OCCRР: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муаллиф: Иля Лозовский

05.06.2018

Дар боло: Тарафдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ситоди марказии ҳизби мазкур дар пойтахти Тоҷиикстон, Душанбе, пеш аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 варақаҳои пешазинтихоботиро ба тартиб медароранд. Манбаъ: Reuters / Нозим Қаландаров

Дар шумораи зиёди кишварҳо элитаҳои авторитарӣ ҳукмронӣ мекунанд. Вале аз миёни онҳо, кам ҳастанд кишварҳое, ки ба мисли Тоҷикистон зери дасти як оила бошанд.

Лоиҳаи гузоришдиҳии ҷинояткории муташаккил ва фасод (OCCRP) нишон додааст, ки чӣ тавр ҳар чизи арзишдор дар ин кишвар — аз иҷозатномаҳои истихроҷи канданокҳо то мактабҳои ронандагӣ ва ҳатто гиёҳҳои шифобахш — чолокона аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ва хешовандони ӯ ғасб карда мешавад.

Режиме, ки дар асоси чунин клептократияи беҳаё сохта шудааст, танҳо дар мавриди нобуд будани мухолифати (оппозитсияи) муташаккил зинда монда метавонад.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон — миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари аз ҳама камтар рушдёфта — замоне ватани яке аз ҳизбҳои мухолифи беҳамто ва самараноктарини минтақа буд. Давоми солҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) алтернативаи аслӣ ба ҳукмронии оилаи Раҳмон буд.

ҲНИТ ҳеҷ вақт қудрати сиёсии воқеӣ надошт. Системаи Тоҷикистон, ки танҳо номаш демократия мебошад, нисбати он муқовимати хеле шадид дошт. Ҳизб танҳо дар тамоми кишвар инфрасохтори фаъолон, нуфузи аслӣ нисбати аҳолӣ ва қонунияти халқӣ дошт. Бо нуфузи намунаи худ, ҳизб нишон дод, ки сиёсати дигаргуна ҳатто дар инҷо имконпазир аст.

Баъдан, давоми танҳо якчанд моҳ он нест шуд.

Тобистони соли 2015, бо истифодаи омехтаи боздоштҳо, пӯписа ва тарғибот, режими президент Раҳмон ин ҳизбро аз саҳна нобуд карда, ба одамони зиёд дарду алами ниҳоят сахт овард. Тарафдорони маҳаллии он гирифтори дӯғу пӯписаанд ва фаъолонаш ё ба ҳабс гирифта мешаванд ё дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ғарибанд.

Моҷарои нобудшавии ҲНИТ нишон медиҳад, ки чӣ тавр режими шабеҳи Тоҷикистон метавонад баробари аз ҳисоби халқаш сарватманд шудан зинда монад. Фардои қиёмат бениҳоят дурдаст менамояд, ва Тоҷикистон то ҳол интизори наҳзати исломии худ аст.

Решаҳои исломӣ

ҲНИТ ҳеҷ гоҳ ба дигар ҳизбҳои мухолифи хурди аз намояндагони элита иборат ва умдатан қудрати сиёсӣ надошта, ки дар якчанд ҷумҳурии навистиқлоли собиқ шӯравӣ ба вуқуъ пайвастаанд, монанд набуд. Баръакс, сарчашмаи ин ҳизб ҳаракати пинҳонии исломии чандиндаҳсола буд, ки кӯшиш мекард ба зидди ҳукумати шӯравӣ мубориза барад.

Аз охири солҳои 1920, чун дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Маскав муосиркунонии фаврии Тоҷикистонро пеш мебурд. Чандин ҳазор одамон маҷбуран аз куҳҳо ба даштҳои вилояти Хатлони ҷанубӣ кӯч дода ва ба колхозҳо ташкил карда шуда, барои истеҳсоли пахта дар ҳаҷмҳои миқёси саноятӣ вазифадор карда мешуданд.

“Дар миёни ҳамин гуна одамони ҷойгардоншуда ҳаракати исломии пинҳонӣ ба вуҷуд омад”, мефаҳмондан Эдвард Лемон, мутахассис доир ба Тоҷикистон ва тадқиқотчии Донишгоҳи Колумбия.

Сарчашмаи ҲНИТ аз чунин муҳити зист оғоз ёфтааст. Муассиси ҳизб, Саид Абдулло Нурӣ, исломгари ғоявие буд, ки дар тӯли қисми зиёди ҳаёти худ аз ҷониби КГБ таъқиб мешуд. Дар охири солҳои 1980, вақте ҳукмронии коммунистӣ яку якбора хазону либералӣ мешуд, ӯ боздошт ва ба лагери меҳнатӣ дар Сибир бадарға шуд.

Вале ӯ ва ҲНИТ дертар дар тамоми кишвар маъруф мешаванд.

Барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бинобар умдатан осуда гузаштанаш барҷаста аст — вале Тоҷикистон истисно буд. Эътирозҳои дутарафа барои ва зидди идомаи ҳукмронии элитаи аз давраи советӣ боқимонда ба зуддӣ ба ҷанги харобиовари шаҳрвандии солҳои 1992 то 1997 табдил ёфта, ҳазорҳоро аз ҳаёт маҳрум кард ва тахминан як миллиони дигарро гуреза кард (шумораҳои тахминӣ хеле мухталифанд).

