Интригае, ки вуҷуд надошт: Оё Қазоқистон "Нурсултонат" мешавад?

Интихоби Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев, ба мақоми раиси Сенати Қазоқистон, фарзияҳои марбут ба ҳифзи қудрат дар дасти наздикони раиси ҷумҳури собиқро воқеитар кард.

Вакилони палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 20-уми март дар раъйдиҳии пӯшида "якдилона" аз номзадии духтари бузурги Нурсултон Назарбоев Дариға Назарбоева пуштибонӣ карданд. То ин муддат духтари 55-солаи раиси ҷумҳури пешин мансаби раиси Кумитаи корҳои баналмилалӣ, дифоъ ва амнияти сенатро дар ихтиёр дошт.

Тақрибан як интиқоли хонаводагии қудрат сурат гирифт ва хонаводаи Назарбоевҳо идораи Қазоқистонро идома хоҳанд дод

Пас аз эълони истеъфо, Нурсултон Назарбоев салоҳиятҳояшро "то поёни давраи интихобот" ба раиси сенати он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дод ва Дариға Назарбоева ба ҷои ӯ, ба Сенат рафт.

Кишваре, ки дар як шабонарӯз тағйир ёфт

Назарбоев ва Тоқаев.

Дар камтар аз як шабонарӯз низоми сиёсии Қазоқистон дучори тағйироти бесобиқае шуд-- сардори давлат, ки 30 сол давлатро фармонфармоӣ мекард, истеъфо дод. Ба симати президенти нав раиси собиқи сенат Қосимҷомарт Тоқаев таъйин шуд, курсии раиси сенатро Дариға Назарбоева соҳиб гардид ва пойтахти кишвар бо пешниҳоди раиси ҷумҳури нав ва тасдиқи порлумон ба шарафи раиси ҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоев “Нурсултон” номгузорӣ шуд.

Барои ҷовидона кардани номи Назарбоев, Тоқаев ба ҷуз аз тағйир додани номи пойтахт, ҳамчунин пешниҳод кард, ки тамоми кӯчаҳои марказии вилоятҳо Назарбоев номгузорӣ шаванд. Раисҷумҳури нав ҳамчуни рӯйи зарурати бунёди муҷассамаи Назарбоев дар Остона таъкид намуд ва президенти пешинро "елбасии ягона ва модомулумр – падари миллат", "воридшуда ба таърихи ватан ва ҷаҳон", номид.

Интиқоли хонаводагӣ

Изҳороти Назарбоев дар мавриди истеъфояш аз мақоми раиси ҷумҳурӣ бисёр ғайриинтизор садо дод, ҳарчанд солиёни зиёде дар доираҳои коршиносӣ масъалаи интиқоли қудрат мавриди баҳс қарор дошт. Ҳоло агар бархе аз коршиносон мегӯянд, барои натиҷагирӣ аз тағйироти зудҳангом дар яке аз кишварҳои авторитарӣ (қудратгарой)-и минтақа барвақт аст, бархеи дигар пешгӯйӣ ба ояндаи наздики демократии Қазоқистон мекунанд, ки шароит барои он дар зиндагии Пешвои миллати қазоқ фароҳам карда мешавад.

Ҳамон тавр ки Назарбоев дар изҳороташ ишора намуд, раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон боқӣ мемонад ва дар ин нақш ӯ "дорои салоҳиятҳои ҷиддӣ" барои муайян кардани сиёсати дохиливу берунии кишвар аст. Ӯ ҳамчунин гуфт раиси ҳизби "Нур Отан" мемонад, ки бештари курсиҳоро дар порлумон дар ихтиёр дорад.

Дар ҳамин ҳол, хабари мансаби нави духтари раисҷумҳури пешин, ба гуфтаи бархе коршиносон, авзои сиёсии қобили пешгӯиро ба ояндаи Қазоқистон баргардонд.

"Тақрибан як интиқоли хонаводагии қудрат сурат гирифт ва хонаводаи Назарбоевҳо идораи Қазоқистонро идома хоҳанд дод", - мегӯяд коршиноси мустақили Қазоқистон Талгат Мамираҳимов. Ба назари ӯ, дар интихоботи пешорӯ мунтазири рақобат набояд шуд, зеро ба эҳтимоли зиёд Дариға Назарбоева ба сифати номзади аслӣ пешбарӣ мешавад ва раисҷумҳури кишвар мегардад. Мамираҳимов таъкид мекунад, ки омодагиҳо ба марҳилаи ҳозир ду сол қабл, замоне ки салоҳиятҳои президент кам карда мешуд, оғоз гардида буд.

