Шорти, шалвор, борхалта, пироҳан ва пешбанди саг аз парчами Тоҷикистон. Дар интернет-фурӯшгоҳи машҳури "Аmazon" чанд навъе аз либосҳои мардонаву занона бо ранг ва нақши парчами миллии Тоҷикистон ба фурӯш баромадааст.
- Дар ин фурӯшгоҳ ҳамчунон даҳҳо ашёи дигарро ба мисли чойник, рӯйпӯши телефон, финҷон ва ҳатто пешбанди сагро харидан кардан мумкин аст, ки дар рӯйи он Парчами миллии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст.
Бархе коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон метавонанд аз тариқи додгоҳҳои ҳакамии байналмилалӣ зидди чунин соҳибкорон даъво пеш оранд ва онҳоро ба қатъи тавлиди чунин ашё водор созанд.
Нархи ашёву либосҳо вобаста ба ҳаҷму намуд гуногун аст. Барои мисол, шортиҳои мардона 34 доллар ва занона вобаста ба андозааш аз 21 то 23 доллар нарх дорад. Фурӯшандагон навиштаанд, ки пас аз гирифтани фармоиш дар давоми 7 то 15 рӯз либос ва ё ашёи дархост шуда, то ба нишонии муштарӣ рафта мерасад.
Аксарияти фурӯшандаҳои ин либосҳо чиниҳо ҳастанд. Барои мисол, шортиҳои занонаро фурӯшандае бо номи Ши Фу ба фурӯш баровардааст ва дар шарҳи он ҳам навиштааст, "ин шорти барои зодагони Тоҷикистон туҳфаи хубе буда метавонад, барои машқи бадан ва машғул шудан ба ёга хеле муносиб аст".
Фурӯшандагони либосу ашё бо парчами Тоҷикистон ва ҳам маъмурияти "Amazon" то замони нашри ин матлаб ба суолҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Ҳамчунон маълум нест, то чӣ ҳад ин шортиву шалворҳо бо парчами Тоҷикистон хушхарид аст.
Зимнан, оҷонсии "Тоҷикстандарт" соли 2016 як миқдор парчамҳои истеҳсоли Чинро, ки бесифат буда, ба нақшу нигори аслии парчами Тоҷикистон мутобиқат намекарданд, аз рафи дӯконҳо мусодира карда, тоҷироне, ки онро ворид карданд, ҷарима баста буд.
"Истифодаи парчам ҳамчун либос ба ҷуз рӯи тобут ҷоиз нест"
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, собиқ муовини вазири адлия ва айни замон вакили порлумони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парчам яке аз муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст ва аз он "шиму курта дӯхтан ҷоиз нест", чун ин як навъ беэҳтиромӣ ба "муқаддасот ва аркони давлатӣ" ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон парчами давлатӣ тибқи қонун "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаддасоти давлатӣ эътироф шудааст. Дар ин қонун гуфта мешавад, "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд".
Қонун чӣ мегӯяд?
Қонун назорати эҳтиром ба парчамро ба дӯши роҳбарони "мақомоти давлатӣ" вогузор кардааст. Ин қонун шаклу усулҳои барафроштани парчам, макони насби онҳо ва шаклҳои истифодаи онро муайан кардааст. Дар ҷое аз қонун дӯхтани либос аз парчам ҷоиз шумурда нашудааст. Ба истиснои ҳолати фавти шахси низомӣ.
- Дар банди 5-уми моддаи 5-и ин қонун гуфта мешавад, "дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад".
Сангин Гулов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз як ҷониб ҷо додани парчами миллӣ дар соат, борхалта ва ё армуғонҳои дигаре барои сайёҳон як навъ таблиғи кишвар аст, аммо дӯхтани шалвор ва ё пешбанди сагҳо аз матои парчами миллӣ ҷоиз нест.
Гулов мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон метавонанд аз тариқи додгоҳҳои ҳакамии байналмилалӣ зидди чунин соҳибкорон даъво пеш оранд ва онҳоро ба қатъи тавлиди чунин ашё водор созанд.
"Ҳадафи онҳо танҳо Тоҷикистон нест"
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз коршиносон мегӯянд, ин тиҷорат аст ва набояд ба он рангу бӯи сиёсӣ дод. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, “чунин либосу ашё бо парчами кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Амрикову Аврупо омода ва ба фурӯш гузошта шудаанд”.
Азамат Султонов, иқтисоддони тоҷики муқими шаҳри Лондон, ки таҷрибаи фурӯши китобҳояшро тавассути "Amazon" дорад, мегӯяд, либосу ашё бо рамзҳои давлатии Тоҷикистонро соҳибкорон ва ширкатҳои Чин аз рӯи дизайни ягона барои ҳама 180 давлати дунё таҳия кардаанд.
"Ҳадафи онҳо танҳо Тоҷикистон нест. Онҳо аз рӯи як дизайн барои ҳама кишварҳо чунин либосҳоро таҳия мекунад. Ҳамин, ки фармоиш шуд, зуд истеҳсол карда, ба фармоишгар таҳвил медиҳанд. Онҳо шояд дар бораи ҷоиз будан ва ё набудани он боре ҳам наандешида бошанд. Ба назари ман, барои давлат мубориза бурдан бо чунин ширкатҳои хурди Чин хеле душвор аст. Мисли онест, ки ҳоло Тоҷикистон талош дорад аз Google ва Facebook андоз ситонад", - иброз дошт Султонов.
Султонов афзуд, агар мақомоти давлатии Тоҷикистон ба маъмурияти "Amazon" расман арз кунанд, ки ҳуқуқи муаллифии кишвар ба парчам нақз шудааст, "Amazon" фурӯши онро бозмедорад.
"Харидорони чунин ашё, фикр мекунам, ки зиёд нест ва барои "Amazon" боздоштани фурӯши он мушкил нест", - гуфт Султонов.
Зимнан, дар гузашта дар ҳодисаҳои монанд маъмурияти "Amazon" фурӯши либосҳоеро бо аксу рамзҳое, ки муқаддасоти ин ё он гурӯҳ ва кишварро таҳқир мекунад, боздошта буд. Барои мисол, фурӯши болопӯшҳоеро бо парчами конфедератсия, ки як рамзи бартарияти нажодӣ дар Амрико буд, бо дархости "Amazon" боздошта шуд.