Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба таҳқиқи ҳодисаи латукуби як зан аз ҷониби Сафарбек Маҳмадсаидзода, корманди воҳиди махсуси Вазорати умури дохилӣ, оғоз кардааст.
Сафарбек Маҳмадсаидзода ба латукуби Мадина Шамсова, сокини 33- солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар аст. Навори латукуби ин зан рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки масъала набояд бо барканории маъмури милиса поён ёбад ва ӯ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Як мақоми додситонии шаҳри Душанбе гуфт, ки додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маводҳои тафтишро аз Вазорати корҳои дохилӣ дастрас кардааст. Ин манбаъ гуфт, маводҳо аз ҷониби муфаттишони Додситонӣ омӯзиш мешаванд, вале ҳанӯз нисбат ба ин корманди Вазорати корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.
"Тафтиш ҷиддӣ аст ва прокуратура наметавонад нисбат ба ин ҳодиса чашм пӯшад. Рӯзҳои наздик прокуратура дар бораи ин ҳодиса тасмим мегирад",-гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми март гуфт, ки ҳодисаро тафтиш мекунад. Шаби 22-уми март дар як хабарномаи фаврӣ ВКД гуфт, ки Сафарбек Маҳмадсаидзода хилофи оинномаи ин ниҳод рафтор кардааст ва ӯро аз кор барканор кард.
Вокуниши ҷомеа ба ҳодиса латукуби Мадина Шамсова
Садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуи латукуби як зан аз ҷониби корманди милисаро баҳс карданд. Аксаран навиштанд, ки бо барканори аз мансаб ин корманди милиса дигар ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки додситонӣ тасмим хоҳад гирифт, ки нисбат ба Сафарбек Маҳмадсаидзода парванда боз мешавад ё не.
Ин корманди пулис дар лату куби зане гумонбар мешавад, ки пизишкон ӯро маризи рӯҳӣ меноманд. Ба гуфтаи пизишкон, Мадина Шамсова маризи рӯҳист ва дар ҳоли ҳозир дар шӯъбаи дувуми бемористони равонии "Куктош" табобат мегирад. Вазъияташро муътадил арзёбӣ карданд.
Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, Мадина Шамсова "дар ҳолати мастӣ" буд ва бо маъмури милиса вориди даъво шудааст.
Ҳодиса рӯзи 21-уми март дар лаҳзаҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз рух дода, таҳқиқ идома дорад. Навори латту кӯби Мадина Шамсова дар "Фейсбук" нашр шуд. Дар ду навор дида мешавад, ки зан мегӯяд, "маро назан", аммо нафаре дар тан либоси милиса ва дар даст чӯбдасти ишоратӣ ба бадани ӯ чанд дафъа мезанад. Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки корманди милиса ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Мадина Шамсова дар як манзил дар деҳаи Охчакмани ноҳияи Рӯдакӣ сабтином шудааст. Аммо субҳи 22-юми март наздикони Шамсова ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ ва пайвандонаш чанд сол боз дар онҷо зиндагӣ надоранд.
Баракатулло Ниёзов, мудири шуъбаи қабули беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ мегӯяд, Шамсова гирифтори бемории "ихтилоли рафтор дар натиҷаи истеъмоли машруботи спиртӣ" мебошад. Ба қавли ӯ, нафароне, ки ба мисли Шамсова беморанд, "ғайриҷамъиятӣ" мебошанд ва бо хуруҷи беморӣ худро идора карда наметавонанд. "Баъди ҳодисаи рӯзи 21-уми март ӯро ба бемористон оварданд ва ӯ дар шуъбаи дувум аст. Вазъияташ муътадил аст", - афзуд ӯ.
"Масъала набояд бо барканории маъмури милиса поён ёбад"
Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки кор бо ин хотима наёбад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, Сафарбек Маҳмадсаидзода барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 45 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё чанд соли маҳрумӣ аз ишғоли вазифаро пешбинӣ мекунад.
Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт, маъмури милиса аз рӯи қонун ва оиннома ҳақ надошт, ба зан зӯрӣ кунад. "Бояд аввал занро ба идораи пулис оварда, шахсияташро муайян ва баъд қазияро таҳқиқ мекарданд. Масъала набояд бо барканории маъмури милиса поён ёбад. Корманди милиса бояд ҷавобгӯ бошад",-афзуд ӯ.
Латтукуби зан дар хиёбонҳои Душанбе ҳодисаи нав нест. Дар аввали моҳи март навори видеоии латту кӯби як духтар аз сӯи ҷавоне боис ба сарусадои зиёд шуд. Дар фосилаи ду соати баъди ин моҷаро, Идораи умури дохилии Душанбе гуфт, гумонбар боздошт шуд ва бар асоси моддаи "авбошӣ" ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт.
Ҷабрдида - Малика Соҳибназарова гуфт, ки мутаҳам дӯстдоштааш Хуршед Азизов аст ва дар ин моҷаро худро гунаҳкор меҳисобад.