳалимҷон Жакиянов

Ҳалимҷон Жакиянов, ҳокими пешини вилояти Павлодар, тоҷир ва раҳбари мухолифон аз соли 2002 то 2006 бо ҷурми сӯиистифода аз мақом зиндонӣ шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ӯро зиндонии сиёсӣ эътироф карданд. Пас аз одозшавӣ Жакиянов аз Қазоқистон ба Амрико рафт.

Журналист ва сиёстмадор Владимир Козлов соли 2005 ҳизби мухолифи «Олға»-ро асос гузошт. Вай дар интихоботи соли 2011 номзадиашро пешбарӣ карда буд, аммо ӯро ба интихобот роҳ надоданд. Козловро соли 2012 ба барангехтани низои қавмӣ ва иҷтимоӣ ва ҳимоят аз эътирозгарон дар Жанаозен айбдор карданд. Вай ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум шуд. Козлов соли 2016 озод гардид.

Муродбек Кетебоев, муовини собиқи вазири иқтисод ва раҳбари ҳизби мухолифи "Олға" соли 2010 Қазоқистнро тарк кард, пас аз онки як маъракаи фишор ба нашрияи мустақили "Республика" оғоз шуд. Ӯ дар ин нашрия дар бораи ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ дар ҳукумат мақола менавишт. Кетебоевро дар ташкили таркиш айбдор карданд. Ӯ дар Лаҳистон ба сар мебарад, ҷое, ки паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст.