Духтари Гулнора Каримова: "Муҳокимаи модарам дар ошхона гузашт"

Имон Каримова бо холааш Лола Тиллоева.

Нашрияи бритониёии The Guardian рӯзи 12-уми март суҳбати худро бо Имон Каримова, набераи президенти нахустини Узбекистон ва духтари Гулнора Каримова нашр кард, ки баъзе аз ҷузъиёти зиндагии модарашро ошкор намудааст.

Ба гуфтаи Имон Каримоваи 20-сола, соли 2014, рӯзе, ки вай аз Бритониё барои таътил ба шаҳри Тошканд баргашт, маъмурони воҳиди махсуси пулиси Узбекистон ё худ ОМОН аз тиреза вориди хонаи онҳо шуда, ҳамаи ҳозиронро боздошт ва ҳуҷҷату дастгоҳҳои электронии ӯву модарашро мусодира карданд.

"Пас аз ин ҳодиса вазифаи муҳофизони мо дигар шуд. Онҳо аз муҳофиз ба зиндонбон табдил ёфтанд. Модарам талош кард, бо бобоям суҳбат кунад, вале бенатиҷа буд",-афзудааст ӯ.

Каримоваи хурдӣ гуфтааст, баъди он рӯз дигар натавонист аз Узбекистон берун равад ва ҳамроҳи модараш дар хонае берун аз Тошканд ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Ба гуфтаи ӯ, ёвари модараш Валентина ба иллати он ки ҳаққи берун рафтан аз хона ва аёдати фарзандонашро надошт, худкушӣ кард.

Набераи президенти нахустини Узбекистон дар бораи "мурофиаи додгоҳӣ"-и модараш низ суҳбат кардааст, ки моҳи марти соли 2015 дар ошхонаи манзили онҳо баргузор шуда буд.

Маҷаллаи бритониёӣ ҳамчунин бо писари Гулнора Каримова - Ислом Каримови 26-сола ҳам суҳбат карда, ки феълан дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунад. Каримов сангин будани ҷиноятҳоеро, ки модараш ба анҷоми онҳо айбдор мешавад, эътироф карда, вале хостааст, ки мурофиаҳои додгоҳии ӯ дар хориҷ аз Узбекистон баргузор шаванд.

Ба гуфтаи Каримови хурдӣ, мақомоти нави Узбекистон ҳарос доранд, ки модари ӯ ҷиноятҳои иқтисодии намояндагони элитаи кунуниро дар давраи президентии бобояш ифшо хоҳад кард. "Бисёр чизҳо метавонад ошкор шавад. Ҳамаи онҳо даст доранд", - афзудааст ӯ.