10 ҳазор сомонӣ. Муҷозоти 2 падар барои манъи таҳсили 3 духтар

Додгоҳ дар ноҳияи Нуробод, волидони 3 духтари наврасро барои монеъ шудан ба таҳсил 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Волидон аз он нигаронӣ мекунанд, ки далел ва сабабӣ дур шудани фарзандони онҳо аз мактаб дар додгоҳ ба назар гирифта нашуд.

Ҳукми Додгоҳи Нуробод рӯзи 15-уми март содир шуд. Волидони духтарони 16, 14 ва 11-сола бар асоси моддаи 164-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ", айбдор шуда, ҳар кадоме ба маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ин моддаи қонун ҷарима аз як ҳазор то 50 ҳазор ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

"Ман ин тавонро надорам. Ҷое кор намекунам"

Манзураи Илҳомиддин, хонандаи синфи 9 дар мактаби рақами 28-и ноҳияи Нуробод аст. Барои як муддат аз мактаб дур шудани Манзура падараш ба додгоҳ кашида шуд. Илҳом Ҷумъаев, падари ин наврас дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш бемор буд ва дар фасли сармо наметавонист бо сабаби дурии роҳ ба мактаб равад.

Ба таъкиди таҳлилгарон, ба ҷавобгари кашидани волидон ва бо маблағи калон ҷарима кардани онҳо барои монеъ шудан ба таҳсили фарзанд, роҳи ҳал нест.

Ба гуфтаи ин падар аз деҳаи онҳо то мактаби Манзура бештар аз 6 километр роҳ аст. Ин роҳ ҳам аз шоҳроҳ мегузарад ва барои кӯдакон дар фасли сармо тай кардани он мушкилу хатарнок аст. "Кафолати онҳоро дар ин роҳ, кӣ медиҳад? Ин шоҳроҳ аст, шоҳроҳи Душанбе -Ҷиргатол. Роҳи пиёдарав надорад, ягон қоидаи роҳ ҳам нест. Ҳолатҳое, буд ки кӯдаконро ба зӯрӣ дар мошин савор кардаанд".

Ба гуфтаи ин падар, ба далели дурии роҳ маҷбур шуд чанд сол пеш як писарашро барои таҳсил дар шаҳр ба хонаи хешу табор фиристад. Ӯ мегӯяд, кӯдакон "аз соати 6 субҳ ҳам ба роҳ бароянд ҳам, дар як соат наметавонад ба мактаб расанд. То мерасад дарс ҳам қариб ба охир мерасад, боз фикри баргаштанро мекунад".

Ин падар тавони пардохти маблағи ҷаримаро надорад ва бо ҳукми додгоҳ ҳам розӣ нест. Аммо мегӯяд, аз додгоҳ хост, барояш иҷоза диҳад ба муҳоҷират равад, то маблағи ҷаримаро бипардозад, аммо ба ӯ гуфтанд, танҳо баъди супурдани ҷарима ҳаққи сафар ба хориҷро дорад.

Илҳом 4 фарзанд дорад, як писараш ҳам тариқи шартнома дар донишгоҳ таҳсил дорад ва мегӯяд, масъулияти нигоҳубини падари бемораш ҳам ба дӯши ӯ аст. "Аввал гуфтанд, авф мекунем, аммо имрӯз дар додгоҳ ҷарима карданд. Ман ин тавонро надорам. Ҷое кор намекунам",-афзуд вай.

"Роҳ наздик бошанд, ки раванд..."

Мустафо -- падари ду духтари навраси дигар ҳам ҳамроҳ бо Илҳом Ҷумъаев ба монеъ шудани ба таҳсили духтаронаш айбдор шуд. Ӯ сокини деҳаи Девлохак дар ноҳияи Нуробод ва падари панҷ фарзанд аст. Мегӯяд, шароити иқтисодиаш хуб нест ва умед дорад ҳолаташ, ки бе далел набуд, дарк хоҳад шуд. "Роҳ наздик бошад, ки раванд. Одам метарсад дар ин роҳи дур. Вале ҳозир, ки ҳаво гарм аст, кӯдакон пурра мактаб мераванд",-мегӯяд, Мустафо.

Tajikistan, Japan, new school, Tajikiabad distict 31.03.2016

Илҳом ва Мустафо мегӯянд, мисли онҳо дар ин деҳ чандин падару модари дигар барои монеъ шудан фарзанд дар таҳсил ба додгоҳ кашида шудаанд. Мақомоти ноҳия ҳам мегӯянд, дар воқеъ дар ноҳия мактабҳое ҳастанд, ки аз ҷойи зисти кӯдакон то 5 километр дуранд. Аммо далели дурии роҳ то мактабро онҳо як баҳонае барои монеи таҳсили фарзанд шудани волидон медонанд.

Ҷалби духтарон ба таҳсил аз тариқи ҷарима

Ноҳияи Нуробод ҳудуди 17 ҳазор хонанда дорад, ки дар 85 мактаби миёна таҳсил мекунанд. Аммо ба далели набуди мактабҳои 11-сола кӯдакони бархе аз деҳот маҷбуранд бо тай кардани масофаи зиёд барои таҳсил ба рустоҳои дигар раванд. Ба гуфтаи мақомоти ноҳия дар як соли ахир онҳо тавонистанд бо роҳи ҷаримаву ба ҷавобгарӣ кашидани волидон 47 нафар, аксаран духтарони аз таҳсил дур шударо ба мактаб баргардонанд.

Рухшона Солеҳзода, муовини раиси ноҳияи Нуробод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло теъдоди хеле ками наврасон аз таҳсил дуранд. Ӯ афзуд, "имсол мо ин мушкилро ҳал кардем. Бисёри духтарон дар синфҳои 10-11 мехонанд. Як қисми каме мондааст, ки ё ятими кулланд ё бемор."

Монеаҳои таҳсили духтарон дар деҳот

Тибқи омори расмӣ, дар ду соли пеш даҳ ҳазор волидон барои иҷро накардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд ҷарима шуданд. Яке аз омилҳои аслӣ ҳам аз мактаб дур мондани фарзандон будааст. Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, 30 дарсади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд. Як сабаб агар хурофотӣ будани бархе аз хонаводаҳо бошад сабаби аслии дигар дурии роҳ ва набуди шароити хуби таҳсил барои кӯдакон дар деҳот аст.

Дар айни замон ба таъкиди таҳлилгарон, ба ҷавобгари кашидани волидон ва бо маблағи калон ҷарима кардани онҳо барои монеъ шудан ба таҳсили фарзанд, роҳи ҳал нест. Онҳо мегӯянд, бояд аввал барои ҷалби кӯдакон ва бехатарии хонандаҳое, ки маҷбуранд чандин километрро дар фасли гармову сармо тай кунанд, шароит фароҳам оварда шавад.

Ду падаре ҳам, ки ахиран дар Нуробод барои монеа шудани духтаронашон дар додгоҳ посух гуфтанд, бар ин боваранд, ки ба далели дурии роҳ ҳоло касе ба онҳо кафолат дода наметавонад, ки фарзандонашон то ба мактаб мерасанд ва бармегарданд ё не.