4 "портрет"-и тахминии гумонбарон ба ифротгароӣ дар тасвири мақомоти тоҷик

Акс аз бойгонӣ

Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чаҳор “портрет” ё чеҳраи эҳтимолии гумонбарон ба ифротгароиро дар кишвар тасвир кардааст. Инҳо:

  1. “дониши ками диниву дунявӣ дошта, бе касб ва ҷойи кори муайяну доимӣ ҳастанд ва дар мушкили иқтисодӣ дармондаанд”
  2. “дар муҳити суннатии оила бузург шудаанд”
  3. “афроде, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯрӣ ва даромади муфт меписанданд”
  4. “аз бонкҳо қарздоранд, дар коррупсия даст доранд ва таҳти ҷустуҷӯи мақомот ҳастанд”.
Ҳар касеро, ки мухолифи ҳукумат аст, экстремист ё радикал эълон мекунад. Аммо бинобар набуди додгоҳҳои мустақил санҷидан душвор аст, ки оё ин одам қонунҳои Тоҷикистонро дар ҳақиқат нақз кардааст ва ё парвандаи ӯ як навъ интиқом барои интиқодаш аз ҳукумат аст?
Сергей Игнатев

"Хушку тарро месӯзонад"

Бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, “характеристика” ё тасвире аз гӯё симои шахси ифротгаро, ки дар натиҷаи таҳқиқот ҳосил шудааст, метавонад ба аксар сокинони Тоҷикистон рабт гирад ва “хушку тарро якҷо бисӯзонад”. “Ингуна бархӯрд хеле сатҳӣ аст ва метавонад озодиҳои шаҳрвандиро маҳдуд мекунад”, - афзуд яке як ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ.

"То 45-солаанд"

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март гуфт, ин таҳқиқот бо дархости ҳукумат ва ба хотири шинохти беҳтари ифротгароён ва ангезаҳое, ки шаҳрвандонро ба ин роҳ тела медиҳад, анҷом шудааст.

Файзулло Баротзода

“Ҳангоми таҳқиқот маълум кардем, ки аксари ифротгароён ҷавонон ва миёнсолонанд. Синнашон то 45-сола аст”, - гуфт Баротзода. Бахше аз таҳқиқот аз суҳбат бо маҳбусони маҳкум ба ифротгароӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иборат будааст. Файзулло Баротзода гуфт, ғайри интизор дар миёни онҳое, ки ин таҳқиқот фаро гирифт, “шахсоне низ ифротӣ шудаанд, ки соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд”.

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, “вақте бо нафарони маҳкум ба ифротгароӣ дар зиндон суҳбат мекунед, дар лаҳзаҳои аввал дармеёбед, ки дониши казоӣ надоранд. Ҷаҳонбиниашон танг аст. Ҳам аз лиҳози динӣ ва дунявӣ. Доштани диплом нишонаи донишмандӣ нест.”

"Дар муҳоҷират баҳс кард, дар ватан зиндонӣ шуд"

Рустам Азизӣ

Мақомот онҳеоро, ки “саводи пасти дунявӣ ва динӣ” доранд ва соҳиби касбу кори муайян нестанд, дар раддаи аввал ҷой додаанд. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ин тоифа бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва “аз таъсири бади ғурбати рӯзгор ... ба осонӣ туъмаи таблиғгарон ва ҷаллобон (рекрутер)-и гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд”.

Суннатулло, ҷавони тоҷик, аз зумраи муҳоҷирони кориест, ки соли 2014 пас аз баргашт аз Русия дар Тоҷикистон боздошт ва бо ҷурми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” зиндонӣ шуд. Ӯ гуфт, дар Дошнигоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кард, вале бинобар камбуди пул ба Русия рафт ва бо кафшергарӣ машғул шуд.

Суннатулло мегӯяд, ҳангоми дар муҳоҷират будан бо ташвиқи дӯстон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, дар масоили динӣ баҳс мекард, бехабар аз он ки ин ҳама мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун “ифротгароӣ” арзёбӣ мешавад. Ҳоло ӯ аз зиндон озод шудааст ва мегӯяд, худро аз баҳсҳои динӣ канор мекашад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шӯрои Амният: "Ифротиён дар сар ҳавои вуруд ба Осиёи Марказиро доранд"

"Озмоиши дубора"?

Гурӯҳи дигари эҳтимолии ифротгароён ва тундравонро муаллифон “зодаи хонаводаи суннатие медонанд, ки дар соли 90-ум, замони мухолифатҳои дохилии Тоҷикистон ҳамроҳи аҳли оилашон ба Афғонистон сафар карда буданд”. Бино ба хулосаи Маркази исломшиносӣ, “онҳо имрӯз... ҷонибдори гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд”, аммо мисоли мушаххасе оварда нашудааст.

