2018 - Гузориши USCIRF дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

USCIRF

Комиссияи Амрико оид ба озодии байналмилалии дин (USCIRF) ниҳоди мустақили ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки мутобиқи Қонуни байналмилалӣ оиди озодии мазҳаб (IRFA) аз соли 1998 дар асоси дуҳизбӣ таъсис дода шудааст.

Комиссия вазифаи мониторинги риояи ҳуқуқи умумии башар барои озодии дин ва мазҳаб дар хориҷаро иҷро мекунад. Баҳри ба роҳ мондани мониторинги нақзи ҳукуқҳои дин ва мазҳаб дар хориҷа меъёрҳои байналмилалиро истифода бурда, Комиссия барои президент, котиби давлатӣ ва Конгресси ИМА тавсияҳои сиёсӣ тартиб медиҳад. USCIRF органи соҳибихтиёр буда, аз Департаменти Давлатӣ мустақил ва ҷудо мебошад.

Ҳисоботи солонаи соли 2018 хулосаи кори солонаи аъзои комиссия ва ходимони касбӣ доир ба ҳуҷҷатгузории нақзҳо дар маҳалҳо буда, барои ҳукумати ИМА тавсияҳои мустақили сиёсӣ дар бар мегирад. Ҳисоботи солонаи соли 2018 давраи аз январи 2017 то декабри 2017-ро фаро мегирад, вале дар баъзе ҳолатҳо дар он рӯйдодҳои муҳиме қайд карда мешаванд, ки пеш ё баъд аз ин давра сар зада буданд. Барои оиди USCIRF маълумоти бештар гирифтан, ба вебсайт гузаред ё тавассути рақами телефонии 202-523-3240 бо USCIRF бевосита дар тамос шавед.

Тоҷикистон

Хулосаҳои калидӣ. Дар соли 2017, дар пасзаминаи шадидтар шудани назорат аз болои кишвар аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи ӯ ҳукумати тоҷик, чун қаблан, зуҳуроти эҳсосоти диннии аҳолиро саркӯб мекард, ва инчунин ҷамъиятҳои ақаллиятҳои диниро таъқиб мекард. Миёни шахсони ба ҳабс маҳкумшуда салафиён, инкорчӣ аз миёни шоҳидони Яҳво ва як пастори протестантӣ. Ҳукумат дар идомаи ҳамлаи худ ба хусусиятҳои мухталифи мазҳаб то дараҷае расид, ки ба зиёфатҳои тӯёна ва ҷаноза маҳдудиятҳо гузошт ва доштани риш бидуни иҷозати махсусро мамнуъ кард. Таҳсили олии динии исломӣ аслан буғӣ карда шуд, ва ҳатто кӯшишҳои маҳдуд кардани риояи Рамазон амалӣ шуда буданд. Инҳисори худро дар фазои сиёсӣ истифода бурда, ҳукумат ситами худро нисбати ҳомии ҳуқуқи зиндоние, ки аъзои ҳизби мамнуи Наҳзати исломии Тоҷикистонро (ҲНИТ) ҳифз мекард, ва инчунин нисбати хешовандони ин ҳуқуқшинос ва хешовандони дигар аъзои ҲНИТ бо қатъи назар аз ба таври ҳуқуқӣ пешбинӣ шудани ҳизби мазкур дар созишҳои дар ин кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ имзошуда идома медод. Бинобар омилҳои номабаршуда, USCIRF дар соли 2018, ба мисли соли 2012, тавсия медиҳад, ки Тоҷикистон мувофиқи Қоунуни байналмилалӣ оиди озодии мазҳаб (IRFA) ба категорияи “кишварҳои боиси нигаронии махсус” (CPC) мансуб карда шавад. Департаменти Давлатии ИМА Тоҷикистонро якумин бор феврали соли 2016 ва дувум бор декабри соли 2017 ҳамчун “кишвари боиси нигаронии махсус” дараҷабандӣ карда буд.

