Амрико вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон танқид кард

Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфтааст, “ҳукумати худкомаи ин кишвар аз назари сиёсӣ аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш назорат мешавад”. Гузориш рӯзи 13-уми март нашр шуд ва дар он гуфта шудааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон низоми бисёрҳизбиро кафолат медиҳад, вале ҳукумат таърихан монеи гуногунандешии сиёсӣ буда, дар давоми соли 2018 ин таҷрибаро идома додааст”.

  • Тағйирот ба қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2016 ҳузури ҳизбҳои диниро манъ ва маҳдудияти пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи президентиро ба унвони “Пешвои миллат” бардошт ва қудрати ӯро тақвият дод.
Созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки нисбат ба Омбудсмен эҳсоси нобоварӣ вуҷуд дорад, чунки ин сохтор марбут ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ аст

Дар миёни масоили мавриди нигаронӣ дар бахши ҳуқуқи башар, муаллифони гузориши Департаменти давлатии Амрико ба доғ будани масъалаи шиканҷа ва озори зиндониҳо, вуҷуди маҳбусони сиёсӣ, дахолат ба ҳаёти шахсӣ, бастани сайтҳои хабарӣ, сензура, мизони баланди фасоду хешутаборбозӣ ва хушунат алайҳи ақаллиятҳои ҷинсӣ таъкид кардаанд.

Шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфта шудааст, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа ворид шудааст, хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо нашр мешаванд. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон 37 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст, ки 16 ҳодисаро дар се моҳи аввали сол Эътилофи зидди шиканҷа сабт кардааст.

“Аз миёни ин шикоятҳо 14 ҳолат марбут ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ду ҳолат нисбат ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошад”, - омадааст дар гузориш.

Ба навиштаи муаллифони гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико, се сокини минтақаи Рашт – Саидмурод Абдураҳмонов, Мададшо Ятимов ва Иброҳим Қаҳҳоров – шикоят кардаанд, ки дар ҷараёни боздошт шиканҷа шудаанд. Онҳоро дар робита бо куштори соли 1998 дастгир кардаанд.

Гузоришҳои зидду нақиз аз шиканҷа шудани вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ҳам хабар медиҳанд. Ёров соли 2015 баъди омодагиаш барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва соле баъд ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Нақши камранги Омбудсмен

Вазорати умури хориҷии Амрико аз нақши камранги омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тҷоикистон танқид кардааст. Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, бо он ки омбудсмен аз шароити зиндониҳо хабар мегирад, танҳо 2 дар сади шикоятҳо ҳалли худро пайдо кардаанд.

Умед Бобозода, Омбудсмени нави Тоҷикистон (чап) ва Зариф Ализода, Омбудсмени собиқ

“Созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки нисбат ба Омбудсмен эҳсоси нобоварӣ вуҷуд дорад, чунки ин сохтор марбут ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ аст”, - омадааст дар гузориш.

Дар идома гуфта шудааст, ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон ҳабсҳои беасосро манъ мекунад, “ингуна ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд”.

Муаллифони гузориш мегӯянд, “сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ҷиноятҳои гурӯҳҳои муташаккил муассир нестанд, чунки, тибқи хабарҳо, гурӯҳҳои ҷиноӣ бо мақомоти ҳукуматӣ ва ҳам сохторҳои қудратӣ иртиботи наздик доранд.” Ба ин хотир, ба навиштаи гузориш, “беҷазоии мақомот як мушкили ҷиддӣ мебошад”.

Мурофиаҳои додгоҳӣ ва парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ

Қонунҳои Тоҷикистон ҳузури вакилони мудофеъ дар мурофиаҳоро иҷозат медиҳанд, вале дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта шудааст, ки “дар аксар ҳолат иҷозаи дастрасии адвокат ба гумонбар дар ҷараёни таҳқиқи пеш аз додгоҳӣ, тафтиши ҷиноӣ ва ба вижа дар робита бо парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ рад мешавад”. Бино ба ин гузориш, мақомоти Тоҷикистон ҳамоно баъзе аз вакилони мудофеъ ва шахсиятҳои сиёсии зиндониро аз дастрасӣ ба вакили мудофеъ ва машваратҳои ҳуқуқӣ маҳдуд кардаанд.

“Аксар мурофиаҳо ба таври боз баргузор мешаванд, вале мурофиаҳое, ки дар он нигаронӣ аз манфиатҳои миллӣ вуҷуд дорад, ба таври пинҳонӣ сурат мегиранд”, - омадааст дар гузориш.

Бузургмеҳр Ёров

Муаллифон навиштаанд, “се мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ҲНИТ махфӣ ва аз чашми ҷомеа пинҳонӣ гузашт.” Мудофеони ҳуқуқи башар аз ҷараёни мурофиа ва ҳукмҳои додгоҳии Ёров интиқод кардаанд.

Соли 2018 Додгоҳи вилояти Суғд матбуот ва дигар нозиронро барои ворид шудан ба муҳокимаи додгоҳии журналист Хайрулло Мирсаидов роҳ надод. Парвандаи ин журналисти мунтақиди як мақоми ҳукуматӣ дар Суғд таваҷҷӯҳи байналмилалиро ҷалб кард.

Зиндониҳои сиёсӣ

Сарфи назар аз он ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд, ба гуфтаи мухолифон ва фаъолони сиёсӣ, чандин мунтақиди ҳукумат ба зиндон маҳкум шудаанд. “Шумори қобили эътимоди зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале ҳукумат гузориш дод, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 239 нафаре нигаҳдорӣ мешаванд, ки узви ҳизбу созмонҳои мамнӯъ мебошанд”, - гуфтаанд муаллифони гузориши Департаменти давлатӣ.

Хайрулло Мирсаидов

Моҳи декабри соли 2017 Додситонии Рашт раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократ дар ин минтақа - Фарҳод Худоёровро боздошт кард ва ӯро бо иттиҳоми таҳқири намояндаи давлат ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум намуд. Моҳи август адвокати тоҷик Шӯҳрат Қудратов баъди ҳабси чаҳорсола озод шуд. Ҳукми 9 соли зиндони ӯ, ки соли 2015 содир гардида буд, ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ интиқод шуд.

Озодиҳои интернетӣ

Гузориши Департаменти давлатии Амрико ҳокист, ки шахсият ва гурӯҳҳо тавассути интернет пайваста мавриди назорат ҳастанд. Мақомот чанд вебсайти мунаққиди ҳукумат ва хабаррасонро барои муддати муайян ва чандин бор масдуд кардаанд. Маҳдудият дар дастрасӣ ба вебсайтҳое ба мисли Радиои Озодӣ, “Азия-Плюс”, Facebook, Google ва YouTube идома дошт.

Дар ҳоле ки Хадамоти алоқа даст доштанаш дар бастани вебсайтҳоро пайваста рад мекунад, мақомоти ҳукуматӣ эътироф мекунанд, ки “ба хотири амнияти миллӣ” даст ба ин кор мезананд. Рӯзи 13-уми июни соли 2018 Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки бар асоси он пахши тугмаҳои “лайк” ва “паҳн кунед” дар робита бо матолиби дорои мазмуни террористиву экстремистӣ то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.