Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик, гуфт, ки ӯро ба ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар шаҳри Норак даъват накардаанд. Ин маросим рӯзи 20-уми март баргузор шуд.
Як кас атса зад, мегиреду мебандед. Чӣ ҳақ дорӣ, ки интернети миллатро маҳкам мекунӣ?
Сафиева рӯзи 22-юми март дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, номаш "дар рӯйхати меҳмонҳо нағунҷидааст".
"Мо дар оянда рӯйхат не, бояд рӯҳхат дошта бошем. Даъват мекунанд ё намекунанд, ба ҳайрат намеорад. Вале дар бисёре аз ҷашнҳо маро даъват накардаанд. Аз ҷумла, дар ҷашни 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон", - афзуд ӯ.
Шоири шинохтаи тоҷик мегӯяд, иди Наврӯз бояд ҳамаро хушбахт кунад, на иштирокдорони як варзишгоҳ ё майдонро. Ӯ гуфт, "баъдан бисёр мехостам, ки ба хотири ҷашн бачаҳоро аз дарс дур накунанд. Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ."
Навори сӯҳбат бо Гулрухсорро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҷамшедии наврӯзӣ, наврӯзии ҷамшедӣ"
Бо ин вуҷуд, Гулрухсор Сафиева мегӯяд, бӯи баҳору Наврӯзро ҳанӯз дар фасли сармо ҳис мекунад: "Зинда шудани замине, ки ях задааст, кори яклаҳзаина нест. Хок зинда мешавад, зиндагӣ зинда мешавад, бӯи зиндагӣ ба машоми инсон мерасад. Инсон офаридае аст, ки ин хушбахтиро эҳсос мекунад."
Ӯ дар остонаи баҳори имсола шеъре навишт ва онро "гимни наврӯзӣ" ном ниҳод. Он рӯзи 22-юми март бори нахуст дар як ҷашни наврӯзӣ садо дод:
"Аз аҳди каён омад, сарсабзу ҷавон омад,
Бо парчами хуршедӣ, бо шери жаён омад,
Наврӯзии хуршедӣ, хуршедии наврузӣ.
Наврӯз зи шуҳрати Каён меояд,
Пирест, ки сарсабзу ҷавон меояд,
Бо ҷоми Ҷаму ратли гарон меояд,
Аз базми шукӯҳи ориён меояд,
Ҷамшедии наврӯзӣ, наврӯзии ҷамшедӣ."
Гулрухсор Сафиева дар суҳбати наврӯзии худ бо Радиои Озодӣ ба чанд мушкили кишвар ҳам дахл кард, чун ба гуфтаи худаш, "Наврӯз идест, ки ҳама гапҳо гуфта мешавад ва касе намеранҷад".
"Як кас атса зад, мегиреду интернетро мебандед"
Аз ҷумла, ӯ дар масъалаи баста мондани баъзе вебсайтҳо дар Тоҷикистон изҳори назар кард ва гуфт, "Интернет ҳам китоб аст ва коре кунед, ки ҳама онро бихонад. Як кас атса зад, мегиреду мебандед. Чӣ ҳақ дорӣ, ки интернети миллатро маҳкам мекунӣ? Бигӯ, ки чӣ ҳақ дорӣ, хомӯш меистам. Мо-ку пул медиҳем ва корт мехарем. Бояд ватани мо бо ин чизҳои хурду реза худро паст назанад. Дар ин дунё мо танҳо нестем."
Сафиева дар "Боғи ғалаба"-и Душанбе, ки дар баландии канораи шаҳр қарор дорад, бо мо суҳбат кард. Ӯ гуфт, гули лоларо дӯст медорад, вале аз шинондани он дар кӯчаву хиёбонҳо зиёд хушҳол нест.
"Чаро? Ҳисоб кардам, ки харҷи ҳар дона ё тухми гули лола то парваришаш ба 30 сомонӣ баробар мешавад. Умри лола се рӯз аст. Шумо медонед, ки чӣ қадар гули лола мешинонанд? Дар ивази пули лолаҳо метавонем, чанд мактаби мусиқӣ ва чанд мактаби наққошӣ созем. Ё хонаи камбизоатҳоро таъмир кунем."
"Аз онҳо пурсед, ки бо ин корашон чӣ манфиат бардоштанд?"
Ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки чаро номи Гулрухсор Сафиева аз китобҳои дарсӣ берун карда шудааст, гуфт: "Маро барвақт аз китобҳои дарсӣ берун андохтанд. Аммо донед, ки барои ман муҳим нестанд. Дар ҳамин хок таваллуд шуда ва ба камол расидаам. Бе китоби дарсӣ ва бе даъват ба ҷашни Наврӯзи Норак ҳам дӯст медорам. Аз онҳо бояд пурсед, ки бо ин корашон чӣ манфиат бардоштанд?"
Сафиева раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон аст ва ҳадаф дорад, шоирони ҳавзаи форсизабон ва ҷаҳонро гирди ҳам биорад.
Ӯ даҳҳо китоб навишта, яке аз адибони фаъоли тоҷик аст. Дар 22-солагӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Шӯравии собиқ шомил шуд ва ҷавонтарин узви ин созмон буд. Муаллифи маҷмӯи шеърҳои "Хонаи падар", "Шабдарав", "Афсонаи кӯҳӣ", "Дунёи дил" ва дигарон буда, дар даврони Шӯравӣ ва баъди касби истиқлоли Тоҷикистон дар бораи зиндагии занони тоҷик чанд роман навиштааст.
Солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон як муддат дар хориҷа ба сар бурда, баъдан ба ватан баргашт.