Як бурд ва як бохти мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Дубай

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар бозии дувуми дӯстона аз ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Бозии ҷавобӣ рӯзи 11-уми март дар шаҳри Дубай сурат гирифт. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Тоҳир Маладӯстов ба самар расонд.

Дар бозии аввал дар Дубай се рӯз пеш мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18-ум ба дарвозаи дастаи мунтахаби олимпии Иморот ворид кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай имрӯз, 12-уми март, ба поён мерасад. Мунтахаби Тоҷикистон 13-уми март ба душанбе бармегардад. Марҳилаи охирини омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 аз 16-ум то 20-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад. Аз он ҷо мунтахаби Тоҷикистон 20-уми март ба Тошканд сафар мекунад.

Дастаи мунтахаби олимпии Покистон (U-23) аз ширкат дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё даст кашид. Бинобар ин, Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар тақвими бозиҳои гурӯҳи «F», ки ҳамакнун се даста – Узбекистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - иштирок мекунад, тағйирот ворид намуд.

Сабқати интихобӣ дар ин гурӯҳ 22-юми март бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Ҳиндустон оғоз меёбад. Дар даври дувум 24-уми март дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври охирин 26-уми март футболбозони ҷавони Узбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд доир мегарданд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.

Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.