Як кушта ва беш аз 20 захмӣ дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳусейн Ҳакимов. Ин аксро сокинони Хоҷаи Аъло ба Радиои Озодӣ фиристоданд

Дар натиҷаи муноқишаи рӯзи 13-уми март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сокини Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба ҳалокат расидааст. Манобеи расмӣ дар Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҳусейн Ҳакимови 43-сола "аз тире, ки аз ҷониби Қирғизистон паронда шуд, ҷон бохт".

"Ҳусейн Ҳакимов аз қафаси синааш тир хӯрд ва бар асари хунравии зиёд дар бемористон ҳалок шуд", - гуфт ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад. Ӯ афзуд, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон се сокини дигари Хоҷаи Аъло захмӣ шуда, дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарианд.

Дар муноқишаи дигари рӯзи 13-уми март дар ҷамоати Ворухи Исфара (ҳаммарз бо деҳаи Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон) беш аз бист нафар аз сангзанӣ маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ гардидаанд. Байни Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворух тақрибан даҳ километр роҳ аст. Сокинони Қирғизистон роҳ ба сӯи Ворухро бастаанд.

Манобеъ мегӯянд, муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода дар Хоҷаи Аъло ҳастанд, вале ба сабаби баста будани роҳ натавонистаанд ба Ворух гузаранд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки вазирони умури хориҷии ду кишвар - Сироҷиддин Мӯҳриддин ва Чингиз Айдарбеков - телефонӣ вазъро баррасӣ ва ба зарурати ҳалли низоъ таъкид кардаанд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар як баёнияи расмӣ гуфт, дар муноқишаи миёни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ва мардуми Оқсойи вилояти Бодканд як шаҳрванди ин кишвар захмӣ шудааст.

Сокинони Ворух талаб доранд, ки сохтмони роҳ пурра қатъ карда шавад, аммо мардуми ҳамсоя намехоҳад

Моҷаро аз куҷо оғоз шуд?

Муноқиша аввал миёни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсой-Тамдиқи вилояти Бодканди Қирғизистон рух дода, баъди баста шудани роҳ ба Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ "кӯчидааст".

Сокинони деҳаи Тоҷикон дар ҷамоати Ворухи Исфара алайҳи идомаи сохтмони роҳи Қирғизистон дар нуқтаи, ба гуфтаи онҳо, баҳсии марзи ду кишвар эътироз доранд.

Онҳо талаб карданд, ки то замони муайян шудани хатти сарҳад бунёди роҳ аз тарафи Қирғизистон боздошта шавад. Ҳамон гуна ки, ба гуфтаи онҳо, ҷониби Қирғизистон дар тирамоҳи соли гузашта иҷоза надода буд, сокинони деҳаи Тоҷикон хатти лӯлаи об гузаронанд.

Дар чанд видео, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, таҷаммӯи сокинон дида мешавад

Баҳс ба сари чист?

Қирғизистон ҳафтаи гузашта ба сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ идома дод, ки аз ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара мегузарад.

Норозигии даҳҳо сокини деҳаи Тоҷикони Исфара аз идомаи сохтмони роҳ рӯзи чаҳоршанбе боис ба таҷаммӯи даҳҳо бошандаи рустои Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон шуда, ба қавли шоҳидон, аз баҳси лафзӣ ба муноқиша печид. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи вазъ дар марз расман чизе нагуфтанд, аммо Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон шоми 13-уми март вазъро “пуртаниш” арзёбӣ кард.

Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон шоми чаҳоршанбе гуфт, “дар ҳоли ҳозир дар маҳаллаи Торт-Кочо тақрибан дусад сокини минтақаҳои наздимарзии ду кишвар истодаанд. Тарафҳои низоъ пароканда намешаванд. Марзбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Бодканд талош доранд, ки вазъро ба эътидол биоранд.”

Ин аксро сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ба Радиои Озодӣ фиристоданд

"Анклав"

Қаблан Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфта буд, ки сокинони минтақаҳои наздимарзии он кишвар роҳ ба сӯи Оқсой ва сокинони Тоҷикистон роҳ ба сӯи Торт-Кочоро бастаанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз вилояти Бодканд мегӯяд, “ҷониби Қирғизистон ягона трактореро, ки машғули сохтмони роҳ буд, то ду километр ба дохили марзи Қирғизистон бурдааст.”

Ҳамсуҳбатони мо дар ҷамоати Ворухи Исфара мегӯянд, моҷарои миёни сокинони деҳаи Тоҷикон ва Оқсой рӯзи чаҳоршанбе се соат идома кард ва дар баробари ихтилофҳои лафзӣ, "сангандозӣ ҳам сурат гирифт".

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворух, рӯзи 13-уми март гуфт, “сокинони Ворух талаб доранд, ки сохтмони роҳ пурра қатъ карда шавад, вале мардуми ҳамсоя намехоҳад. Мояи норозигии мардуми мо ин аст, ки сохтмони роҳ дар қитъаи баҳсии сарҳади ду кишвар ҳанӯз ҷараён дорад."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Лӯлаи обе, ки сохта нашуд. Мушкили деҳаи Тоҷикон ҳалношуда мемонад

Як ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои расмии Исфара бидуни зикри номаш гуфт, “ҷониби Қирғизистон талош дорад, ҳарчи зуд роҳро тавассути мавзеи Бедак сохта, ба Кишанбиш бибарад.” Вай афзуд, “дар сурати сохтмони ин роҳ, ду шохоби дарёи Исфара амалан дар ҳудуди Қирғизистон мемонад ва онҳо қасд доранд, бо истифода аз он заминҳои бекорхобидаи худро дар Лайлак обёрӣ кунанд.

“Бо баҳонаи муноқиша техникаҳои худро ҳар дафъа панҷоҳ-сад метр ба дохили қитаъҳои баҳсӣ ворид мекунанд ва ба сохтомни роҳ идома медиҳанд. Вақти таъйини марз онҳо ба далели истифодаи замин такя мекунанд. Пас, он вақт ҳисоб мекунанд, ки роҳ аз онҳо ва заминҳои он тарафи роҳ низ аз онҳост. Ҳамаи талошашон ҳамин аст”, - афзуд ҳамсуҳбати мо ва гуфт, феълан муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара ба маҳалли ҳодиса рафтаанд, то қазияро баррасӣ кунанд.

Баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Панҷ сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар шуд.

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, ки дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш ҳалли масоили сарҳадиро баррасӣ кардааст. Ӯ афзуд, мутмаин аст баъд аз ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати сарҳади байни ин кишварҳо “ҷараёни гуфтугӯҳо тезонида мешавад ва мулоқот бештар натиҷаи амалӣ хоҳанд овард.”

Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.