Созиши сулҳи соли 1997, ки ниҳоят ҷангро ба охир расонд, ҳукмронии президент Раҳмонро дар кишвар мустаҳкам кард. Ба шарофати ин созиш, 30 фоизи курсиҳои ҳукуматӣ ба аъзои мухолифат гузашт, ки бисёрии онҳо ба ҲНИТ тааллуқ доштанд. Ин аввали давраи қариб 20-солае буд, ки он аввалан бо роҳбарии Нурӣ ҳамчун ҳизби маҳсур, вале таҳаммулпазир, кор мекард.

Бо истинод ба “гузоришҳои махфии иктишофи ИМА”, дар соли 2001 Нуриро ҳамчун “узви пешсафи гуруҳи ҷангҷӯёни исломӣ” шарҳ дода, New York Times хабар дод, ки ӯ бо Усома бин Лодин наздик буд ва кӯшиш мекард, ки ӯро бо мақомдорони иктишофи Эрон пайваст кунад.

Вале, баъди беш аз як даҳсола, ҲНИТ худро ҳамчун ҳизби исломии муътадил нишон дода, тарафдори ислоҳоти тадриҷӣ дар чорчӯбаи сарқонуни мавҷуди Тоҷикистон буд. Масалан, низомномаи соли 2003 ҳизбро дар асоси арзишҳои исломӣ таъсисёфта ифода кард, вале рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демократӣ, ҳуқуқҳои инсон, ягонагии миллӣ ва волоияти қонунро ҳамчун қисми ҳадафҳои асосии ҳизб номбар карда буд.

“ҲНИТ ба Бародарии мусулмонон тамоман шабеҳ намебошад”, гуфт Стив Свердлов, мутахассиси Ҳуман Райтс Вотч оиди Осиёи Марказӣ, вале ҳукумат бисёр вақт онро чунин тасвир мекунад. “Ин гуруҳи одамони хеле муътадилтар ва ба демократия нигарондашуда аст.”

“Ҳатто дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ”, мегӯяд ӯ, “роҳбарони ҳизб қатъиян намехостанд, ки кишвари ба мисли Эрон ё Арабистони Саудӣ ташкил кунанд. Онҳо мехостанд, ки давлат ғайридинӣ бошад ва ба ислом мавқеи муҳимтар дода шавад.”

Ин тамоюл дар давраи роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки соли 2006 баъди вафоти Нурӣ раиси ҲНИТ шуд, тезонида шуд. Кабирӣ — марди донишманде, ки бе нуқсон бо забони англисӣ суҳбат мекунад ва тарафдории худро нисбати арзишҳои либералӣ таъкид мекунад — то ҳол раиси ин ҳизб аст, вале дар бадарға.

Аз поён то боло

ҲНИТ кӯшиш кард, ки дар сиёсати расмӣ иштирок кунад. Ҳизб дар интихобти парлумони соли 2000 ду курсӣ дарёфт карда, онҳоро дар интихоботҳои солҳои 2005 ва 2010 нигоҳ дошт. Дар асоси натиҷаҳои расмӣ, ҳизб 10 то 15 фоизи раъйҳоро мегирифт. (Аъзои ҳизб ва мушоҳидони мустақил арз мекунанд, ки агар интихобот таҳриф намешуд, ин нишондод хеле баландтар мешуд). Дар авҷи худ дар соли 2007, ҳизб 50 000 узв дошт.

Вале қудрати ҳизб дар ҳузури маҳаллӣ буд. Дар асл, мутахассисон мегӯянд, ки ҲНИТ-ро набояд аз нуқтаи назари ҳизби одатии ғарбӣ маънидод кард, балки ҳамчун як ташкилоти миёна байни созмони ҷамъиятӣ ва ҳаракати иҷтимоии динӣ.

Аъзои ҳизб ва мушоҳидони берунӣ ҷолибии ҲНИТ-ро ба дастрас будани он мансуб мекунанд — баръакси институтҳои беҳосил, бюрократӣ ва мардумгурези ҳукумати Тоҷикистон.

Дар дастнависи китоби нашрнашудааш, Лемон ташрифи худро ба ситоди марказии ҳизб дар Душанбе дар охири соли 2010 ва дидани “фаъолияти пуравҷ ва қаторҳои одамон дар пеши дарҳои роҳбарони ҳизбро” ба хотир меорад. Ӯ қайд мекунад, ки “ягона масҷиди занонаи кишвар дар бинои ҳамсоя ҷойгир буд.”

Ҳузури ҲНИТ натанҳо пойтахтро фаро мегирифт. Ҳизб дар ҳар як минтақа ва ҳатто дар деҳаҳои зиёд идораи худро дошт. Ин қисмҳои ҳизб чорабиниҳои таълимӣ мегузаронданд, баъди офатҳои табиӣ ташаббусҳои кумакро пеш мебурданд, барои шахсони муҳтоҷ пул ҷамъ мекарданд ва вазифаҳои дигареро иҷро мекарданд, ки аппарати давлатӣ намехост ё наметавонист бар дӯши худ гирад.