Тавсияҳо ба ҳукумати ИМА

 Тоҷикистон, мувофиқи IRFA, дар категорияи “кишварҳои боиси нигаронии махсус” боқӣ монда шавад;

 Бо вуҷуди ба категорияи “кишварҳои боиси нигаронии махсус” ҳамроҳ шудани Тоҷикистон, худдории муваққатӣ аз андешидани чораҳо бекор карда шавад ва бо ҳукумати Тоҷикистон мувофиқи қисмати 405(с)-и IRFA оиди иҷрои ислоҳотҳои муайян ва маънидор созишномаи дорои эътиборӣ ҳатмӣ, бо меъёрҳо, аз ҷумла ислоҳоти васеи қонунгузорӣ, қатъи рейдҳои пулис, озод кардани маҳбусон ва осонтар кардани дастрасӣ ба ҳаммазҳабон дар хориҷа, баста шавад; дар ҳолати имзо нашудани созишнома, чораҳои муҷозотии аз ҷониби IRFA пешбинишуда татбиқ карда шаванд;

 Ба пешниҳод шудани кумак аз Иёлоти Муттаҳида ба ҳукумати тоҷик, ба истиснои кумак баҳри беҳтар кардани вазъияти гуманитарӣ ва риояи ҳуқуқи инсон, шарте гузошта шавад, ки ҳукумати мазкур баҳри ворид кардани ислоҳот ба қонун оиди дин аз соли 2009 ва беҳтар кардани ҳолати озодии дин ва мазҳаб ҷадвали амалҳои муайян тартиб диҳад ва онро риоя кунад;

 Нисбати мақомдорон ва идораҳои давлатии муайян, ки дар нақзи ҳуқуқҳои инсон иштирок кардаанд ё масъули чунин нақзҳо мебошанд, аз ҷумла нақзи хусусан дурушти озодиҳои дин, чораҳои ҳадафӣ, ба мисли воридкунӣ ба “рӯйхати шаҳрвандони категорияи махсус ва шахсони мамнуъ”, ки аз ҷониби Шуъбаи назорати молияи хориҷии Вазорати молияи ИМА пеш бурда мешавад, манъи гирифтани раводидҳо ба ИМА мутобиқи қисмати 604(а)-и IRFA, Қонуни ҷаҳонӣ ба номи Магнитский оиди масъулият ва волоияти қонун, ва инчунин боздоштани дороиҳо мувофиқи Қонуни ҷаҳонӣ ба номи Магнитский, дида шаванд;

 Бо мақсади водор кардани интиқоди соҳаи хусусӣ ва ҷамъиятӣ нисбати усулҳои ҳукумати Тоҷикистон дар танзим додани дин ва мубориза бо терроризм, ки метавонанд ба радикализатсияи аҳолии кишвар мусоидат кунанд, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад, хусусан ҳангоми гузарондани чорабиниҳои САҲА оиди мубориза бо терроризм;

 Аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шавад, ки ташрифҳои Гузоришгарони махсуси СММ оиди озодии дин ва мазҳаб, оиди мустақилияти системаи судӣ ва оиди масъалаҳои шиканҷа иҷозат диҳад; барои чунин ташрифҳо санаҳои аниқ муайян кунад, ва барои онҳо шароити пурра ва заруриро таъмин кунад;

 Баҳри озод кардани шахсоне, ки бинобар фаъолияти осоиштаи динии худ ё бинобар узви иттиҳодҳои динӣ будан аз озодӣ маҳрум шудаанд, чораҳо андешида шаванд ва дар сатҳи баландтарин нуфуз оварда шавад; ва инчунин ба ҳукумати тоҷик нуфуз оварда шавад, ки нисбати ҳабсшудагон муносибати одамона кунад ва барои онҳо дастрасии мунтазам ба оилаи хеш, нозирони риояи ҳуқуқи инсон, хизматрасонии тиббии мувофиқ ва ҳуқуқшинос таъмин кунад, инчунин барои пайрави дини хеш будан имконият диҳад;

 Пешбинӣ шавад, ки Сафорати ИМА тамосҳои худро, аз ҷумла дар сатҳи Сафир, бо ҳомиёни ҳуқуқ ва руҳониён фаъолона истифода барад;