Вожаи ифротгаро ва тундрав дар Тоҷикистон бештар якҷо бо номи диндорон ва ё исломгароён ёд мешавад ва расонаҳо низ ин ду вожаро дар аксари маврид пайи ҳам истифода мекунанд. Аммо коршиносони Маркази исломшиносӣ дар хулосаи пажӯҳиши хеш ду тоифаи дигари ифрогароёнро тасвир кардаанд, ки рабте ба баҳси дину мазҳаб надоранд.

Бинобар тасвири коршиносони марказ, ин тоифа ифротгароён аз роҳи зӯроварӣ “даромади муфт” гирифтанро меписанданд, вале бинобар “пурзӯр шудани назорат ва муборизаи мақомот бо ҷинояткорӣ бо пешаи қаблии худ зиндагӣ карда натавонистанд ва аз ин рӯ ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд”.

“Онҳо озмоиши дубораи худро маҳз дар майдони амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои бегона ё ҳар ҷойи ноороми дигар ҷустуҷӯ мекунанд”, - навиштаанд муаллифон.

Интиқом барои интиқод аз мақомот?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Коршинос: "Бо шеваҳои кӯҳна намешавад бо ифротиён мубориза кард"

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, хулосаҳои Маркази исломшиносӣ якҷониба аст, чун мушкилоти иҷтимоӣ, ба монанди маоши кам ва муҳоҷирати густардаи нерӯи корӣ ба хориҷаро ҳамчун омили гароиши шаҳрвандон зикр накардааст. “Чунин арзёбиҳо дар асл хатарнок ҳастанд ва метавонад боиси саркӯбу муҳокимаҳои бештари ноодилонаи мардум шаванд”, - мегӯянд бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ.

Сергей Игнатев, ҳуқуқшинос аз созмони «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» дар Париж гуфт, дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки бо амалкарди ҳукумат розӣ набошад, “террорист ва ё экстремист эълон мешавад”.

“Аз таҷриба медонем, дар Тоҷикистон ҳар касеро, ки бо ҳукумат назари мухолиф дорад, экстремист ё радикал эълон мекунад. Аммо бинобар набуди додгоҳҳои мустақил санҷидани он душвор аст, ки оё ин одам қонунҳои Тоҷикистонро дар ҳақиқат нақз кардааст ва ё парвандаи ӯ як навъ интиқом барои интиқодаш аз ҳукумат аст?”

Игнатев афзуд, қонуни зидди ифотгароӣ дар Тоҷикистон дар аксар маврид зидди мухолифон ва саркӯби дигарандешон истифода мешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, муҷозоти мунтақидон бо ҷурми ифротгароӣ, баръакс, шумори афоди норозиро бештар мешавад ва дар зиндонҳо андохтани ин гурӯҳҳо оқибатҳои сангинтаре хоҳад дошт.

"Онҳо ба партови иҷтимоӣ табдил шудаанд"

Шералӣ Ризоён

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари мустақил Шералӣ Ризоён, гуфт, усули хеле муассир алайҳи ифротгароӣ метавонад барномаҳое бошад, ки ботил будани чунин ақидаҳоро намоиш диҳад. “Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеаро бо роҳи табиӣ аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ боздорем ва як навъ масунияте ба вуҷуд орем, ки минбаъд ягон гуруҳи ифротӣ шаҳрвандони моро сироят накунад”.

Ӯ афзуд, “нафароне, ки ба гуруҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, беш аз ҳама ба буҳрони ҳувият дучор шудаанд. Инқирози ҳувият сабаб мешавад, ки дар мағзи ҷавон ақидаҳои ифротӣ ҷогир шавад. Ин инқироз дар миёни онҳое бештар ба вуҷуд меояд, ки мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда наметавонанд ва дар натиҷа ба як партови иҷтимоӣ табдил ёфтаанд”.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, айни замон 122 шаҳрванди кишвар бо иттиҳоми ифротгароӣ ва ё экстремизм таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд. Мувофиқи қарори Додгоҳи олӣ 10 созмон ифротӣ эълон шуда, фаъолияти онҳо дар дохили кишвар манъ аст. Вале аъзову ҷонибдорони чанд созмоне, ки вориди ин феҳраст ҳастанд, аз ҷумла “Гуруҳи 24” ва ҲНИ чунин иттиҳомро қабул надоранд ва мегӯянд, танҳо дар мавқеи мухолифати сиёсӣ бо ҳукумат қарор доранд.