Роҳи дароз барои интиқоли қудрат

Соли 2017 тибқи ислоҳи Қонуни асосии Қазоқистон, салоҳиятҳои президент ба таври қобили мулоҳиза ба нафъи порлумон ва ҳукумат кам карда шуд. Қисме аз онҳо - назорати равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба ҳукумат, вазоратҳо ва раисони вилоятҳо дода шуд ва нақши порлумон, аз ҷумла дар мавриди ташкили ҳукумат боло бурда шуд.

Ба ҷуз ин, мақоми то ин замон машваратии Шӯрои амният моҳи июли соли 2018 ба мақоми конститутсионӣ тағйир дода шуд. Ваколатҳои он ба таври қобили мулоҳиза васеъ гардонида шуд. Назарбоев ҳуқуқ пайдо кард, ки то поёни умр раиси Шӯрои амният бошад. Ҳамон замон бисёре аз коршиносон ин тағйиротро ба унвони як стратегияи Назарбоев барои ҳифзи қудрат баъди канор рафтан аз мақоми президент баҳогузорӣ карда буданд.

"Ӯ аз чунин мантиқе кор гирифт, ки ҳеч кадом аз наздиконаш наметавонад ин абаркишвари президентро идора кунад, барои ҳамин салоҳиятҳои президентро ихтисор кард, мансабро супурд ва худ ба ҳайси довар дар боло хоҳад буд ва раванди сиёсиро ҳидоят мекунад", - мегӯяд Мамираҳимов.

Бояд гуфт, аз соли 2018 ба ин тараф Шӯрои амнияти Қазоқистон масъули "ташкили назорат ба иҷрои қонунҳо"-и марбут ба дифоъ ва амнияти миллӣ низ ҳаст.

"Интихобот зудҳангом мешавад"

Мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, унсури асосии мавриди таваҷҷуҳ дар Қазоқистон ин мавзуъ боқӣ мемонад, ки номзади аслӣ аз ҳизби ҳокими "Нур Отан" дар интихоботе, ки ба назари ӯ қабл аз вақт баргузор мешавад, кӣ хоҳад буд. Ба гуфти ӯ дар интихобот Тоқаев, Назарбоева ва ё шахси дигаре иштирок хоҳанд кард.

Андрей Грозин.

"Таваққуфи тӯлонии дунболадори бештар аз якуним сол эҳтимол аст, ки қобили қабул дониста нашавад ва дар ҳар сурат мо имсол шоҳиди интихобот хоҳем шуд",- мегӯяд Грозин. Дар баробари ин, коршинос таъкид мекунад, ки равандҳои дохилинухбаӣ дар Қазоқистон ба сурати динамикӣ хеле тез рушд мекунанд ва метавонанд хеле зуд ба зарари фаворитҳо (мавриди алоқаҳо)-и аслӣ тағйир ёбанд. "Иштибоҳоти зиёде сурат гирифт. Ин ба ин хотир аст, ки муваффақиятҳои Назарбоева бисёр чашмгир аст, аммо дар ҳоли ҳозир равшан нест, ки оё ин дар воқеъ сурат мегирад ё не", - тахмин мезанад коршинос.

Дариға Назарбоева пештар мақоми муовини раиси маҷлис ва ноиби сарвазирро дошт. Дар карйераи сиёсии ӯ таваққуфи панҷсолае низ буд, ки он замон ӯ тақрибан аз мазҳари ом ғайб зада буд. Ӯ сиёсатро дар соли 2007, дар пасманзари иттифоқоте, ки бо ҳамсараш Роҳат Алиев, ки дар содир кардани хеле аз ҷиноятҳо, аз ҷумла одамрабоӣ, куштор ва ҳатто талоши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор дониста мешуд (Алиевро соли 2015 дар яке аз зиндонҳои Утриш мурда пайдо карданд) рух дода буд, тарк кард. Соли 2012 духтари бузурги Назарбоев аз ҳисоби рӯйхати ҳизби “Нур Отан” вориди маҷлис гардид ва раиси кумитаи рушди иҷтимоиву фарҳангӣ шуд.

Соли 2014 вакилони маҷлис Дариға Назарбоеваро муовини раиси палатаи поёнии парлумон интихоб карданд. Он замон ҳам якдилона.