 Маблағгузории доимии ИМА ба Радиои Озодӣ баҳри идомаи паҳнкунии маълумоти аз таъсири давлат озод оиди рӯйдодҳои Тоҷикистон, аз ҷумла рӯйдодҳои марбут ба дин, таъмин карда шавад; ва

 Таъмин карда шавад, ки ИНТЕРПОЛ ислоҳоти эълоншударо доир ба баррасии босамартари иддаоҳо оиди сӯиистифодаи чунин дархостҳои байналмилалии боздошт ва истирдод (“огоҳиҳои сурх”), ки бо мақсади таъқиби дигарандешони сиёсӣ ва динӣ истифода бурда мешаванд, амалӣ гардонад.

Маълумоти мухтасар

Тоҷикистон

Номи пурра: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли ҳукмронӣ: ҷумҳурии президентӣ

Аҳолӣ: 8 400 000 нафар

Динҳо/мазҳабҳои аз ҷониби ҳукумат эътирофшуда: ислом ва насронӣ (православӣ, католикӣ ва протестантӣ)

Ҳайати динии аҳолӣ:

90% мусулмон (86% суннӣ ва 4% шиа)

10% дигарҳо (аз ҷумла православӣ, католикӣ, протестантӣ, шоҳидони Яҳво, буддоӣ, яҳудӣ ва баҳоӣ)

* Департаменти давлатии ИМА

Тоҷикистон – кишвари фақире мебошад, ки аз соли 1992 аз ҷониби президент Раҳмон идора карда мешавад, ки ҳамаи қудратро дар дасти хешовандони худ ҷамъ овардааст; январи соли 2017, президент Раҳмон писари худро мири шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон таъйин кард. Дар солҳои 90 Тоҷикистон бо ҷанги ҳаҳрвандии 5-сола дучор шуд, ки ҷони 100 000 одамро гирифт. Афви баъдиҷангӣ шумораи зиёди мансабдорони тоҷикро фаро гирифт, ки масъули истифодаи шиканҷа мебошанд. Ҳукумати кишвар гирифтори фасоди суст ва шадид аст, 40% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ, асосан дар Русия, таъмин карда мешавад.

Қабули якчанд қонуни дорои табиати хеле маҳдудкунанда дар соли 2009 ба асоси ҳуқуқии озодии дин ва мазҳаб дар Тоҷикистон зарари назаррас расонд. Қонун оиди дини соли 2009 талаботи малоловари бақайдгирӣ ворид кард, фаъолияти динии ба қайд гирифтанашуда, таълими динӣ ва прозелитизми хусусиро ғайриқонунӣ эътироф кард, ба теъдод ва андозаҳои масҷидҳоро қатъиян маҳдуд кард ва ба ҳукумат иҷозат дод, ки ба таъйин кардани имомҳо ва таркиби насиҳатҳои динӣ дахолат кунад. Акнун созмонҳои динӣ бояд барои таълими динӣ ва робитаи динӣ дар хориҷа иҷозат гиранд; аз болои таркиб, интишор ва воридоти маводҳои динӣ назорати давлатӣ гузошта шуд. Бақайдгирии малоловар ба иттиҳодҳои динии протестантӣ ва иттиҳодҳои дигари динӣ имконияти фаъолияти худро қонунӣ кардан намедиҳад. Фаъолияти шоҳидони Яҳво бинобар барангезии фарзии “норозигӣ” ва қасдан сар кашидан аз хизмати ҳарби бинобар мулоҳизаҳои динӣ аз соли 2007 мамнуъ шудааст.