Ҳангоми сафараш ба деҳаи куҳистонии ноҳияи Нуробод дар соли 2013, Лемон бо Абдураҳмон ном ҷавоне суҳбат кард, ки бартарияти ҳизби мазкурро ба ӯ фаҳмонд: “Бисёри мардуми маҳаллӣ ҲНИТ-ро дастгирӣ мекунанд”, гуфт у. “Дар инҷо давлат нест. Мо чандин бор кӯшиш кардем, ки ҳукуматро барои нест кардани ахлот аз кӯчаҳо моил кунем. Дар оқибат, мо маҷбур шудем, ки худамон ин корро бикунем. ... Вақте ки шавҳари ҳамсояам дар Русия вафот кард, ӯ ба ҳукумат рафт ва онҳо ба ӯ кумак накарданд. Пас ӯ ба ҲНИТ рафт ва онҳо ба ӯ барои маблағ ҷамъ кардан кумак расонданд ва баргардондани ҷасади шавҳарашро ташкил карданд. Дарҳои идораҳои онҳо барои мардум кушодаанд. Онҳо моро гӯш мекунанд.”

Ба бартариҳои ҷозибаи худ нанигариста, ҳизб ҳеҷ гоҳ бо режим, хусусан бо президент ва оилаи ӯ ба таври ошкор рақобат намекард — ба гуфтаи Свердлов, ин “қоидаи асосии сиёсати тоҷикӣ” аст. Мухолифони барҷастатар, ба мисли Гуруҳи 24, ки соли 2014 баъди мақомдорони олимақомро дар фасод айбдор кардан мамнуъ шуд (бинед: Куштор дар Истанбул),

ҲНИТ-ро барои хомӯшии зоҳириаш танқид мекарданд. ҲНИТ ҷаҳд мекард, ки тақобулкори барзиёд нанамояд. Ба ҷои дар интихоботи президентии соли 2013 раиси худ Кабириро номзад таъйин кардан, ҳизб ба ҳизби хеле хурдтари Сотсиал-демократӣ ҳамроҳ шуда, номзадии фаъоли ғайридинии ҳуқуқҳои инсон, Ойниҳол Бобоназароваро дастгирӣ кард.

“Мо зани беҳиҷобро пешниҳод кардем”, мефаҳмонад Кабирӣ. “Ин нишон дод, ки мо ояндаи [Тоҷикистонро] ҳамчун кишвари демократӣ ва ғайридинӣ мебинем.”

Дар оқибат, Бобоназарова бинобар сабабҳои ҳуқуқӣ-техникӣ аз интихобот хориҷ карда шуд, ҳарду ҳизбҳои мухолиф интихоботро бойкот карданд, ва президент Раҳмон бо аксарияти 84 фоиз овозҳо такроран интихоб шуд.

Ин натиҷаҳо бесамарии сиёсати расмиро дар Тоҷикистон ифода карданд. Вале нуфузи аслии ҲНИТ дар дигар буд — дар пеш бурдани нормаи ҳукмронии масъул ва демократӣ дар кишваре, ки чунин ҳукмрониро ҳеҷ гоҳ дида набуд.

“Мо Аморати Бухоро доштем, баъд давраи коммунистӣ буд, ки дубора ҳар чизи марбут ба озодии фикрро маҳв кард, баъд аз коммунизм мо ба авторитаризм расидем, ва бинобар ин мардум фикр мекунад, ки ин вазъияти одатист”, мефҳмонад Кабирӣ. “Ин ба мисли Кореяи Шимолӣ аст. Одамон фикр мекунанд, ки кишвари онҳо кишвари хушҳолтарин аст.”

Барои ҳамин аст, мегӯяд ӯ, ки ҳизби ӯ “бодиққат ва зиракона кӯшиш мекард, ки ба одамон алтернативаи дигар нишон диҳад. ... Мо таҷрибаи кишварҳои хеле пешрафтаи мусулмон, ба мисли Майлайзия, Индонезия ва Туркияро нишон додем. Мо маънои ивази қудрат, рақобати сиёсиро фаҳмондем.”

“[ҲНИТ] ба танқиди ҳукумат камтар ва ба нишон додани имкониятҳо ва имконпазирии беҳбудӣ бештар машғул буд”, гуфт Лемон.

Илҳомҷон Ёқубов, сиёсатгари барҷастаи ҲНИТ ва қобиқ раиси минтақавӣ, мегӯяд, ҳизб семинарҳо ташкил мекард ва мутахассисони байналмилалиро барои мубодилаи дониш ва таҷриба даъват мекард.

“Мо мулоқотҳо ва семинарҳо ташкил мекардем ва барои омӯзиши забонҳо, ҳуқуқи инсон, иқтисод, қуръон ва ислом дарсҳои ҳафтаина ташкил мекардем”, мефаҳмонад Ёқубов. “[Одамон] аз Канада, аз Амрико, аз Олмон меомаданд. ... ва дарҳои мо барои ҳама кушода буданд, натанҳо барои аъзои ҳизб. Ҳайратовар аст, ки теъдоди зиёди занон ҳам иштирок мекарданд.”

