Роҳи Ворух-Исфара боз шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар паи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 18 март дар Ворух роҳҳои мошингард дар самти Ворух-Исфара (Тоҷикистон) ва Ботканд-Лайлак (Қирғизистон) боз шуданд. Пеш аз боз шудани роҳҳо, раҳбарони маҳаллии деҳоти Ворух ва Оқсой дар марзи ду нуқтаи ҷуғрофӣ рӯбарӯи ҳам омада, бори дигар ба зарурати пойдории сулҳу субот дар минтақа таъкид карданд.