Тағйироти солҳои 2011-2012 ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ меъёрҳои нави пешгирӣ муқаррар кард, аз ҷумла ҷаримаҳои калон ва ҷазо дар шакли ҳабс барои иттиҳомҳои марбут ба дин, аз қабили ташкил ва иштирок дар ҷамъомадҳои динии “беиҷозат”. Ба ташкилкунандагони фарзии “маҳфилҳои динӣ-ифротӣ” аз 8 то 12 соли ҳабс таҳдид мекунад. Қонун оиди масъулияти волидайнии соли 2011 қабулшуда иштироки шаҳрвандони ноболиғро дар ҳар гуна фаъолияти динии муташаккил, ғайр аз маросими дафн, манъ кардааст. Қонуни Тоҷикистон оиди ифротгароӣ барои ҳар гуна фаъолияти дорои табиати ифротӣ, террористӣ ё инқилобӣ, ҳатто агар чунин фаъолият зӯроварӣ ё таҳрики боиси зӯроварӣ дар бар нагирад, ҷазо пешбинӣ кардааст. Дар тафтишотҳои судӣ доир ба чунин иттиҳомҳо кафолатҳои мурофиавӣ вуҷуд надоранд ва қоидаҳои мурофиавӣ риоя карда намешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон нигаронии аҳолиро оиди ифротгароии исломӣ барои асоснок кардани муҷозот нисбати шахсоне истифода мебарад, ки дар фаъолияти динӣ ё сиёсии муайян иштирок мекунанд. Қатъи назар аз он, ки таъйин кардани статуси қонунӣ ба ҲНИТ (ягон ҳизби сиёсии исломӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) яке аз шартҳои созиши сулҳи баъди поёни ҷанги шаҳрвандӣ басташуда буд, сентябри соли 2015 ҳукумати тоҷик ҲНИТ-ро ҳамчун созмони ифротӣ мамнуъ кард. Мамнуъ шудани ҲНИТ бо маҳдудкунии ислом алоқаи зич дорад. Ин созмон ба эҳтироми сарқонуни дунявии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалӣ доир ба риояи озодии дин даъват мекард, ва инчунин зидди маҳдуд кардани доштани риш, пӯшидани ҳиҷоб ва ташрифи кӯдакон ба масҷидҳо баромад мекард.

Вазъияти озодии дин дар соли 2017.

Мурофиаҳои судӣ нисбати мусулмонон ва ҳабси мусулмонон. Дар соли 2017 теғаи таъқиби судии ҳукумати тоҷик асосан ба пайравони воқеӣ ва фарзии исломи салафӣ равона шуда буд. Равиши салафия дар Тоҷикистон аз соли 2009 ҳамчун “ҳаракати ифротӣ” мамнуъ аст, бинобар ин ҳатто иҷрои расму русуми исломӣ мувофиқи расму оини салафиён ба фаъолияти ҷиноятӣ баробар карда мешавад. Таблиғ, иҷрои зӯроварӣ ё тайёрӣ ба иҷрои он барои ба ҳабси бисёрсола дучор шудани салафӣ лозим нестанд. Тибқи хабарҳо, соли 2017 ҳадди ақал 20 нафар бинобар ба салафия тааллуқ доштан ба ҳабси панҷ то панҷунимсола равона шуда буданд. Масалан, декабри 2017 се нафар аз шаҳри Хуҷанд (Муҳиддин Мирзоев ва Ҳасан Ҷабборов) барои ба мисли салафиён намоз хондан ҳукми ҳабси панҷсола гирифтанд, се нафари дигар барои мақомотро оиди “ба таври ғайриоддӣ намоз хондани” айбдоршавандагон огоҳ накардан ба ҳабси шашмоҳа маҳкум шуда буданд.

