Санҷиш. "Тасаввур намекардам, ки кӯдакам бо каси бегона меравад" ВИДЕО

Дар Тоҷикистон солҳои охир мавзӯи гум шудани кӯдакон ва кӯдакрабоӣ ҳарчӣ бештар доғ мешавад. Нашри пайвастаи эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёбонҳо, ки аз гум шудани кӯдакон дарак медиҳанд, боис ба нигаронӣ ва ҳароси бархе аз волидон шудааст.

Дар тақрибан шаш соли охир чанд ҳолати нопадид ва ҳамин тавр пайдо нашудани кӯдакон расонаӣ шуда буд. Маъруфтарини онҳо қазияи Малика ва Сабина Араловаҳо аст, ки бо гузашти шаш сол ҳеч нишоне аз зинда ё мурда будани онҳо нест.

Малика ва Сабина Араловаҳо

Сабабҳои гум шудани кӯдаконро аксарият дар бетаваҷҷӯҳии волидон ва огоҳ набудани кӯдакон медонанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар яке аз боғҳои пойтахт санҷиданд, ки оё кӯдакон бо шахсони барояшон бегона бовар мекунанд ва омода ҳастанд, ки бо онҳо бираванд?

Бо таваҷҷӯҳ ба майли зиёди кӯдакон ба телефону дурбин, дар ин санҷиш барои ҷалби кӯдакон аз дурбини наворбардорӣ истифода шуд. Ва барои чунин санҷиш ризояти волидон, ки дар наздикии кӯдакон буданд ва аз дур манзараро мушоҳида мекарданд, гирифта шуд.

Аз 14 кӯдаке, ки мавриди санҷиш қарор гирифтанд, танҳо 2 нафар нахостанд, бо каси барояшон бегона бираванд. Дигарон машғули дурбину наворбардорӣ бе иҷозаи волидон бо ҳамкори мо, ки нақши кӯдакраборо иҷро мекард, розӣ буданд бираванд.

Яке боғҳои Душанбе

Падару модарон, ки интизор надоштанд, фарзандонашон бо шахси бегона мераванд ва ба фиреб дода мешаванд, баъди ин таҷриба нороҳат ва ҳатто ба гуфтаи худашон “шок” шуданд.

Волидоне, ки дар ин таҷриба ширкат доштанд, гуфтанд, ҳамакнун назоратро ҷиддитар ва таъкидҳои худро бештар мекунанд.

Солҳои ахир омори расмӣ дар бораи чӣ қадар нопадид шудани кӯдакон дар Тоҷикистон нашр намешавад. Аммо бар асоси иттилои соли 2013 дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, ба қавли мақомот дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон пайдо шудаанд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Санҷиш дар Душанбе. Кӯдакон бо одами бегона мераванд?