Майк Помпео,
Котиби давлатии Амрико
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар асоси он бунёд шудааст, ки ҳамаи одамон “баробар офарида шудаанд, Офаридгор ба онҳо ҳуқуқҳои муайяни мусодиранопазир додааст, ки миёни онҳо зиндагӣ, озодӣ ва ҷустуҷӯи бахт мебошанд”.
Сарқонуни мо ин ҳуқуқи мусодиранопазирро тариқи изҳороти “Конгресс набояд ягон қонуне қабул кунад, ки бунёди динеро эҳтиром кунад ё пайравии озоди онро мамнуъ кунад; ё озодии сухан ё матбуотро маҳдуд кунад; ё ҳуқуқи одамонро барои осоишта ҷамъ шудан ва ба ҳукумат барои баррасии шикоятҳои худ муроҷиат кунанд” дар Тағйироти якуми Сарқонун таъмин мекунад.
Дар Тағйироти панҷум инчунин гуфта шудааст, ки ягон шахс “набояд аз ҷон, озодӣ ё моликияти худ бидуни раванди қонунӣ маҳрум карда шавад”. Ин мафҳум дар саросари ҷаҳон дар чорчӯбаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, хусусан дар моддаҳои 3, 10, 12, 18, 19 ва 20, қабул шудаанд.
Асосгузорони Иёлоти Муттаҳида ва намояндагон ба Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон эътироф кардаанд, ки ин озодиҳои асосии дин ё мазҳаб, баён, ҷамъомади осоишта ва муттаҳидшавиро ҳар як инсон дорад.
Ин озодиҳоро ҳукуматҳо намедиҳанд, зеро онҳо аз шаъни хоси одам ба вуҷуд омадаанд. Ва онҳо наметавонанд ҳатто бо мақсади пеш бурдани корҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ аз ҷониби ҳукумат беадолатона маҳдуд карда шаванд. Онҳо мусодиранопазиранд. Ҳар як ҳукумат вазифадор аст, ки нагузорад, ки худи ҳукумат ба ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ ба таври ғайриқонунӣ дахолат кунад.
Кишварҳои мустақиле, ки бо мо ҳамкории зичтарин, дарозмуддаттарин ва таъсирбахштарин доранд, онҳое мебошанд, ки ҳукуматҳояшон ҳуқуқҳои инсонро, аз ҷумла озодии дин ё мазҳаб, баён, ҷамъомади осоишта ва муттаҳидшавӣ, умуман эҳтиром мекунанд, ва ба нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон, аз қабили қатли бидуни суд, шиканҷа ва боздошти бардавоми ғайриқонунӣ, роҳ намедиҳанд.
Дар навбати худ, кишварҳое, ки ба устувории минтақавӣ таҳдид мекунанд, сарпарасти давлатии терроризманд ё барои ҷалби шаҳрвандони худ ба сафҳои террористон дари худро боз мекунанд, қариб ҳамеша кишварҳое мебошанд, ки дорои ҳукуматҳое ҳастанд, ки ҳуқуқҳои мусодиранопазири мардуми дохили қаламрави худро эҳтиром намекунанд.
Сиёсати ин Маъмурият дар ҳамкорӣ бо мақсади пеш бурдани манфиятҳои ИМА бо кишварҳои дигар новобаста аз гузаштаи онҳост. Баробари ин, мо иқрор мекунем, ки манфиятҳои ИМА дар таъмини устуворӣ, рушд ва амният дар дунёи дорои кишварҳои қавӣ ва мустақил танҳо дар ҳолате қобили иҷроанд, ки агар ҳукуматҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсонро эҳтиром кунанд.
Бинобар ин, шахсоне, ки орзуи ислоҳот баҳри аз миён бурдани дахолат ба иҷрои ҳуқуқҳои мусодиранопазир доранд — новобаста аз он, ки чунин шахсон дар дохил ё беруни ҳукуматанд — дар симои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дӯсти меҳрубон ва тарафдори қавӣ пайдо мекунанд.
Ин ҷаласаи 43-юми тақдими Гузоришҳои кишварӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон як саҳме ба ин раванд мебошад.