Ба гуфтаи Ёқубов, ҳизб инчунин дар самти мубориза бо фасоди доимо дар Тоҷикистон мавҷуд чораҳои муайян андешида буд. Хадамоти махсуси телефонӣ, ки дар рӯзномаҳо ва интернет таблиғ мешуд, ба шаҳрвандон имконият медод, ки ҳангоми ба тамаъҷӯии намояндагони давлат дучор шудан шикоят кунанд. Шуъбаи дохилии ҳизб бо номи “Муқовимати мардум бар зидди фасод” ҳуҷҷат ҷамъ карда, онҳоро ба мақомдорони баландпоя ва додситонҳо равона мекард.

“Ҳатто агар ин ташаббус рӯякӣ буд, он ба кашидани лаҷоми ҳукумат мусоидат мекард”, гуфт Лемон.

Ниёз дар ҳақиқат назаррас буд — ва азбаски президент Раҳмон ба саркӯб кардани ҳатто иддаои ҳар гуна рақобати сиёсӣ оғоз кард, ин ниёз боз ҳам бештар мешуд.

Система заиф мешавад

Дар солҳои аввали баъди созиши сулҳи 1997, Раҳмон дар мустаҳкам кардани ҳукмронии худ дар кишвари аз ҷанг харобгашта аз сарлашкарон вобаста буд. Дере нагузашта, ӯ онҳоро ҳамчун рақибони худ дида, аъзои мухолиферо, ки маҷбур шуда буд ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кунад, аз байн мебарад.

Ба ҷои онҳо, вазифаҳои рӯз то рӯз муҳимтар мешударо, натанҳо дар ҳукумат, балки дар соҳаҳои муҳими иқтисод, бо аъзои оилаи сершумораш пур кард. Писараш Рустам, ки ҳамчун сардори агентии зидди фасоди кишвар кор мекард, дар синни 29-солагӣ мири шаҳри Душанбе таъйин шуд, ва ҳоло барои президентӣ тайёр карда мешавад. Духтараш Озода қонунгузор аст ва инчунин роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент. Додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода, раиси калонтарин бонки тиҷории Тоҷикистон аст. Домодаш Шамсулло Соҳибов, соҳиби яке аз конгломератҳои бузургтарини кишвар аст. (Бинед: Куштор дар Истанбул)

Оқибати режими худпарастии Раҳмон барои рушди инсон дар Тоҷикистон фоҷианок аст. Тоҷикистон кишвари қашшоқтарини Осиёи Марказӣ буда, аз интиқолҳои пулии ҳиссаи бузурги аҳолии муҳоҷири худ, ки дар Русия бо меҳнати хизматгорӣ машғул аст, вобастагии шадид дорад. Мувофиқи баъзе тахминҳо, муҳоҷирони корӣ то 45 фоизи раъйдиҳандагони кишварро ташкил медиҳанд; маблағи ба ватан ирсол мекардаашон сеяки ММД-и онро ташкил медиҳад.

“Маориф амиқан гирифтори фасод аст”, мефаҳмонад Лемон. “Шахсони боистеъдод ва бомаърифат, [онҳое], ки майли ислоҳот доранд, бо тиҷорат машғул шуда [ё] соҳибкор шуда наметавонанд, зеро ҳукумат дороиҳои онҳоро мусодира мекунад. ... Шахс наметавонад дар Тоҷикистон бидуни маслиҳат бо ҳукумат, ки ба мисли мафия кор мекунад, сарватманд шавад.”

“Дар баробари ин, шахс наметавонад нигарониҳои худро баён кунад, ё тағйирот талаб кунад”, илова кард Лемон. “Одамони лаёқатмандтарине, ки дар онҷо шинос шудам, онҳо ба Русия мераванд, ба Туркия мераванд, ва дар онҷо тиҷорати муваффақ месозанд ё дигар кори дилхоҳи худро озодтар пеш мебаранд.”

Ёқубов мегӯяд, ки пеш аз узви ҲНИТ шудан, бо воридкунии мошинҳо аз Латвия машғул буд. “Гумрук бе фасод иҷозат намедод, ки мошинҳо гузаранд. Аз ҳар як мошин ҳадди ақал 500-600 доллар мегирифтанд.”

“Дигар роҳи зинда мондан нест, мефаҳмед?”, ӯ мепурсад. “Чаро? Барои ки ҳар як соҳаи иқтисод инҳисор аст. Оилаи президент инҳисорро дар даст дорад. Ҳама чиз — тиҷорат, савдо — ҳама чиз дар Тоҷикистон инҳисор аст.”

“Ин тамаддуни мо нест”

Вақте ки фасод иқтисоди Тоҷикистонро шикаст дод, барои қудратро аз даст надодан, режим ба истифодаи усулҳои шадидтари диктаторӣ гузашт.

Яке аз соҳаҳои афзояндаи саркӯбӣ дин шуд.

