Манбаъ: "Болоравии нархи интернет дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд" ВИДЕО

Як манбаи огоҳ хабар дод, ки масъалаи боло бурдани нархи интернет рӯзи 28-уми март дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ба қавли манбаъ, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, дар ин ҷаласа гуфтааст, "бо тасмими боло бурдани нархи интернет зид аст, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашму норозигии сокинонро ба бор овард". Ӯ инчунин гуфтааст, "воқеан солҳои охир даромад аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ шадидан кам шудааст".

Дар ҳоли ҳозир тасдиқи дурустии ин хабар аз мақомоти расмӣ имконпазир нест. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми март аз баргузории маҷлис хабаор дод, вале ба мавзӯи баҳси нархи интернет ҳеч ишора накард.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ мегӯяд, президент дар ҷаласаи ҳукумат назари Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андозро дар мавриди боло бурдани нархи интернет пурсидааст. Давлатзода гуфтааст, нархи интернет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигар “хеле поин аст”. Ӯ афзудааст, боло бурдани нархи интернет ҳамчунин “ба ҳифзи амният дар кишвар” кумак мекунад.

“Раиси ҷумҳур ба Азим Иброҳим, муовини нахуствазир дастур додааст, ки қазияро бисанҷад ва ба ӯ гузориш диҳад”, - афзуд манбаъ.

Посухи ҳайратовари Хадамоти зиддимонополӣ дар бораи нархи интернет

Бинои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон

Дар ҳоле ки сокинон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз болоравии нархи интернет дар кишвар нигаронанд, Хадамоти зиддимонополӣ дар посухи расмӣ онро “яке аз арзонтаринҳо” донистааст.

  • Масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, бо талаби ширкатҳои мобилӣ нархи интернетро бозбинӣ доранд ва шояд рӯзҳои наздик нархномаи нав эълон шавад. Қаблан Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи як мегабайт интернетро на кам аз 5 дирам муқаррар карда буд. Дар он сурат нархи як гигабайти он бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда тақрибан ба 70 сомонӣ баробар мешуд.
Муайян гардид, ки дар байни 50 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон бо арзонтарин арзиши интернети мобилӣ дар ҷойи 19 қарор дорад. Арзиши миёнаи 1 мегабайти интернети мобилӣ ба 0,024 сомонӣ баробар мебошад
Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Сокинон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мухолифи ин қарор баромаданд ва пофишорӣ доранд, ки мақомот фармони содиркардаи худро бозбинӣ намоянд. Тасмими мақомот барои гарон кардани нархи интернет бояд аз 27-уми марти имсол ба иҷро медаромад, аммо то ҳол иҷро нашудааст. Ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, музокирот барои поин овардани нарх идома дорад.

“Баъд хулоса медиҳем”

Саидалӣ Зарифзода, як масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои мобилӣ нархномаи худро ба ин ниҳод пешниҳод кардаанд. Зарифзода нагуфт, ки ширкатҳои мобилӣ барои як гигабайт Интернет чанд сомонӣ мехоҳанд, аммо гуфт, "хулосаи худро дертар эълон мекунем".

"Мо бо назардошти талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳамаашро мебинем ва баъд хулоса медиҳем. Нархҳоро мебинем, далели онро месанҷем", - гуфт Саидалӣ Зарифзода.

Муқоисаи нархи Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муқоисаи нархи Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

"Интернети Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳост"

Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бори аввал расман шарҳ додаанд, ки чаро барои боло бурдани арзиши Интернет пойфишорӣ доранд.

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддинҳисорӣ дар як посухи расмӣ ба Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон гуфтааст, истифодаи аз ҳад зиёд аз мессенҷерҳо гуфтугӯ тариқи телефонро коҳиш дод. Посухи Одиназода рӯзи 20-уми марти имсол дода шудааст ва нусхаи онро Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми март дастрас кард.

Ба қавли Одиназода, дар ду соли охир зангҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа ва аз хориҷ ба кишвар кам шуда, дар як вақт истифода аз Интернет афзудааст. Муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ иддао кардааст, ки нархи Интернет дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар ҷаҳон мебошад.

"Арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ дар моҳи декабри соли 2018 аз тарафи коршиносони Агентии иттилоотии таҳлилии “Content Review” гузаронида шуд. Муайян гардид, ки дар байни 50 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзонтарин арзиши интернети мобилӣ дар ҷойи 19 қарор дорад. Арзиши миёнаи 1 мегабайти интернети мобилӣ ба 0,024 сомонӣ баробар мебошад”, - навиштааст Назар Одиназода.

Як бахши посухи муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Иттифоқи истеъмолгарон

Ин посухи Одиназода дар ҳолест, ки вебсайти Content Review рӯзи 26-уми декабри соли 2018 натиҷаи таҳқиқи худро дар бораи нархи интернети мобилӣ дар 50 кишвари дунё нашр кард. Ва дар ин феҳраст дар ҷои 19-ум номи Филиппин навишта шудааст. Номи Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест. Масъулони вебсайти Content Review гуфтаанд, ин рӯйхат аз соли 2016 боз тағйир накардааст.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик иддаои арзон будани нархи Интернет дар Тоҷикистонро зери шубҳа бурда, мегӯяд, бо боло бурдани нархи Интернет наметавон ширкатҳои мобилиро ба пардохти андози бештар водор кард. Чун бо боло рафтани нархи Интернет мардум аз он камтар истифода мебаранд ва даромади ширкатҳо ҳам аз ин роҳ коҳиш хоҳад ёфт.

​"Андозро аз ҳисоби кӣ месупоранд? Аз кисаи мардум. Андоз аз ҳад зиёд, ки шуд, рушди корхона бозмемонад. Рушди корхона ки бозмонд, дигар хизматрасонии дуруст расонда наметавонад. Дар ин ҳол мардум дигар аз он истифода намебаранд, истифода ки набурд маблағро аз куҷо меёбанд? Яъне ин яке аз роҳҳои шикастани миёни иқтисодиёт миёни соҳибкорон аст",-таъкид кард Рустам Гулов.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик.

Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чанд вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд. Марк Поммершайм, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарӣ дастрасии озод ва бемушкил ба Интернетро муҳим арзёбӣ кард.

Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, фанноварии пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Моҳира аз болоравии нархи интернет нигарон аст

Аммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ваё заифи Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.