Амният болотар аз демократия аст

Коршиноси дигар дар масоили низомҳои сиёсии фазои пасошӯравӣ Станислав Шкел бо он мувофиқ аст, ки шарт нест Дариға Назарбоева президент шавад. "Ин ки Назарбоева мақоми раиси порлумонро ба даст овард, бозгӯкунандаи чизе нест. Истисно нест, ки мақоми президентро каси дигар, вале аз хонаводаи Назарбоев соҳиб шавад. Ҳоло ҳадафи аслӣ ин аст, ки тамоми мансабҳои калидӣ бояд дар ихтиёри ин доираи оила қарор бигиранд. Шояд низом мисли пештара авторитарӣ бимонад, вале он дигар пойбанд ба як чеҳра нахоҳад буд",-мегӯяд сиёсатшинос.

Станислав Шкел

Ба гуфтаи ӯ, ҳам барои Назарбоева ва ҳам барои ҳамаи нухбагони сиёсӣ, ки асосан аз доираҳои наздики президенти пешин мебошанд, субот ва интиқоли оромонаи қудрат авлавият дорад.

"Ман фикр мекунам, ки гап дар сари рақобат нест, балки бар сари тақсими нуфуз ба гунае аст, ки қабилаҳо даргир нашаванд. Ва ҳадафи Назарбоев бунёди демкоратияе, ки ҳеҷ кас алоқаманди он нест, намебошад, балки эҷоди таҷзия ва баробариест, ки ҳамаи ин гурӯҳҳо битавонанд дар асоси ҳуқуқи баробар ҳузур дошта бошанд", - таъкид кард Шкел.

Вазифа ба хотири амният

Назарҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд. Аз ҷумла бо такя ба тағйироти ахир дар низоми сиёсии кишвар, ки Назарбоев то замони истеъфои худ ворид кард, салоҳиятҳои президент ба нафъи тақвияти нақши порлумон ба таври қобили мулоҳиза кам карда шуданд. Ба назари баъзе аз таҳлилгарони ғарбӣ, дар ҳар сурат Дариға Назарбоева президенти оянда нахоҳад буд ва дар мақоми раиси сенат боқӣ монда, худро аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ҳимоя хоҳад кард.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, Нурсултон Назарбоев ҳодисаҳои дар Узбекистони ҳамсоя баъди марги Ислом Каримов рухдодаро таҳлил намуда, тасмими ислоҳоти низомро гирифт. Духтари бузурги Каримов – Гулнора, ки бисёриҳо ӯро раиси ҷумҳури ояндаи Узбекистон медонистанд, барои фасод ба маҳкама ва ҳабс кашида шуд, аъзои дигари хонаводаи замоне пешвои қудратманди Осиёи Марказӣ ҳам аз ҳукумат дур карда шуданд.

"Назарбоев намехоҳад, ки баъди канор рафтани худ наздиконашро гирифтори азоб кунад. Аз ин хотир нақшаи қудратеро коркард намуд, ки наздиконаш дар назари аввал мақомҳои на он қадар воло, вале ҳамзамон бехатарро ҳифз кунанд, то ба онҳо имкон бидиҳад манофеашонро ҳимоят кунанд", - мегӯянд коршиносон

Дар ҳамин ҳол, бахши русии Би-би-си муътақид аст, ки вориси эҳтимолии Назарбоев шояд Тоқаев бошад. Зеро миёни дигар рақибони худ аз нуфузи бештар бархӯрдор аст ва ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар беруни он маъруфияти зиёде дорад.

Ҳамаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ бар ин назаранд, ки тағйироти оғозкардаи президенти аллакай собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз сӯи ҷомеа пазируфта мешавад, зеро афкори оммавӣ рӯйи воқеиятҳои минтақа таъсири чашмгире намегузорад ва то кунун аксари қисми мутлақи аҳолӣ ба арзишҳои авторитарӣ бартарӣ медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, ҳоло мешавад бо эътимод тахмин зад, ки тағйироти бунёдиро дар низоми сиёсии Қазоқистон аз истеъфои Нурсултон Назарбоев алакай набояд интизор шуд. Тасмимҳои гирифта шуда, дар ҳар сурат дар мавриди стратегияи дарозмуддати ҳифзи қудрат дар формати дигари фарқкунанда аз интиқоли демкоратӣ, ки оғоз шудааст, мегӯянд.