“Вазъияти иқтисодӣ бадтар мешуд, даромадҳо тунду тез коҳиш меёфтанд”, ба хотир меорад роҳбари ҲНИТ Кабирӣ. “Мақомот мефаҳмиданд, ки дигар аз уҳдаи мушкилиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ намебароянд, ва бинобар ин ба онҳо тақобули гуруҳҳои ғайридинӣ ва динӣ лозим буд.”

Дар баробари ин, ҲНИТ худро дар интихоби парлумонии соли 2011 “ҳамчун ҳизби ҷиддӣ ва мустаҳкам нишон дод”, гуфт Свердлов. “[Ин ҳизб] шояд қисмати машҳуртарини мухолифат буд ва ин Раҳмонро ташвиши аслӣ медод.”

Пас боиси тааҷҷуб нест, ки маҳз дар ҳамин давра қонуну тартибҳои шадидтаре эътибор ёфтанд, ки динро ҳадафи худ доштанд.

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон намоиш додани аломатҳои зоҳирии дини ислом, аз қабили доштани риши дароз барои мардон ва ҳиҷоб барои занон, мамнуъ шуд. Тамара Григорева, мутахассиси Freedom House оиди Осиёи Марказӣ, ин усулҳои маҷбуриро шарҳ медиҳад: “Онҳо рейдҳое мегузаронанд, ки дар онҳо пулис ба кӯчаҳо мебароянд ва одамони ришдорро меҷӯянд, онҳоро ба идораҳои милиса мебаранд ва бо далели “ин тамаддуни мо нест” маҷбуран ришашонро метарошонанд. Онҳо ҳиҷобро аз тани занҳо мекашанд.”

Даҳҳо мусулмонони порсо гирифтори мурофиаҳое шуда буданд, ки ба гуфти Свердлов “мурофиаҳои судии намоишӣ дар тамоми Тоҷикитон” дар асоси “иттиҳомҳои номуайяни ифротгароӣ ва терроризм” буданд.

Ҳукми президент омӯзиши ислом дар кишварҳои ба мисли Миср ва Арабистони Саудиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон мамнуъ кард. Онҳое, ки аллакай дар чунин кишварҳо дарс мехонданд, фармони бозгашт гирифтанд.

Ва қонуни ба истилоҳ “дар бораи масъулияти волидайнӣ” аз соли 2011 иҷозат намедиҳад, ки шахсони аз 18 ҷавонтар ҳатто бо волидони худ ё дар рӯзҳои истироҳат ба муассисаҳои динӣ раванд.

“Ин қонунҳо инчунин ба мактабҳои динии ҲНИТ, ки дар оқибат мамнуъ шуда буданд, таъсир расонданд, гуфт Свердлов. “Ин дар солҳои аввал усули асосӣ буд.”

Иттифоқ будани ҲНИТ бо исломгарон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар нутқу баромадҳо бисёр шунида мешавад. Ин низоъ бетартибу бисёртарафа буд, вале режим ин ҷангро ҳамчун муборизаи “байни хубу ганда” байни давлати ғайридинӣ ва исломгарони ифротӣ дубора маънидод кард. Ин тавр, мегӯяд Лемон, таърихи даҳшатноки Тоҷикистон “аз ҷониби ҳукумат барои қонунӣ эътироф кардани ҳукмронии авторитарӣ истифода бурда мешавад.”

Барои заиф кардани ҲНИТ инчунин як қатор усулҳои дигар истифода шуда буданд. Соли 2014, дар телевизиони давлатӣ дар бораи таҳрифҳои шаҳвонии аъзои ҳизб гузоришҳо намоиш дода мешуданд. Мақомоти интизомӣ ба онҳо фишор мекарданд, ки фаъолияти худро қатъ кунанд. Ва албатта, ба ҲНИТ ҳеҷ гоҳ иҷозат дода нашуд, ки худро сафед кунад.

“Дар давоми 10 соли кораш дар парлумон”, ба хотир меорад Кабирӣ, “ман ҳеҷ гоҳ ба телевизион ё рӯзномаҳои расмӣ дастрасӣ надоштам. ... Шояд дигар дар ягон ҷои дигари ҷаҳон чунин ҳолате мушоҳида нашудааст, ки аъзои парлумон имкони дар телевизион сухан гуфтан надошта бошад.”

Аммо сахтӣ ҳоло дар пеш буд. Зарбаи ниҳоӣ бар зидди ҲНИТ пеш аз интихоботи парлумонии марти 2015 тақвият ёфт.

“Ту даст мекашӣ”

Начандон пеш аз интихобот, Шӯро оид ба корҳои дин — органи давлатие, ки масҷидҳоро идора мекунад — ба имомҳо амри маъруфе тақсим кард, ки раҳбарии президентро ситоиш мекард ва исломи сиёсиро танқид мекард. Номи ҲНИТ гирифта шуда набуд, вале киноя ошкор буд.

Ва тарғибот танҳо ибтидо буд. Довталабони аз ин ҳизб пешниҳодшуда зери фишори бевосита аз ҷониби пулис қарор гирифта буданд, ки кӯшиши онҳоро маҷбуран ба саркашӣ аз иштирок дар интихобот моил мекарданд.

Моҷарои Ҷаннатулло Комилов мисоли шарҳдиҳанда аст.