Бинобар камбудиҳои системаи судии Тоҷикистон, арзёбии асоснокии чунин ҷурмҳо воқеан ғайриимкон аст. Дар миёни шахсони бинобар ба салафия тааллуқ доштан дар соли 2017 боздоштшуда доктор Абдумалик Саломов, ҷарроҳи дил, буд, ки даҳ сол дар беморхонаи Вазорати дифои Русия кор карда, соли 2017 бо мақсади таъмин кардани норасоии шадиди мутахассисони тиббӣ ба Тоҷикистон баргашт. Бо вуҷуди он, ки доктор Саломов дорои хусусиятҳои зоҳирии ҳаракати салафияро надошт (риш надошт, ва ҳамсараш, ки инчунин табиб аст, ба гуфтаи агентии мустақили матбуотии “Азия-Плюс”, сарашро бо рӯймол намепӯшонид), ӯ ва ду рафиқи ӯ ҳукми панҷ соли зиндон гирифтанд. Тибқи хабари Радиои Озодӣ, доктор Саломов дар зиёфатҳои ҷамъиятии аз ҷониби салафиёни маҳаллӣ ташкилшуда иштирок мекард. Тибқи хабари созмони “Форум 18”, боздошти ӯ интиқом барои он буд, ки бародаронаш ба мақомоти амниятии маҳаллӣ ришва надоданд.

Маънидоркунии хеле озоди истилоҳи “салафӣ” аз ҷониби мақомоти тоҷик инчунин ноябри 2017 назаррас буд, вақте ки як камера як мақомдореро сабт кард, ки намозгузорони як масҷиди “ғайрирасмиро” дашном мекард ва бо салафӣ эълон шуданашон таҳдид мекард. Ӯ дертар ба таври оммавӣ узр пурсид, вале ин масҷид дар оқибат ба ҳар ҳол пӯшида шуд.

Таъқиби ҲНИТ. Аз лаҳзае, ки ҲНИТ дар соли 2015 мамнуъ шуда буд, тахминан 150 узви воқеӣ ё фарзии он боздошт шуданд, ва ҳадди ақал ҳазор нафари дигар аз кишвар фирор карданд. Ҳукумати тоҷик талош дорад, ки онҳо истирдод карда шаванд, хусусан бо истифодаи “огоҳиҳои сурхи” ИНТЕРПОЛ (огоҳиномаҳо оиди судури амри боздошти ин ё он нафар дар кишвари узви ИНТЕРПОЛ). Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кишвари номаълуми Аврупои ғарбӣ паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтааст, арз мекунад, ки иттиҳомҳо оиди ифротӣ будани ҳизбаш бофтаанд ва пасзаминаи сиёсӣ доранд. Июни 2016 муовинҳои Кабирӣ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ҳукми ҳубси абадӣ гирифтанд, ва 11 узви дигари ин ҳизб ҳукми 28 соли зиндон гирифтанд.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон нигаронии худро дар робита бо мавҷуд набудани тартиби ҳуқуқии мувофиқ ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин мурофиаҳои судӣ ба таври оммавӣ изҳор кард. Октябри 2016 Сафорати ИМА бими шабеҳи худро оиди мурофиаи судии ҳомиёни ҳуқуқии ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов изҳор кард, ки мувофиқан ба 23 ва 21 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Дар соли 2017 Ёроворо барои пинҳон надоштани бовариҳояш дубора суд карданд. Марти 2017 ба муҳлати ҳабси ӯ барои ноҳурматӣ нисбати суд ва “таҳқири президенти кишвар” боз панҷ соли дигар илова карданд. Худи ҳамон моҳ, ҳомии ҳуқуқии Ёров ба Олмон фирор кард, ва аз паси ӯ (майи 2017) бародари Ёров низ ба Олмон фирор кард. Августи 2017 ҳамсари Ёров хабар дод, ки мақомот қарор гирифтааст, ки мағозаи ӯро мусодира кунад. Октябри 2017 Радио Озодӣ хабар дод, ки Ёров ба муҳлати 15 рӯз ба изолятори муҷозотӣ гузошта шуд ва бинобар танқиди шароити ҳабс дучори шиканҷа мешавад.

