Тоҷикистон: Эътирозҳо – сабаби маҳдудияти дастрасӣ ба интернет

Таҷаммӯи сокинон дар Хоруғ

Созмони Ҳамкории байналмилалӣ баҳри ҳуқуқҳои инсон (IPHR) ин гузоришро дар доираи ҳамкорӣ бо иттиҳоди CIVICUS Monitor таҳия кардааст. Гузориш таҳаввулоти марбут ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро дар давраи сентябр то ноябри соли 2018 фаро мегирад.

Рӯзи 10-уми сентябри соли 2018, Мишел Бачелет, комиссари олии нав таъйиншудаи СММ доир ба ҳуқуқҳои инсон, дар нутқи муқаддимавиаш дар ҷаласаи 39-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон вазъияти ҳуқуқҳои инсонро дар Тоҷикистон таъкид кард. Бачелет афзуд, ки онҳое, ки “фикру андешаҳои мухолифи худро ба таври қонунӣ ва осоишта баён мекунанд”, гирифтори таҳдидҳо, зӯроварӣ, боздоштҳо ва ҳабси ғайриқонунӣ мешаванд, ва баъзан дар онҷо бо бераҳмӣ дучор мешаванд. Ӯ инчунин гуфт:

“Эҳтимол аст, ки сиёсатҳои мутабиди барои мубориза бо ё пешгирӣ кардани ифротгароии зӯроварона пешбинишуда вазъиятро баръакс шадидтар мекунанд; аз мақомот даъват мекунем, ки ҳангоми таҳия ва татбиқ кардани чунин сиёсатҳо таваҷҷуҳи худро ба пеш бурдани ҳуқуқҳои инсон нигаронанд.”​

Тоҷикистон: Шабакаҳои иҷтимоӣ баъди эътирозҳо дастнорас шуданд

Маҳдудиятҳои иртиботи интернетӣ

Байни моҳҳои август ва сентябри соли 2018 якчанд шабакаи иҷтимоӣ ва платформаҳои интернетӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram ва Youtube, баста шуда буданд. Маҳдудияти дастрасӣ баъди он ҷорӣ шуд, ки Маҳмадалӣ Расулов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Facebook навореро нашр кард, ки дар он арз мешавад, феврали соли 2018 раиси КДАМ Саймумин Ятимов дар сӯиқасди куштори сиёсатмадори бадарға Муҳиддин Кабирӣ даст доштааст.

Дар натиҷаи эътирозҳо дар қисмҳои мухталифи Тоҷикистон дастрасӣ ба интернет маҳдуд карда шуд. Дар натиҷаи рӯйдодҳои охирин дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шарқи Тоҷикистон ва дар Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти шимолии Суғд (дар қисмати “Ҷамъомади осоишта” шарҳ дода мешавад) шаҳрвандон инчунин аз дастрасӣ ба маводи онлайн маҳрум шуданд.

Аз эътирозҳои 6-уми ноябри 2018 дар Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ, дере нагузашта, пайваст ба интернет дар тамоми минтақа қатъ карда шуд. Инчунин хабар дода шуд, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳо, аз ҷумла Азия-Плюс, Озодӣ ва ғайраҳо, дар тамоми кишвар мамнуъ шуд. Тибқи хабарҳо, дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ рӯзи 24-уми ноябри соли 2018 барқарор шуд. Бо вуҷуди ин, мақомот изҳор карданд, ки дастрасӣ ба интернет бинобар сабабҳои техникӣ қатъ шуда буд.

Нигарониҳо оиди вазъияти бадшаванда дар шаҳри Хоруғ

Дар рафти сафари расмии худ ба ВМКБ, президент Эмомалӣ Раҳмон норозигии худро аз сатҳи ҷиноят дар минтақа изҳор кард ва ба Вазорати корҳои дохилӣ ва КДАМ супориш дод, ки вазъияти ҷиноиро дар маркази маъмурии вилоят, Хоруғ, ба тартиб дароранд.