Комилови 36-сола баъди аз дасти қувваҳои тарафдори давлат кушта шудани падар ва ду бародараш дар давоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 кишварро тарк кард. Баъди як донишгоҳи Покистонро хатм кардан, ӯ ба Тоҷикистон баргашт, ба ҳизб ҳамроҳ шуд ва дар соли 2009 дар ситоди марказӣ дар Душанбе кор мекард.

Ӯ барои иштирок дар интихобти марти 2015 ҳамчун номзад аз Данғара, шаҳраке тахминан 100 километр аз Душанбе, ки бинобар зодгоҳи президент Раҳмон буданаш барҷаста аст, интихоб шуда буд.

Комилов бо фишори афзоянда дучор шуд, ки ӯро маҷбур мекард, ки номзадии худро бозхонад. Ӯ ба хотир меорад, ки феврали 2015 муфаттише ӯро ба идора даъват карда, шаб ӯро ҳамон ҷо нигоҳ дошта буд. Дар асоси иттиҳоми сохтакории дипломи донишгоҳ аз болои ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба ин нанигариста, ӯ маъракаи интихобтии худро идома дод. Якчанд рӯз гузашта, ӯро бори дигар ба идора даъват кардан ва дубора таҳдид карданд. “Ту дасткашӣ мекунӣ”, ба хотир меорад ӯ. “Мо дипломи туро лағв месозем ва ту бе ҳеҷ чиз мемонӣ. Агар бо мо ҳамкорӣ кунӣ, дигар ба ту намерасем.”

Комилов ин фишори дучоршудаашро ба ҳавою ҳаваси оилаи президентӣ мансуб мекунад. “Раҳмон аз ҳамин ноҳия аст, аз Данғара. Бародараш онро идора мекунад. [Агар] ҳатто дар ноҳияи президент фаъолони мухолиф ҳузур медоштанд, ин барои ӯ шармандагӣ мешуд... Пас, фишор шадид буд”, мегӯяд ӯ.

Дар оқибат, дипломи Комилов воқеан лағв карда шуд, ва ӯ дигар натавонист маъракаи худро идома диҳад. Вале ин ҳам охир набуд. Ӯро якчанд бори дигар додситонҳо даъват карда, боз шаб нигоҳаш медоштанд. Маълум мешуд, ки ӯ бо хатари ҳабси бардавом рӯ ба рӯ шудааст.

Ӯ мегӯяд, “шахсоне, ки дар кишварҳои исломӣ хондаанд, бо мушкилиҳои бузург рӯ ба рӯ мешаванд. “Онҳо метавонад бигӯянд, ки ту салафӣ ҳастӣ, ки ту террорист ҳастӣ. … Пас ҳамкорони [ман] ба ман гуфтанд, ки аз Тоҷикистон фирор кунам.”

Ӯ вақти зиёд сарф накарда, якчанд ҳафта баъди интихобот ба таври пинҳонӣ фирор кард. Имрӯз, Комилов, ҳамсараш ва се фарзанди онҳо дар Олмон паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтаанд.

Вале дар ин лаҳза дар Тоҷикистон, сарнавишти ҳизби ӯ баъди интихобот маълум шуд. ҲНИТ ҳатто аз он ду курсии “намоишии” давоми чандин сол доштааш маҳрум шуд.

Свердлов мегӯяд, ки ин “аломати аз миён рафтани ҳизб буд. ... Ҳукумат дигар ҳатто дар нигоҳ доштани хаёлоти дар сиёсат мавқеъ доштани ҲНИТ манфият надошт.”

Зарбаи болға садо медиҳад

Тобистони ҳамон сол, таъқиби шадиди фаъолони ҲНИТ аз ҷониби мақомот оғоз ёфт.

“Ҳама боздошт шуда буданд”, ба хотир меорад Илҳомҷон Ёқубов, сиёсатмадори ҲНИТ, ки қаблан аз фасод дар терминали гумрук дилгир шуда буд. “Манро ҳам 3-юми июни соли 2015 боздошт карда буданд,”

Ӯ ба хотир меорад, ки намояндагони мақомоти амният ӯро ба идора бурда, бо илтифот вақт сарф накарданд. Ӯ ба хотир меорад, “онҳо таҳдид карданд, ки ба ман 10-15 соли [зиндон] медиҳанд”. “Онҳо гуфтанд, ки ман узви [гуруҳи ифротгарони исломии] Ҳизб–ут–Таҳрир ва [гуруҳи мухолиф] Гуруҳи 24 тааллуқ дорам, ки ман душмани миллат ҳастам.”

Ӯ ба хотир меорад, “Агар бихоҳӣ, мо туро озод мекунем, агар бар зидди ҳизб баёнот нависӣ.”