Июли 2017 Радиои Озодӣ ва агентии ахборотии Азия-Плюс хабар доданд, ки баъди баргузор шудани конфронси ҲНИТ дар Олмон, мақомоти тоҷик хешовандони ҳадди ақал даҳ аъзои аз Тоҷикистон бадарғашудаи ҲНИТ-ро бозпурсӣ карданд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон баъдан инкор кард, ки ин бозпурсиҳоро пӯписа арзёбӣ кардан мумкин аст.​

Маҳдудиятҳо нисбати мусулмонон. Ҳукумати Тоҷикистон иҷрои урфу маросимҳои исломиро зери назорати бодиққат гирифта, ҷаҳд мекунад, ки ҳатто тафсилоти ночизро, ба мисли кӣ метавонад бовариҳои динии худро баён кунад, дар кадом синну сол, кай, дар куҷо ва дар чӣ шакл, ба танзим дарорад. Қонун оиди дин ба мусулмонон танҳо дар чор ҷой иҷозати намоз хондан медиҳад: дар масҷид, дар хона, дар қабристон ва ҷои муқаддас. Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои дин (ККД) интихоб ва ба кор қабул кардани имомҳо ва таркиби насиҳатҳои динии онҳоро назорат мекунад. Ҳукумат ба имомҳои масҷидҳои ҷомеъ – ягона масҷидҳое, ки дар онҳо хондани амри маъруфи аз ҷониби Шӯрои нимрасмии уламо таҳияшуда иҷозат дода мешавад, маош медиҳад.

Дар соли 2017 ҳукумат бар зидди намудҳои муайяни либос, намудҳои зоҳирии муайян ва ҷашнҳои ҷамъиятӣ маъракаҳо гузронида буд. Чунин ба назар мерасад, ки маъракаҳои мазкур оғози худро дар натиҷаи чорабинии июли соли 2017 бахшида ба даҳсолагии қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ёфтанд. Дар ин чорабинӣ баромад карда, президент Раҳмон табиати “бегона” доштани либоси хоксори исломиро таъкид кард, қонуни танзимро дар он ситоиш кард, ки шаҳрвандони тоҷикро аз хароҷоти нолозим барои ҷашнҳо раҳо кард, ва тақозо кард, ки ба ин қонун тағйиротҳои нав ворид карда шаванд. Дар моҳи оянда ҳукумат якчанд тағйиротеро ба қонуни танзим қабул кард, ки доираи кушоди маросимҳои марбут ба тӯйи арӯсӣ, дафн ва таваллуд, ва инчунин пӯшидани либоси исломиро ба танзим медароранд. Бисёри манъҳо ба зиёфатҳо ё таомхӯрии ҷамъияти тааллуқ доранд, ки мардум ба онҳо дӯстон, хешовандон ва ҳамсояҳои худро даъват мекунанд. Инҷо сухан дар бораи чорабиниҳои ба мисли тӯйи арӯсӣ ё гаҳворабандон меравад. Давлат ҷашн гирифтани чунин рӯйдодҳоро манъ кард ё шумораи меҳмонҳо, хӯрок, қурбонии ҳайвонот ва дарозии дастархон, ва инчунин истифодаи хизматрасониҳои нолакунандаҳо ва соқиҳои касбиро маҳдуд кард.

Дар идомаи ташаббусҳои саркӯбкунии диндории аҳолӣ, июни 2017 рӯзи иди Фитр (ки ба рӯзи душанбе рост омада буд), қатъи назар аз он, ки ин рӯз аз рӯи қонун рӯзи идона мебошад, аз ҳамаи коргарони давлатӣ талаб карда шуд, ки ба ҷои кор оянд. Шӯрои уламо, ки аз ҷониби давлат идора карда мешавад, ҳатто идгардакро (анъанаи маҳаллии тақсим кардани шириниҳо ба кӯдакон дар рӯзи ид) ғайриисломӣ эълон кард. Августи 2017 мақомот ба рӯзи дигар гузаронидани Рӯзи дониши ҳарсоларо (оғози соли расмии таҳсил) бинобар ба якум рӯзи Иди Қурбон (яке аз муҳимтарин идҳои тақвими исломӣ) рост омаданаш розӣ нашуд. Бар ивази ин, хонандагон ва муаллимонро вазифадор карданд, ки ба мактаб бираванд. Табқи хабарҳои созмони “Форум 18”, кӯчаҳои пойтахти одатан пур аз мардуми ҷашнгир холӣ шуданд, сокинон метарсиданд, ки Иди Қурбонро ҷашн гирифтанашонро касе мебинад. Ба таври шабеҳ, ҳоҷиёни аз Макка (ба онҷо акнун танҳо баъди 40-солагӣ рафтан мумкин аст) баргаштаро огоҳ карданд, ки ҷашн гирифтани бозгашт дар ҷомеаи худ барои онҳо манъ аст.

