Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси маҳалла интихоб мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони маҳаллаи Голчук дар Туркия шояд ҳайрон шаванд, ки чаро Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои раиси маҳаллаи онҳо шудан вориди интихобот шудааст. Туркия рӯзи 31-уми март интихоботи мақомоти маҳаллиро дорад ва дар Голчук ҷавоне бо айни ном Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои раиси маҳалла шудан мубориза мебарад.