“Ман як рӯз розӣ нашудам”, гуфт ӯ. “Аммо онҳо маро шиканҷа карданд ва ба ман таҳдид карданд. Ман дар таҳхона будам. Хеле торик буд, чизеро дида намешуд. Намедонӣ, дар куҷо ҳастӣ ё чӣ кор кунӣ. ... Рӯзи дуюм ман ба ҳамаи хоҳишҳои онҳо розӣ шудам. Онҳо матне навиштанд ва гуфтанд, “ҳамин матнро мехонӣ, мо туро бо камера сабт мекунем, ва баъд туро озод мекунем”. Ман бояд менавиштам, ки шиканҷа набуд, таҳдид набуд, ки ман танҳо давоми ду соат дар боздошт будам. Ман ҳамаро имзо кардам, ва баъд онҳо маро озод карданд.”

Ёқубов танҳо набуд. Худи ҳамон моҳ, сиёсатгарони ҲНИТ дар тамоми кишвар аз кор мерафтанд. “Зоҳиран дар ҳолати асабонӣ, вакилон баёнияҳои тайёршударо дар бораи нокомиҳои ҳизб дар интихобот ва силсилаи ҷанҷолҳо мехонданд”, мефаҳмонад Лемон дар дастнависи китобаш. “Бисёри вакилон аз ҷониби афсарони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади аз фаъолият даст кашиданашон шиканҷа шуданд ... [ҳамон тобистон] ҲНИТ идораҳои худро дар 58 ноҳия баста буд.”

Саркӯбӣ шадидтар шуд. Дар аввал нашрияи ҳизб, ва баъдан ситоди марказии он бинобар расмиятҳои ҳуқуқӣ баста шуданд. Нисбати Кабирӣ, раиси ҳизб, бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ба даст овардани бозори доштааш рӯ ба рӯ шуд, ва инчунин кишварро тарк кард.

Моҳи август, Вазорати адлия ин ҳизбро расман мамнуъ эътироф карда, таъкид кард, ки азбаски “ҳизбҳо бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо идора дошта бошанд”, он воқеан дигар ҳизб ҳам намебошад.” Ба ибораи дигар, ҲНИТ-ро ба бастани идораҳо дар саросари кишвар маҷбур карда, ҳукумат акнун худи ҳизбро баст, зеро он дигар қобилияти кор кардан надошт.

Зарбаи ниҳоӣ тирамоҳи ҳамон сол садо дод.

4-уми сентябр, Абдуҳалим Назарзода, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сарвари мухолиф, ки ба ҳукумат ҳамроҳ карда шуда буд, гӯё кӯшиши амалӣ кардани табаддулоти зиддидалватӣ кард ва баъди қариб ду ҳафта аз ҷониби лашкарони ҳукуматӣ таъқиб шудан кушта шуд.

Қариб дарҳол тахминан дувоздаҳ сарвари ҲНИТ-ро дастгир карданд ва дар дастгирии кӯшиши табадуллот айбдор карданд. Ба гуфти Свердлов, “ба ҳар ҳол, [дар бораи ин] ягон далел пешниҳод шуда набуд.” Дар рафти мурофиаҳои паси дарҳои пӯшида дар соли оянда, онҳо муҳлатҳои мухталифи ҳабс гирифтанд — барои бархе ҳабси абадӣ.

ҲНИТ бо зудӣ созмони террористӣ эълон шуда, мамнуъ карда шуд. Дере нагузашта, садҳо аъзои сатҳи поён дар саросари кишвар боздошт шуданд. Шумораи ночизи ҳомиёни ҳуқуқ, ки барои онҳоро ҳифз кардан ҷасорат доштанд, худашон ба ҳабс гузошта шуданд.

Бисёриҳо бадарға шуданд. Аъзои ҳизб ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Бархе ба Русия, дигарон ба Лаҳистон, Литва, Туркия, Олмон ва кишварҳои дигар.

Ҳукуматро чӣ водор кард, ки ба чунин саркӯбкунии шадид даст занад?

Ба гуфтаи Кабирӣ, қатраи охирин мухолифати ҳизб нисбати тағйироти ба нақша гирифташудаи сарқонун буд.

“Мақомот мехостанд, ки сарқонунро тағйир диҳанд ва кишварро тарзе ҳукмронӣ кунанд, ки ягон овози таҳқиромез, на дар парлумон ва на берун аз он, садо надиҳад. Онҳо аз ҳар гуна танқид мутаассибона метарсиданд”, мегӯяд ӯ.

Воқеан, кунун ки ягона мухолифати воқеӣ аз миён рафт, Раҳмон метавонад озодона ба тағйироти конститутсионӣ шуруъ кунад. Дар референдуми майи 2016, киFreedom House онро ҳамчун “ноқис” тавсиф мекунад, президент “Пешвои миллат” номида шуд. Ин унвон ӯро аз эътибори сарқонун болотар гузошт ва ба ӯ қобилияти ҳукмрони абадии кишвар будан дод. Тағйирот бо 94,5 фоиз тасвиб шуд.

Робитаҳои хешутаборӣ

Эълонномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои маъракаи интихоботи парлумонии соли 2015. Якчанд сарвари ҳизб дар ин сурат ҳоло дар пушти панҷара қарор доранд. Манбаъ: Максим Эдвардс.

Барои он аъзои ҲНИТ, ки қарори душвори тарки ватанро интихоб карданд, мушкилиҳо ҳоло дар пеш буд. Дар бисёри ҳолатҳо, оилаҳои онҳо дар ватан дучори саркӯбии шадид шуданд.