Қисмати 4-уми моддаи нави 14-уми қонуни танзим инчунин барои маъракаҳои мунтазами қаблан баҳри саркӯбкунии занони ҳиҷобпӯш гузаронда мешуда заминаи ҳуқуқии муайян пешбинӣ мекунад ва аз ҳамаи шаҳрвандон талаб мекунад, ки “либоси миллӣ” бипӯшанд. Мақомоти Душанбе гузориш дод, ки танҳо давоми ду ҳафтаи аввали моҳи август бо зиёда аз 8000 зан оиди ҳиҷоб суҳбатҳои “профилактикӣ” гузаронданд. Дар давоми тамоми сол матбуот хабар медод, ки дар тамоми кишвар кормандони пулис ва коргарони шаҳрдорӣ ба занон наздик шуда, талаб мекарданд, ки рӯймоли худро тарзе банданд, ки гарданашон кушода шавад. Аз онҳое, ки рад мекунанд, талаб карда мешавад, ки дар идораи маҳаллии милиса баёнот нависанд, ва баъзеҳоро ҳатто ҷарима мебанданд. Вале, азбаски модда оиди либоси миллӣ барои риоя накардани ин қонун ҷазои муайян пешбинӣ намекунад, Додситонии кулл маҷбур шуд, ки ғайриқонунӣ будани ҷаримабандиро ба таври оммавӣ эътироф кунад. Ба таври шабеҳ, баъди амалӣ гардонидани маъракаи ришгирии маҷбурӣ дар соли 2016, пулис назорати риши мардонро идома медиҳад. Октябри 2017 Радиои Озодӣ хабар дод, ки се иштирокчии гуруҳи ҳунармандон аз шаҳри Конибодом, баъди чандин бор аз ҷониби намояндагони пулис боздошт шудан, барои дароз кардани риши худ барои иҷрои нақшҳои худ иҷозат гирифтанд.

Барои ташкил кардани таълими динӣ иҷозати давлатӣ лозим аст, ва барои он, ки хонанда ба сабақгирӣ равад, ҳардуи волидон бояд иҷозати хаттӣ диҳанд. Гуруҳҳои уламо метавонанд танҳо дар масҷидҳои марказӣ таъсис дода шаванд, ва Вазорати маориф ҳоло ягон иҷозатномаи лозимиро судур накардааст. Тибқи хабар аз созмони “Форум 18”, баъди пӯшида шудани бархе аз мадрасаҳо дар соли 2016 фаъолияти мадраса барои таълими ноболиғони 16 то 18-сола дар Тоҷикистон манъ аст. Январи 2017 агентии матбуотии “Азия-Плюс” хабар дод, ки теъдоди довталабони ягона донишкадаи таҳсили олии исломии дар кишвар боқӣ монда, қариб 2 маротиба камтар шудааст. Ректори донишкада аз ҷавоб ба савол оиди сабабҳои чунин коҳиши теъдоди довталабон дасткашӣ кард, вале сабаби дорои эҳтимолӣ зиёдтарин ин фишор аз ҷониби давлат аст.