15-уми сентябри соли 2018, дар як мулоқот, президент ба мақомдорон барои ҷорӣ кардани тартиб дар минтақа ва безарар кардани “панҷ ё шаш ҷинояткор”, ки ба гуфтаи ӯ решаи ҳамаи мушкилиҳои вилоятанд, як моҳ муҳлат дод. Ӯ инчунин сафарбар кардани қувваҳои мусаллаҳро барои мубориза бо ин гуруҳҳои ҷиноӣ тасвиб кард. Баъди сафараш, президент Раҳмон якчанд корманди баландмартабаи мақомоти интизомии минтақа, ва аз ҷумла кормандони маъмуриятҳои вилоят ва шаҳрро аз вазифаҳояшон озод кард.

16-уми октябри соли 2018, як нишасте бо иштироки намояндагони маъмурияти вилоят, мақомоти амният ва тартибот баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои амалиёт тақдим шуда буданд. 20-уми октябри соли 2018, агентии миллии иттиолоотии Ховар хабар дод, ки дар ин давра, мақомоти амният аз гуруҳҳои фарзан ба “панҷ-шаш ҷинояткори” номбарнашуда тааллуқдошта 186 яроқи оташфишон, аз ҷумла 72 адад милтиқи худкор ва ду норинҷакандоз мусодира карданд.

20-уми октябри соли 2018, Комиссияи байниидоравӣ дар Хоруғ (ки аз мақомоти интизомӣ ва органҳои давлатӣ иборат буда, тартиботи ҳуқуқиро дар минтақа назорат мекунад) инчунин аҳолиро огоҳ кард, ки ҳар гуна ҷамъомади ҷавонон дар Хоруғ ҳамчун иштирок дар гуруҳи ҷиноӣ ҳисобида мешавад.

Азбаски дар шаҳр ҳолати фавқулода эълон нашуда буд, чунин изҳорот метавонад нақзи ҳуқуқи озодӣ ва ҷамъомади осоишта бошад. Ҷамъомадҳо дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо ва варзишгоҳҳо инчунин метавонад ғайриқонунӣ эътироф шаванд ва агар моликони тарабхонаҳо ба чунин ҷамъомадҳо роҳ диҳанд, онҳо метавонанд ба иттиҳомҳо дучор шаванд. Иштирок дар “митингҳо” ҳамчун иштирок дар гуруҳи ҷиноӣ дониста мешавад, ки дар натиҷаи ин, шахс тибқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ, ки ҷазои аз 8 то 20 соли зиндон пешбинӣ мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Рафтори пулис дар минтақа эътирозҳои мардумро бармеангезонад. Тибқи гузоришҳо, шаби 4-уми ноябри соли 2018, сардори воҳиди махсуси ОМОН бо истифодаи тапончаи худкор ба сокинон тирандозӣ кард. Ду ҷавон ҷароҳат бардоштанд. Тибқи гузориши расмии Комиссияи байниидоравӣ, генерали ОМОН маҷбур шуд оташ кушояд, зеро ҷавонон ба мошини БДА ҳамла карданд. Комиссия афзуд, ки ҳамла аз ҷониби яке аз сарварони ғайрирасмии “ҷиноӣ”, Хурсанд Мазоров ташкил шуда буд.

Ин фоҷиа миёни сокинони маҳаллӣ доду фиғон барангехт ва онҳо рӯзи 6-уми ноябри соли 2018 барои эътироз ҷамъ шуда, тафтиши фаврии ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани афсари масъули пулисро талаб карданд. Эътирозгарон инчунин талаб карданд, ки ҳамаи роҳбандҳои пулис аз дохили шаҳр нест карда шаванд. Эътироз баъди он ба поён расид, ки раиси нав таъйиншудаи вилоят Ёдгор Файзов тафтиши ҳодисаро ваъда кард. Бо вуҷуди ин, баъди поёни эътироз пайвасти интернет ногаҳон қатъ шуд, ва тамоми вилоят бидуни дастрасӣ ба маълумот монд. Тибқи хабарҳо, пайвасти интернет танҳо рӯзи 24-уми ноябр барқарор шуд. Эътирозгарон ваъда доданд, ки агар талаботи онҳо иҷро нашавад, эътироз идома меёбад.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Тибқи хабарҳо, шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар зиндони низоми шадид дар шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад. То 24-уми ноябр ягон хабар ё шарҳи расмӣ интишор шуда набуд. Бинобар мавҷуд набудани изҳороти расмӣ, оиди сабабҳои ошӯб хабарҳои мутақобил шунида мешуданд. Дар аввал хабар буд, ки ошӯбро тарафдорони "Давлати исломӣ" (ДИИШ) ташкил карданд.

Ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо дар асоси он ба вуҷуд омаданд, ки бисёри маҳбусони онҷо бинобар ҷурмҳои марбут ба ифротгароии динӣ, аз ҷумла узвият дар ДИИШ, зиндонӣ шудаанд. Манбаъҳои дигар хабар доданд, ки ошӯб бинобар эътирозҳои маҳбусон марбут ба шароити шадиди зиндон, аз ҷумла истифодаи мунтазами шиканҷа ва бераҳмӣ, сар задааст. Баъзе расонаҳо бо истинод ба манбаҳои анонимӣ дар мақомоти интизомӣ хабар доданд, ки ошӯб бо сабаби амалҳои як афсари зиндон буд, ки як маҳбусро маҷбур кард, ки бараҳна зери борон истад. Ин ҷазои нанговар барои он маҳбусоне мебошад, ки эҳтимол нияти гурехтанро доранд.

Дар гузоришҳои мухталиф гуфта мешуд, ки ошӯб соати 10:00 оғоз ёфта, каме дертар маҳбусон ду назоратчии ҳабсхонаро ба қатл расонданд ва ҳабсхонаро зери дасти худ оварданд. Номаълум аст, ки оё назоратчиёни ҳабсхона гаравгон гирифта шуда буданд ё тавонистанд ҳабсхонаро пеш аз ворид шудани қувваҳои махсуси пулис тарк кунанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дарҳол баъди расида омадани пулис, тахминан соати 10:30, тирандозӣ оғоз ёфт. Мувофиқи ин хабарҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки мақомоти интизомӣ кӯшиши музокирот накарда, дарҳол қувваи мусаллаҳ истифода бурданд ва дар натиҷа маҳбусонро ба қатл расонданд ё захмдор карданд.

23-юми ноябри соли 2018, ҳангоми боздид бо хабарнигорон дар шаҳри Брюссел, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса изҳороти расмӣ баён кард. Ӯ арз кард, ки дар рафти амалиёт 21 ошӯбгари маҳбус “безарар карда шуданд” (ба қатл расонда шуданд) ва ду маҳбуси дигар ҳангоми кӯшиши ба назоратчиёни ҳабсхона кумак расондан кушта шуданд. Ба гуфтаи ӯ, маҳбусони ошӯбгар ду назоратчии ҳабсхонаро ба қатл расонданд ва панҷ тани дигарро ҳангоми кӯшиши аз ҳабсхона гурехтанашон захмдор карданд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки гуруҳи кории махсуси иборат аз намояндагони Додситонии кулл ошӯбро тафтиш мекунад ва маълумоти минбаъда баъди анҷоми ин татфиш дастрас мегардад. Худи ҳамон рӯз хабар дода шуд, ки сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз вазифааш озод карда шуд.

Тибқи манбаҳои дигар, дар натиҷаи амалиёт ҳадди ақал 47 маҳбус ва ду назоратчии ҳабсхона кушта шуданд ва дастикам 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин маълумотро Темур Варқӣ, хабарнигори мухолифи ҳоло дар Аврупо қарордошта, дастгирӣ кард ва гуфт, ки ба хешовандон 47 ҷасад бидуни ҳақи иҷрои маросими динии дафн супорида шуд.​

Дар Тоҷикистон, Youtube ва Facebook дарҳол баъди ҷамъомади эътирозӣ дар Хоруғ масдуд шуданд