Қирғизистон шарҳ дод, ки чаро Салиби Сурхро ба Ворух иҷоза надод. ВИДЕО

Акс аз хабаргузории "Суғднюс".

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 18-уми март бо нашри як изҳорот, ба хабарҳои нашршуда дар бархе расонаҳо дар иртибот ба манъи мошинҳои имдодгарони созмони Салиби Сурх, ки мехостанд ба Ворух дору дастрас кунанд, вокуниш нишон дод. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ба ҳадафи бехатарӣ ва ҳифзи ҷони намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, убур бо нақлиёте, ки шумораи давлатии Тоҷикистонро доранд, ба таври муваққатӣ манъ шудааст.

Мақомот мегӯянд, дар ҷамоати Ворух, ки беш аз 30 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳар лаҳза ба дору ва кумакҳои тиббӣ ниёз ҳаст, чун дар онҷо осебдидаҳои муноқишаи ҳафтаи гузашта ва беморони дигар бистарӣ ҳастанд.

"Зикр мешавад, ки 16-уми март мошинҳо бо нишони Салиби Сурхи Байналмилалӣ ба маҳалли мавсум ба "Дача" дар наздикии рустои Оқ-Сой омаданд. Ин роҳ қаблан аз сӯи сокинони маҳаллӣ баста шуда буд. "Дар пайи ин мошинҳо, худравҳое буданд, ки нишони маснубият ба ин созмонро надоштанд. Марзбонон бо дарназардошти норизоиятии сокинони Оқ-Сой ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъият ба намояндаҳои созмони байналмиллалӣ тавзеъ доданд, ки то замони ба эътидол омадани вазъият, таҳаммулпазир бошанд. Баъд аз шарҳи вазъият аз сӯи марзбонони қирғиз, мошинҳои созмони байналмилалӣ чап гашта, ба самти Тоҷикистон ҳаракат карданд",-омадааст дар баёния.

Бар замми ин, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ин иттилоотро рад кардааст, ки сарҳадбонони қирғиз як мошини ҳомили як ҷасадро аз ворид шудан ба Ворух манъ кардаанд.

Қирғизистон ба Салиби Сурх иҷоза надод, ки ба Ворух равад

Ин дар ҳоле аст, ки мақомот дар Исфара рӯзи якшанбе гуфтанд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иҷоза надодаанд, имдодгарони Салиби Сурх ба сокинони осебдидаи ҷамоати Ворух дору дастрас кунанд. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара, рӯзи 17-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд".

"Мошини Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух ҳамчун кумаки башардӯстона дору мебурд, то ҳанӯз дар марз дармондааст. Мунтазири иҷозаи низомиёни Қирғизистон ҳастанд", - афзуд ӯ.

Мақомот мегӯянд, дар ҷамоати Ворух, ки беш аз 30 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳар лаҳза ба дору ва кумакҳои тиббӣ ниёз ҳаст, чун дар бемористони онҷо осебдидаҳои муноқишаи ҳафтаи гузашта ва маризони дигар бистарианд. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ба сабаби баста будани роҳ ду бемори вазнинро натавонистаанд ба шифохонаи марказии Исфара баранд.

Яке онҳо Нарзихон Холиқова рӯзи 16-уми март дар бемористони Ворух ҷарроҳӣ шудааст. Пизишкон вазъи саломати ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд. Ба нақли сокинон, марзбонҳо рӯзи гузашта иҷоза надодаанд, ки мошини "Ёрии таъҷилӣ" як зани ҳомиларо "бо ташхиси преэкламсияи вазнин" ба Исфара бибарад.

Инчунин, Мавзуна Шамсиддинзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, натавонистааст рӯзи шанбе ба Ворух рафта, аз наздик бо вазъ ошно шавад. Ӯро аз Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ пас гардондаанд.

Талоши тамосҳои мо бо вакили порлумони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Исфара қарор дорад, то ин дам бенатиҷа буд. Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон низ вазъиятро шарҳ надодаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ягона роҳ аз Исфара ба Ворух се рӯз боз бастааст

Раиси вилоят: Ҷузъиётро баъди гуфтушнид мегӯем

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 17-уми март дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият хуб аст, ҷои нигаронӣ нест, тафсилотро баъди анҷоми гуфтушунид мегӯем." Ӯ посух надод, ки роҳи байни Исфара ва Ворух то кай баста мемонад ва бо ҷониби Қирғизистон чӣ масъалаҳоро баҳс доранд.

Ягона роҳи мошингарди байни Исфара ва Ворух, ки аз тариқи деҳаи Оқсойи Қирғизғистон мегузарад, чаҳор рӯз боз бастааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 16-уми март ин масъаларо баррасӣ кардаанд, аммо маълум нест, ба чӣ натиҷа расиданд.

Роҳбандӣ баъди муноқиша

Ин роҳҳо дар натиҷаи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми марти имсол, ки дар пайи сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон сар зад, баста шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таърихи баҳсҳои марзӣ дар водии Фарғона

Дар муноқишаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафари дигар захмӣ гардиданд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар ҷароҳат бардоштаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.