Саркӯбии насрониён. Дар Тоҷикистон, чун дар бисёри кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳукумат нисбати ақаллиятҳои насронӣ, хусусан агар онҳо барои паҳн кардани дини худ ҷаҳд кунанд, бо шубҳа менигарад. Ҳатто агар таъқиби онҳо бо рейдҳо, ҷаримаҳо ё боздошти муваққатӣ маҳдуд бошад, насрониҳо метавонанд гирифтори ҳабс шаванд. Июли 2017 Баҳром Холматов, кореягии этникӣ ва пастори калисои “Сонмин Сонбогим”-и шаҳри Хуҷанд бинобар раҳбарӣ кардани ибодат бо иттиҳоми ифротгароӣ ҳукми се соли зиндон гирифт. Холматов апрели 2017 дар натиҷаи рейди милиса дар калисои мазкур боздошт шуда буд. Тибқи иттилооти созмони “Форум 18”, рейди моҳи апрел баъди он баргузор шуд, ки мақомот моҳи апрел калисои радифиро дар шаҳри Конибодом баста, якчанд намозгузорони онро аз кор хориҷ карда буданд. Мақомоти интизом арз карданд, ки дар маҷмуи нағамоти калисои Холматов далелҳои ифротгароӣ, ва инчунин дар нусхаи китоби машҳури насронии 40-сола “Дуредгари одӣ не”, ки аз ҷониби муаллифи амрикоӣ Ҷош МакДауэлл навишта шуда буд, далелҳои ифротгароӣ зоҳир карданд.

Таълими фарзандони насрониён ҳукумати тоҷикро ба мисли таълими фарзандони мусулмонон ба ваҳм меандозад. Октябри 2017 мақомот дар калисои протестантии “Дарёи ҳаёт” дар Душанбе рейд гузаронданд. Онҳо инчунин фаъолияти онро назорат мекунанд, ибодатҳо ва чорабиниҳои кӯдаконаро ба навор мегиранд. Яке аз намозгузорон дертар барои доштани матнии динии русии аз интернет чопшуда ҷарима баста шуд. Апрели 2017 намояндагони созмони “Форум 18” хабар доданд, ки ду боғчаи бачагона дар Душанбе бо сабаби оне, ки дар онҳо насрониён кор мекарданд, баста шуданд.

Ҳабси саркаши динӣ. Дар Тоҷикистон барои мардоне, ки бинобар талаботи дини худ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, истисно пешбинӣ нашудааст. Октябри 2017 Даниил Исмаилов, шоҳиди Яҳво, ки дар Тоҷикистон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда буд, барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҳабс карда шуд. Ҳамон моҳ, гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои ғайриқонунӣ озодии Исмаиловро талаб кард.

Сиёсати ИМА

Тоҷикистон барои Иёлоти Муттаҳида аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, аз ҷумла бинобар он, ки тоҷикон дуюм гуруҳи бузургтарини этникии ҳамсояи ҷанубии ин кишвар, Афғонистон, мебошанд. Аз соли 2010 Иёлоти Муттаҳида ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар робита бо таҳвили рӯизаминии бор тариқи Шабакаи таъминотии шимолӣ баробари баровардани қӯшунҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон вусъат медиҳанд. Тоҷикистон ба Гуруҳи амалиётҳои махсуси ИМА иҷозат дод, ки ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ ба кишвар ворид шавад.

Сентябри 2017 котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар Ню-Йорк дар сатҳи вазирон мулоқот дар шакли C5+1 гузаронда буд, ки дар он вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида мушкилиҳои мухталифи муносибатҳои бисёртарафа, аз ҷумла риояи озодиҳои асосиро муҳокима карданд. Дар аввали моҳи майи 2017 муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ Дэниел Розенблюм ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар вохӯрд. Аз соли 2010 ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар чорчӯбаи машваратҳои дутарафаи ҳарсола (ABC) сиёсати дутарафа ва кумаки иқтисодиро муҳокима мекунанд. Вале дар соли 2017 машварати ABC гузаронида нашуд.

Декабри 2017 Департаменти давлатӣ Тоҷикистонро такроран “кишвари боиси нигаронии махсус” (CPC) эътироф кард. Вале бинобар “зарурати ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон доир ба баъзе масъалаҳои асосии амнияти миллии ИМА, аз ҷумла саъю кӯшишҳои дастаҷамъонаи мо баҳри мубориза бо ифротгароии зӯроварона ва терроризми трансмиллӣ”, “ба хотири манфиятҳои муҳими миллии ИМА“ оиди дасткашии муваққатӣ аз чорабиниҳо тибқи статуси CPC қарор бароварда шуда буд.