Бег Сабур дар бораи қарзи андоз, пайвандӣ бо президент ва мушкили бехонаҳо. ВИДЕО

Бег Сабур. Рӯзи 29-уми марти соли 2019

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки пайваста барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва маҳдудияти интернет танқид мешавад, гуфт, гузоришҳои охир дар бораи мушкилот дар кору зиндагиаш "ҳақиқат надорад". Ӯ гуфт, мисли қабл вазифаи худро иҷро мекунад. Бег Сабур рӯзи 29-уми март розӣ шуд, ки дар утоқи кориаш дар Хадамоти алоқа ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух диҳад.

Мехоҳам, ки бехонаҳо кам шаванд. Онҳое, ки дар таҳхона зиндагӣ мекунанд ё дар як хона чанд оила ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол доранд, ба манзил дастрасӣ дошта бошанд. Як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, дар кӯчаҳои мо одамони бехонаро набинад

Дар бораи қарздорӣ аз андоз

Ахиран баъзе аз сомонаҳои интернетӣ навиштанд, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз Кумитаи андоз 90 миллион сомонӣ қарздор шуда, равобити хонаводагии писари ӯ бо духтари президент қатъ гардидааст.

Бег Сабур гуфт, қарзи ниҳоди зери раҳбариаш ҳудуди як миллион сомонӣ буда, “қарзи ҷорӣ” аст, ки давра ба давра пардохт мешавад.

“Ҳудуди даҳ рӯз дар Кӯлоб будам. Агар идораи андоз ҳам ба дари мо муҳр мезад, ин корро метавонист. Аммо ин ҳама асос надорад. Мо ҳар моҳ андозро месупорем, мушкил ҷой надорад. Аз вазифа рафтани ман ин танҳо салоҳияти президент аст. Ман ҳанӯз намедонам, ки маро имрӯз аз раҳбарии Хадамоти алоқа озод мекунанд, фардо ё як соли баъд. Инро касе намедонад”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бег Сабур дар бораи қарзи андоз ва пайвандӣ бо президент

Қудогӣ бо президент

Ин мансабдори тоҷик аз он нигаронӣ кард, ки баъзан ҳангоми танқид аз кори ӯ ба зиндагии хонаводагии фарзандонаш дахолат мешавад. Бег Сабур ҳамагуна хабарҳоро дар бораи гӯё ҷудошавии писари ӯ аз духтари раисҷумҳур рад кард. Ӯ гуфт, аъзои оила аз шунидани ин хабар ҳайратзада шудаанд.

Зарина Раҳмонова, духтари шашуми президент ва муовини раиси "Ориёнбонк” бо Рамз Зуҳуров, писари Бег Сабур соли 2014 издивоҷ кардааст.

Зарина Раҳмонова соли 2010 ба ҳайси наттоқи телевизион пайдо шуд

“Чанд рӯз пеш бо аҳли хонавода, аз ҷумла писару келинам, дар як тарабхона нишаста будем. Инро чандин нафар дидааст. Агар зарур бошад, омада бубинанд, ки писару келинам дар куҷо ҳастанд. Писару духтар якдигарро писандида, оиладор шуданд. Аммо одамон ба ман ишора мекунанд, Бег Сабур ин асту он аст”, - гуфт ӯ.

Ӯ афзуд, Рамз Зуҳуров ва Зарина Раҳмонова соҳиби як фарзанд шудаанд, ки дар натиҷаи беморӣ даргузаштааст.

Бег Сабур гуфт, “қудо шудан бо президент осон нест. Худатон ҳам фикр кунед. Ин нафар бо президентҳои дунё гуфтугӯ мекунад ва имкониятҳои худро дорад. Метавонад бо тамоми нерӯву тавоноии худ таҳлил кунад. Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам”.

Дар бораи сохтмон ва тиҷорат

Бег Сабур яке аз мансабдороне аст, ки дар баробари кори давлат ба тиҷорат машғул аст ва ҳамин мавзӯъ мояи интиқоди ӯ мебошад. Дар як таҳқиқоти журналистӣ, ки аввали моҳи марти имсол дар "Cabar" (як бахши Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ)чоп шуд, хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад.

Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Бег Сабур

Бег Сабур ба сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбеву Кулоб машғул аст. Ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани мансабдорони давлатиро манъ кардааст, ӯ ба тиҷорати манзилҳои навсохт дар ҳуҷраи кориаш машғул аст. Вақте мо вориди бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шудем, дар роҳрави ин бино омадурафти мардуми зиёд мушоҳида мешуд. Чун ҳамеша яке барои харидани аз биноҳои навсохт назди Бег Сабур медаромаданд, дигаре барои корҳои идории хадамот.

Сохтмони бузурги манзилҳо аз тарафи ширкати “Комил-2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт яке аз тиҷоратҳои Бег Сабур ва хонаводааш гуфта мешавад. Худи ӯ мегӯяд, машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани “шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо” дар кишвар аст. Ӯ як сабаби ба кундӣ пеш рафтани ин сохтмонҳоро ба ворид кардани кранҳои борбардори пурқудрат рабт дод, ки ба гуфтааш, рӯзҳои наздик аз Чин ворид мешавад.

“Мехоҳам бехонаҳо кам шаванд. Онҳое, ки дар таҳхона зиндагӣ мекунанд ва ё дар як хона чанд оила зиндагӣ карда, ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол доранд, ба манзил дастрасӣ дошта бошанд. Як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, дар кӯчаҳои мо одамони бехонаро набинад”, - гуфт ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Чаро Тоҷиктелеком аз ширкатҳои дигар боло бошад"?

Тасмими боло бурдани нархи интернет

Бег Сабурро дар матбуот барои маҳдуд кардан ва зери назорати шадид гирифтани Интернет ва ҳангоми сар задани ҳодисаҳои хабарсоз дар кишвар – бастани вебсайтҳои хабаррасон интиқод мекунанд. Дар миёни ин шабакаву вебсайтҳо дар солҳои ахир барои як муддат дастрасӣ ба вебсайтҳои Радиои Озодӣ, “Азия-Плюс”, шабакаҳои Facebook, YouTube ва дигарон масдуд шудааст.

Яке аз баҳсҳои доғе, ки чанд ҳафтаи охир идома дорад, марбут ба тасмими мақомот дар заминаи боло бурдани нархи интернет ва бахусус интернети мобилӣ аст. Дар як қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз 4-уми март гуфта шудааст, ки бояд аз 27-уми март нархи як мегабайт интернети мобилӣ на кам аз 5 дирам фурӯхта шавад. Ин тасмим боис ба интиқоду норизоияти зиёди корбарон шудааст ва ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ҳоло аз роҳи музокира бо мақомот талош доранд, ки нархро поин биоранд.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, бе ин ҳам нархи интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз аз Туркманистон, гаронтарин аст. Барои мисол, даҳ гигабайт интернети мобилӣ дар Қирғизистон ду доллар, дар Узбекистон 12 ва дар Тоҷикистон 15 доллар аст.

Баъзе намояндагони ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон бе зикри номашон мегӯянд, тасмими боло бурдани нархи интернет ба зарари онҳо ва ба фоидаи ниҳоди зери раҳбарии Бег Сабур аст.

Худи ӯ рӯзи 29-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боло бурдани нархи интернет ба хотири пӯшонидани хароҷоти гуфтугӯи зангҳои телефонӣ аст, ки сокинон солҳои ахир аз он камтар истифода мекунанд."

Бег Сабур

Бег Сабур (Зуҳуров) соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъйин шуд ва аз он замон то кунун раёсати ин ниҳодро бар дӯш дорад. Номи ӯ чанд дафъа бо ҳодисаҳои муҳими кишвар дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд ва ӯ гуфт, "як тир тамоми алоқа бо вилоятро канд".

Ӯ ҳамчунин солҳо боз барои суръати пасту нархи баланди интернет ва масдуд кардани вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мавриди танқид аст. Чанд дафъа дар бораи аз кор рафтани ӯ гузоришҳо пахш шуд, аммо тасдиқ нашуд.