Ёқубов, номзаде, ки дипломашро лағв карданд, ба хотир меорад, ки баъди тарки кишар карданаш, ҳукумат ҳатто думболи он аъзои оилааш шуданд, ки тарафдори давлат буданд. “[Хадамоти амният] бародарамро давоми муддати тӯлонӣ нигоҳ доштанд; онҳо ӯро хеле сахт кӯбиданд”, мегӯяд ӯ. “[Ӯ] маро дастгирӣ намекард; ӯ тарафдори ҳукумат буд. Аммо азбаски ӯ бародари [ман] аст, ӯро ҳам шиканҷа карданд.”

Илова бар ин, оилаҳо натанҳо дучори таъқиби расмӣ буданд. Агентҳои ҳукумат бар зидди онҳо маъракаҳои хиҷолатдиҳии ҷамъиятӣ ташкил мекарданд. “Баъзан [аъзои оилаҳо] дар ҷамъомадҳои ҷамъиятӣ дар деҳаҳои худ дар пеши ҳамдеҳаҳои худ шарманда карда мешуданд”, мегӯяд Лемон.

Оилаи Қабирӣ воқеан дар ҷудоӣ нигоҳ дошта мешавад. Ӯ мегӯяд, “айни ҳол набераҳои ман, бародарон ва хоҳаронам наметавонанд аз кишвар бароянд, ё ҳатто сарфи назар аз масофаи якчанд километр якдигарро зиёрат кунанд. Онҳо воқеан дар ҳабсӣ хонагӣ қарор доранд. 2 сол боз бо онҳо алоқа надорем; ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки интернетро истифода баранд.”

Кабирӣ таъкид мекунад, ки падари пирсолаш бинобар чунин фишори шадид соли гузашта вафот кард.

“Падарам марди 95-сола буд. Соли гузашта хостем ӯро барои муолиҷа ба Истанбул барем, вале дар лаҳзаи охирин хадамоти махсус ӯро аз ҳавопаймои Turkish Airlines фаровард. Марди пирсоле, ки дар чархкурсӣ менишаст.”

“Ба ӯ иҷозат намедоданд, ки аз кишвар барояд, маҷбур карданд, ки дар навори видеоӣ гап зада, маро водор созад, ки фаъолиятамро қатъ кунам.”

“Мусоҳибаи ӯ дар идораи милиса сабт шуда буд. Ва ӯ гуфт: “Ман туро нағз медонам, ман туро ба воя расондам, медонам, ки ҳеҷ гоҳ хато намекунӣ, чӣ коре, ки ба фикрат дуруст аст, бикун. ... Аз рӯи суханҳои интихоб кардааш ман фаҳмидам, ки ӯ аз ман хоҳиш мекунад, ки ба иғво эътино накунам. Ин охирин паёме буд, ки аз ӯ гирифта будам.

Оянда дар ғарибӣ

Кабирӣ, ки дар ғарибӣ буда, то ҳол ҳизбро раҳбарӣ мекунад, ба ҳар ҳол умедвор аст, ки саргузашти 40-солаи ӯ ҳанӯз ба поён нарасидааст.

“Мо дар Аврупо ва дигар кишварҳо якчанд намояндагӣ кушодем”, ӯ мефаҳмонад. “Мо кори худро дар шароити муҳоҷирӣ идома медиҳем. Ман намегӯям, ки мубориза бо диктатура ва авторитаризм осон аст, вале мо умедро аз даст намедиҳем.”

“Ягона хати алоқае, ки барои мо дастрас аст, ин интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст. ... Шояд дар оянда хатҳои беҳтари алоқа, ба мисли ТВ ё барномаҳои видеоӣ дар YouTube ташкил кунем.”

Ӯ мегӯяд, “аз ҳама чизи душвортарин барои ман он аст, ки ҳамкоронам паси панҷараанд.” “Бисёри онҳо мардони калонсолнад, аз 70 боло, ва онҳо муҳлатҳои бениҳоят тӯлонӣ гирифтанд. Метарсам, ки агар вазъият иваз нашавад, онҳо ҳеҷ гоҳ озодӣ ва наздикони худро намебинанд.”

Ва ӯ шарикии ғарбро ҳамчун ҳиссаи мушкилӣ мебинад.

“Ин кишвар узви САҲА мебошад ва бо ИА муносибатҳои шарикӣ дорад. Вазъият ба Кореяи Шимолӣ шабеҳ аст. Вале касе дар бораи ин гап намезанад, зеро Тоҷикистон Кореяи Шимолӣ нест, он ҳамчун шарик дида мешавад — шарики диктаторӣ. Душвории вазъият дар ҳамин аст. Вақте ки ғарб як диктаторҳоро “худӣ” ва дигарҳоро “бегона” мебинад.”

“Вале барои мардум, диктатор диктатор аст.”

Поёни матн

Андешаҳои донишманди шинохтаи тоҷик Ҳафиз Бобоёров дар посух ба ин матлаб рӯзи 9 майи соли 2019 зери унвони "Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ" дар Блогистони Радиои Озодӣ нашр шуданд.