Нерӯҳои демократии Сурия аз шикасти комили ДИИШ хабар дод

Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) ба раҳбарии курдҳо аз шикасти ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар шарқи ин кишвар хабар дод. Ин гуруҳ, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдор аст, рӯзи 23-юми март гуфт, рустои Боғуз, охирин қаламрави таҳти тасарруфи ДИИШ-ро озод кард.

Мустафо Балӣ, сухангӯи нерӯҳои демократии Сурия, рӯзи 23-юми март дар Твиттер "озодии Боғуз", "пирӯзӣ бар ифротгароӣ" ва "поёни хилофати худхондаи исломӣ"-ро эълон кард.

Нерӯҳои демократии Сурия чанд ҳафта боз дар Боғуз, дар наздикии марзи Ироқ, бо ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар ҷанг буд. Бали гуфт, хилофати ба ном исломӣ, ки замоне бахшҳои бузурги Сурия ва Ироқро зери тасарруфи худ дароварда буд, "аз байн рафт", вале онҳо муборизаро то решакан шудани боқимондаҳои гурӯҳ идома хоҳанд дод.

Як рӯз пеш, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, тамоми минтақаҳои Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пок шудааст.

Трамп ба хабарнигорон дар як нақша нишон дод, ки дар вақти интихоби ӯ, дар соли 2016, ДИИШ дар куҷо буд ва акнун дар куҷо қарор дорад. Ӯ афзуд, вақти он расидааст, ки бигӯянд гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ҳеч ҷои Сурия ҳокимият надорад.

Аммо сафири Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид Башор Ҷаъфарӣ гуфтааст, ҳокимияти ДИИШ дар ин кишвар ҳанӯз хотима наёфтааст. Ӯ иддао дорад, нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки таҳти ҳимояти Эрону Русия қарор доранд, бо ДИИШ дар ҳоли ҷанг ҳастанд, на нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия дар низои ҳаштсолаи Сурия аз гурӯҳҳои мухталифи зиддиҳукуматӣ пуштибонӣ мекунанд. Русия ва Эрон ба президенти Сурия Башор Асад кумак мерасонанд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар панҷ соли гузашта 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.