Тоҷикистон дар сензураи интернет аз "усули Чин" кор мебарад

Ноябр 15, 2018

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (RSF) аз он нигарон аст, ки мақомоти тоҷик дар посух ба эътирозҳо роҳи сензура ва манъи оммавии интернетро пеш гирифтааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дастрасии маълумот ҷиддан маҳдуд месозад.

Эътинои худкор ва табии мақомоти тоҷик дар ҳолати бо мушкилиҳо дучор шудан ин мамнуъ кардани ҷараёни маълумот дар интернет аст. Воситаҳои мустақили ахбор, шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои паёмнависии фаврӣ ва воситаҳои раҳошавӣ аз сензура дар Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани фишор дар рӯзи 6-уми ноябр умдатан дастнорасанд.

Ҳадафҳои мамнуъсозӣ сайти ахборотии Азия-Плюс, Facebook ва YouTube, шабакаҳои иҷтимоии русӣ VKontakte ва Odnoklassniki, ва инчунин барномаҳои паёмнависии WhatsApp ва Telegram ва ғайраҳоро дар бар мегиранд. Корбарони зиёди интернет, ки барои аз мамнуъсозии дастрасӣ раҳо шудан маъмулан VPN истифода мебаранд, мегӯянд, ки VPN-ҳои номдор инчунин мамнуъ шудаанд.

Сензураи интернетӣ дар Тоҷикистон солҳои охиряк чизи одатӣ шуда буд вале ҳамеша аз сатҳи ҷорӣ сусттар буд. Вебсайтҳои ахборотии пешқадам, ба мисли Ferghana ва Akhbor, бебозгашт ва доимо мамнуъ мебошанд, ва дигарҳо бошад гоҳ-гоҳ мамнуъ карда мешаванд.

“Муқаррарӣ ё одатӣ шудани мамнуъкунии оммавии интернет як кори номақбул аст”, гуфт Йоҳан Бир, сардори дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии RSF. “Мақомоти тоҷик бояд дар кунанд, ки ба ҳар гуна мушкилиҳо бо сензур посух додан ба он мерасонад, ки овозаҳо ба миён меоянд. Ҷамъияти байналмилалӣ набояд ба паҳн шудани модели чиноии полоиши интернет роҳ диҳад.”

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷиктистон (НАНСМИТ), шарики RSF, барои ин ҳолатро шарҳ додан истилоҳи “феодализми маъмурӣ”-ро истифода бурдааст. “Мо такрор ба такрор таъкид мекардем, ки мамнуъ кардани воситаҳои интернетии ахбор ва манбаҳои ахбори алтернативӣ ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандонро поймол мекунад”, гуфт ӯ.

Чун ҳаргиз, мақомот мамнуъкуниро рад мекард ва “мушкилиҳои техникӣ”-ро сабаб меовард. Бо вуҷуди ин, дастрасии кишвар ба интернет аз аввали соли 2018 инҳисори давлатиӣ шудааст, ва ин маъное дорад, ки мақомот акнун метавонад бидуни иҷозат аз провайдерҳои алоҳидаи интернет саҳифаҳои дилхоҳи интернетро худсарона мамнуъ кунад.

Ин қобилият дар тобистон истифода бурда шуд, вақте ки мақомот мехост фарогирии қазияи кушотори чор ҷаҳонгарди хориҷиро маҳдуд кунад.

Мавҷи имрӯзаи мамнуъкунӣ ин посухе аст ба фишор дар баъзе қисмҳои кишвар ва нашр шудани як мақолае аз ҷониби Азия-Плюс мебошад, ки дар бораи имтиёзҳои иқтисодӣ барои соҳибкорони наздик ба ҳукумат буд.

Ҷамъомади намоишчиён дар ҷануби Хоруғ рӯзи 6-уми ноябр бо мақсади эътироз аз ҳузури афзоишёфтаи мақомоти амният дар минтақа ва рафтори он. Марг ва ҷароҳати даҳҳо дар исёни маҳбасӣ дар рӯзи навбатӣ дар шаҳри шимолии Хуҷанд.

Тоҷикистон дар рейтинги озодии матбуот бо номи 2018 World Press Freedom Index аз миёни 180 кишвар ҷои 149-умро гирифт.