Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи махсуси ҷаҳонӣ 6 медал гирифтанд

Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи махсуси ҷаҳонӣ дар Абу-Забӣ.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии олимпӣ (World Games Abu Dhabi 2019), ки дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бозиҳо, ки дар пойтахти Иморот то рӯзи 14-уми март идома хоҳад кард, беш аз 7500 варзишгар аз 190 кишвар ширкат дорад.
Ба барномаи бозиҳо 24 намуди варзиш дохил аст.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсус дар Абу-Забӣ 5 варзишгар намояндагӣ мекунад. Онҳо дар рақобатҳо оид ба ду намуди варзиш – ҷудо ва варзиши сабук – иштирок карда, муваффақ гаштанд.

Сорбон Рашидзода дар сабқати ҷудо дар вани зери 78 кило ва Ҷовидон Абдуллоев дар давидан ба масофаи 200 метр барои ҷойҳои аввал бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Меҳробиддин Ҳафизов дар давидан ба масофаи 200 метр ва Насибахон Маҳмадова дар давидан ба масофаи 25 метр барои ҷойҳои дувум медалҳои нуқра гирифтанд. Маҳлиё Шарипова дар давидан ба масофаҳои 25 ва 50 метр бо ду медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Бозиҳои махсуси ҷаҳонии олимпӣ аз соли 1968 доир мегардад. Поягузори ин бозиҳо Юнис Кеннеди Шрайвер, хоҳари Ҷон Кеннеди - президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мебошад.

Бозиҳои махсуси ҷаҳонии олимпӣ дар Абу-Забӣ таҳти сарпарастии шайх Муҳаммад бин Зайд Ал-Наҳайян, шоҳзодаи Абу-Забӣ ва муовини сарфармондеҳи қӯшунҳои мусаллаҳи Иморот, баргузор шудааст.

Ин аввалин бозиҳоест, ки дар таърихи нимасраи Олимпиадаи махсус дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ доир гардидааст.